fbpx

Аз 200 млн сомонӣ қарзи андози Хатлон то омадани дубораи гази Ӯзбекистон ба Суғд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Маросими фаъол кардани лӯлаи интиқоли гази табиӣ дар Суғд. Акс: Asia-Plus

“Муҳри махфӣ”: Суди Ҳисор аз шарҳи афви гунаҳкори таҷовузи духтари ноболиғ худдорӣ кард

Ҳукми Суди шаҳри Ҳисор нисбат ба гумонбаршуда дар таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ, ки ба 5 соли зиндон маҳкум шуда, ҳамон замон дар толори мавриди авф қарор гирифтаву озод шуд, дар шабакаҳои иҷтими сарусадоҳои зиёд ба бор овард. Аксарияти корбарони шабакаҳо онро маҳкум намуда, “беэътиноӣ ба амалҳои бадахлоқона нисбат ба ноболиғон” номиданд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ барои фаҳмидани далели додрас ва огоҳӣ аз ҷузъиёти парванда рӯзи 22-юми декабр ба Додгоҳи шаҳри Ҳисор рафтанд. Дар додгоҳ гуфтанд, парванда “муҳри махфӣ” дорад ва, бино бар ин, наметавонанд ҷузъиётро ошкор кунанд.

Худи додраси парванда ҳозир нашудааст, ки дар бораи ҳукми содиркардааш муфассал суҳбат кунад ва ба пурсишу нигарониҳои корбарони интернет посух диҳад.

Додгоҳи Ҳисор рӯзи 9-уми декабр ин сокини ҷавони шаҳрро, ки ба таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ гумонбар буд, аввал ба панҷ соли зиндон маҳкум ва баъдан бар асоси қонуни афв озод кард.

Худи ноболиғи 13-сола аз афв шудани гумонбари таҷовуз ба номус розӣ нест. Вай рӯзи 22-юми декабр гуфт, “додрас аз ман пурсид, ки ҳодиса чӣ хел шуд? Гуфтам, маҷбурӣ ин корро кард. Маро зад ва беҳуш намуд. Бо ин вуҷуд, аз толори додгоҳ озод карданд. Дар аввал мегуфтанд, метавонад даҳ сол зиндонӣ шавад.”

Пайвандони ҷавони афвшуда дар суҳбати бидуни микрофон бо Радиои Озодӣ ҳукми додгоҳро одилона ва иттиҳоми таҷовуз ба номусро туҳмат номиданд. “Ҳар сухане, ки нисбат ба писари ман гуфтанд, туҳмат буд. Ҳатто синни писарамро даҳ сол калон наивштанд. Дар асл фарзандам 32-сола аст, ӯро 42-сола гуфтанд. Санҷиши ДНК ҳам манфӣ баромад. Духтарро медонам, ки чӣ хел буд. Ҳама корро ба сари писари ман бор карданд”, — гуфт модари ҷавони афвшуда ва аз ин зиёд гап задан нахост.

Вазорати меҳнат дар мардикорбозори Бохтар ярмаркаи ҷойҳои корӣ ташкил кард

Дар ярмаркаи мазкур шуъбаву бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳои Хатлон беш аз 225 ҷойҳои нави кориро пешниҳод намуда, танҳо 43 нафар тавонистанд, ки аз рӯйи ихтисос ва касб бо ҷойи кори доимӣ роҳхат пайдо намоянд, иттилоъ медиҳад Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

“Иқдоми мазкур дар доираи мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо корҷӯёни шаҳри Бохтар роҳандозӣ карда шуда, беш аз 225 ҷойҳои нави кории холӣ барои корҷӯёни шаҳри Бохтар пешниҳод карда шуд”, – менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, дар ярмарка шуъбаву бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Вахш, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ҷойҳои нави кориро пешниҳод карданд.

Дар ярмаркаи мазкур Маркази таълимии калонсолони шаҳри Бохтар аз миёни корҷӯёни хоҳишманд 274 нафарро барои омӯзиши курсҳои кутоҳмуддат ҷалб намуда, бақайдгирии хоҳишмандон дар маркази корҷӯёни шаҳри Бохтар то мавсими оғози курсҳои омӯзишии калонсолон идома меёбад.

Қарзи андоз дар Хатлон наздик ба 200 миллион шуд

Бақияи қарзи андоз дар вилояти Хатлон дар маҷмӯъ 196 миллион сомониро ташкил мекунад. Он, ба маълумоти Раёсати андози вилояти Хатлон, имсол беш аз 27 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Абӯбакр Хушвахтов, сардори шуъбаи ситонидани қарзи андозҳои Раёсати андоз дар вилояти Хатлон мегӯяд, танҳо то 1-уми сентябри соли ҷорӣ бақияи қарзи андоз назар ба соли гузашта андаке беш аз 27 миллион сомонӣ зиёд шудааст. Ӯ мегӯяд, дар 14 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон бақияи қарзи андоз 1,8 миллион сомонӣ кам шуда, дар 11 шаҳру ноҳияи дигар наздики 29 миллион сомонӣ афзудааст.

Шаҳру ноҳияҳое, ки бақияи қарзи андозро зиёд карданд, инҳо мебошанд: Бохтар (5,1 миллион сомонӣ), Кӯшониён (1,4 миллион сомонӣ), Вахш (3,7 миллион сомонӣ), Хуросон (2,5 миллион сомонӣ), Абдураҳмони Ҷомӣ (3,6 миллион сомонӣ), Ҷайҳун (3,1 миллион сомонӣ), Шаҳритӯс (4,4 миллион сомонӣ), Ёвон (96 ҳазор сомонӣ), Муъминобод (659 ҳазор сомонӣ), Восеъ (4,2 миллион сомонӣ), Темурмалик (345 ҳазор сомонӣ) ва Шамсиддин Шоҳин (68 ҳазор сомонӣ).

Дар Тоҷикистон бори нахуст харитаи ёдгориҳои таърихии шаҳру ноҳияҳоро омода мекунанд

Мутахассисони институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бори аввал харитаи мукаммали ёдгориҳои таърихии шаҳру ноҳияҳои мамлакатро омода менамоянд.

Дар харита, ки бори аввал омода мешавад, ҳудуд ва макони ҷойгиршавии ёдгориҳо дақиқ муайян мегардад. Ин имкон медиҳад, ки дар макони ҷойгиршавии ин ёдгориҳо ҳангоми тақсими замин ҳудуди онҳо ба назар гирифта шуда, чун замини кишт ё қитъаи наздиҳавлигӣ истифода нашаванд.

Дар Тоҷикистон зиёда аз 3000 адад ёдгориҳои меросии таърихию фарҳангӣ, 6 адад муассисаҳои давлатии муҷтамаъ ва мамнуъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ, миқдори зиёди осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносӣ, хонамузейҳо, китобхонаҳо, марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, мавзеъҳои нодири табиӣ, инчунин дигар ёдгориҳои алоҳидаи меъморӣ ва таърихию бостоншиносӣ мавҷуд мебошанд.

Гази Ӯзбекистон дубора баъди 10 сол ба Суғд омад

Баъди даҳ соли танаффус, интиқоли гази табии Ӯзбекистон дубора ба вилояти Суғд аз сар гирифта шуд. Имрӯз дар як маросими хос лӯлаи интқиоли гази табиӣ фаъол карда шуд. Гуфта мешавад дар қадами аввал ин газ барои мардум ва корхонаҳои саноатӣ дода мешавад.

Воридкунандаи гази табиии Ӯзбекистон ба вилояти Суғд ширкати “Суғдиёнгаз” (“Сомон Суғдгаз”-и пешин) гуфта мешавад.

Дар аввали моҳи октябри имсол Абдулҳаким Сӯфиев директори “Суғдиёнгаз” ба “Аsia-Plus” гуфта буд, ки эҳтимол дорад як метри мукааб гази табиии Ӯзбекистон то 2 сомонӣ арзиш дошта бошад.

Суфиев пештар гуфта буд, ки дар асоси созишнома ҷониби Ӯзбекистон омода аст, ки 1000 куб гази табииро бо арзиши 130 доллари ИМА ба Тоҷикистон бифурӯшад, ки бамаротиб дастрасу арзон аст. Даҳ сол қабл арзиши 1000 куб гази Ӯзбекистон то ба 340-360 доллари ИМА баробар буд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend