fbpx

Аҳмади корчалон. Қиссаи донишҷӯи тоҷик, ки дар Чин ошпаз шуд

Донишҷӯи тоҷик дар Чин Аҳмадҷон Самадов дар соли аввали донишҷӯияш, ошпази тарабхонаи ҷопонӣ шуд.


2
2 points
Акс аз бойгонии шахсии Аҳмадҷон Самадов

Аҳмадҷон ба Чин барои хондан рафт ва хост, ки хароҷотҳояшро худаш рӯйпӯш кунад. Аз ин рӯ дар ҷустуҷӯи кор мешаваду, аввал дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Янҷин ба ҳайси ёрдамчии пешхизмат ва баъдан ошпаз, шуда кор мекунад. Ӯ ба мо оиди чӣ тавр ошпази ҷопонӣ шуданаш нақл кард.

Аҳмадҷон соли сеюм аст, ки дар Yancheng Teachers University дар шаҳри Янҷини ҷумҳурии Чин таҳсил мекунад. Дар баробари таҳсил ӯ хост, ки кор кунад, то сарбори волидонаш нашавад. Дар аввал ӯ ба чандин ҷойҳо муроҷиат мекунад, аммо аз сабаби надонистани забон ба кор қабулаш намекунанд.

Акс аз бойгонии шахсии Аҳмадҷон Самадов

“Дар аввали донишҷӯиям ба як ҳамсабақи чиниам забони англисиро меомӯзонидам, бар ивазаш ӯ ба ман ҳар моҳе 100 юан медод. Пас аз нимсолаи аввал, ки алакай тамоми шаҳрро аз худ карда будаму каме забонро ёд гирифтам, хостам, ки худам пас аз дарсҳо дар ягонҷо ба кор дарояму ҳадди ақал хароҷотҳои рӯзонаамро рӯйпӯш кунам. Чун забонро наонқадар хуб медонистам, дар бисёр ҷойҳо ба кор қабулам намекарданд”, – мегӯяд Аҳмадҷон.

Ёрдамчии пешхизмат

Бо ҳамин мақсад дар яке аз сомонаҳои ҷустуҷӯи кор дархост мегузорад. Пас аз чанд рӯз ба ӯ занг мезананду барои мусоҳиба даъват мекунанд. Ниҳоят ӯро ҳамчун ёрдамии пешхизмат ба кор қабул мекунанд.

Акс аз бойгонии шахсии Аҳмадҷон Самадов

“Аз тарабхонаи ҷопонӣ Sakura Japanese занг зада ба мусоҳиба даъватам карданд. Гуфтанд ба мо забондониат муҳим нест, ту ёрдамчии пешхизмат шуда кор мекунӣ. Ҳамин тавр ман ба кор шурӯъ кардам ва ҳар моҳ бо пули тоҷикӣ 2800 сомонӣ музд мегирифтам, ки бароям кофӣ буд”, – нақл мекунад ӯ.

Ба волидонам кӯмак мекардам

Дар ин муддат ӯ ба омӯзиши забон машғул буд, кӯшиш мекард бо ҳамсакбақону ҳамкоронаш чинӣ сӯҳбат кунад. Ӯ ҳар як калимае, ки вақти кор аз ҳамкоронаш мешунид дар дафтарчаи худ қайд мекард. Дар баробари ин нимашабӣ пас аз кор мустақилона наворҳои омӯзишӣ тамошо мекард. Дар як мудати кӯтоҳ Аҳмадҷон аллакай нотарсида бо забони чинӣ сӯҳбат мекард. Ҳамин буд, ки ба ӯ аввал вазифаи пешхизмат, баъдан роҳбари пешхизматҳо ва ниҳоятан ошпазро медиҳанд.

“Ман “бармен” шуда кор мекардам, ки рӯзе ошпазамон барои як моҳ рухсатӣ хост. Роҳбар аз ман пурсид, ки мехоҳам ошпаз шавам, оё боре хӯрок пухтаам. Ман бале гуфтаму пешниҳодашро қабул кардам, ҳарчанд наонқадар аз ӯҳдаи ошпазӣ баромада метавонистам. Лекин ман доим ба худам боварӣ дораму аз ягон кори навро оғоз кардан, наметарсам. Се рӯз шогирд шуда, тарзи пухтани хӯроку хӯришҳоро ёд гирифтам. Дар вақти омӯзиш рафти омода кардани онҳоро сабт мекардам ва шабона дар хона якчанд маротиба тамошо мекардам. Ҳамин тавр ман ошпаз шудам. Акнун 3700 сомони маош мегирифтаму нисфашро ба волидонам мефиристондам”, – хурсандона нақл кард Аҳмадҷон.

Акс аз бойгонии шахсии Аҳмадҷон Самадов

Аҳмадҷон Самадови 20 сола зодаи шаҳри Кӯлоб аст. Ӯ ҳанӯз аз даври мактабхониаш, кор мекарду ёрдамчии падар буд. Корро дар аввал аз мағоза оғоз намудааст. Пас аз дарсҳояш дар мағозаи тағояш ёрдамчӣ шуда кор мекард. Чун ба омӯхтани забони англисӣ шавқ дошт дар Маркази таълимии Ҳамадон ба омӯзиши забон машғул буд.

“Пас аз анҷоми курси омӯзишӣ дар ин марказ маро ҳамчун худкор қабул карданд. Баъдан диданд, ки забони англисиам хуб аст, гуруҳеро барои дарсдиҳӣ доданд. Пас аз муддате ин маркази таълимиро ба маркази сайёҳӣ табдил доданд. Акнун ман мутахассис будам. Мо сайёҳонро қабул мекардему, хоҳишмандонро ба хориҷа мефиристодем”, – мегӯяд қаҳрамони мо.

Акс аз бойгонии шахсии Аҳмадҷон Самадов

Амалигашти орзуҳои кӯдакӣ

Аҳмадҷон хатмкунанда буд, ки ба корхонаашон квота барои таҳсил дар Чин мояд, таҳсил дар хориҷа яке аз орзуҳои кӯдакии ӯ буд. Ба вай пешниход мекунанд ки бо яке аз квотаҳо ба хондан равад.

“Аз кӯдаки орзу доштам, ки барои таҳсил ба хориҷа равам. Вақте ба маркази мо квота омад ва ба ман пешниҳод карданд, зуд қабул намудам. Аслан дар Гуанҷоу таҳсил кардан мехостам, вале барои супоридани ҳуҷҷатҳо каме дер кардам. Аз ин рӯ шаҳри Янҷинро интихоб намудам”, – нақл мекунад ӯ.

Акс аз бойгонии шахсии Аҳмадҷон Самадов

Ба гуфти Аҳмадҷон дар аввал барояш хеле мушкил буд, чун ӯ танҳо забони англисиро медонисту бо чинӣ ҳатто як калима низ ҳарф зада наметавонист.

“Фикр мекунам барои ҳар донишҷӯе, ки бори аввал ба кишвари бегона сафар мекунад, хеле мушкил асту на ҳар кас тоб оварда метавонад. Вақте дар муҳити нав меафтӣ, гумон мекунӣ ба дигар сайёра омадаӣ. Албатта омӯхтани забон ва одат кардан ба муҳити нав хеле бароям гарон афтод. Лекин ман чолокиву якравиамро ба кор бурда, ҳам забонро омӯхтаму ҳам дӯстону шиносҳои зиёд пайдо кардам. Буданд нафароне, ки тоқат накарда аз нимсолаи дуюм тарки донишгоҳ карданд, вале ман ин корро накардам. Чун пеши худ мақсад гузошта будам”, – қисса мекунад, Аҳмадҷон.

Марзҳо кушода шаванд бармегардам

Ҳоло Аҳмадҷон аз сабаби баста будани марзҳо дар Тоҷикистон асту дарсҳояшро ба тариқи онлайн мехонад. Ҳамчунин дар хонаашон ба хоҳишмандон дарси хитоӣ ва англисӣ медиҳад.

“Ҳамин ки пандемия оғоз шуд мо баргаштем. Ҳоло дар хона бекор нанишаста ба якчанд наздикону ҳамсояҳо забон меомӯзонам. Ҳамин ки марзҳо кушода шаванд боз бар мегардам ва кору хонданамро идома медиҳам. Бо роҳбари тарабхонае, ки кор мекардам дар тамосам. Онҳо омодаанд, ки маро дубора ба кор қабул кунанд”, – мегӯяд Аҳмадҷон.

Аҳмадҷон барои он ки омода намудани хӯрокҳои ҷопониро фаромӯш накунад, баъзан барои аҳли хонаводааш, хӯрокҳои ҷопониву чинӣ омода мекунад.

“Ҳамин ки ба ошхона даромадани шавам, модарам зуд аз пасам меоянд ва мегӯянд, “боз чӣ кор карданиӣ?”. Ба модарам хӯрокҳои ҷопонӣ тамоман писанд наомад. Вале додарчаам ҳар рӯз хоҳиш мекунад, ки барояш ман ягон хӯрок омода намоям, аммо на ҳар вақт ин имкон ба мо даст медиҳад, чун модарам иҷозат намедиҳанд”, – нақл мекунад, Аҳмадҷон.

Аминҷон Раҳматзода, хатмкардаи Академияи рӯзноманигорони навкори Your.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
4
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
6
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
2
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend