fbpx

Вазири пешини нақлиёт пас аз “қасди худкушӣ” ва нафақа дар ширкати IRS вазифа гирифт

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Худоёр Худоёрзода, вазири пешини нақлиёти Тоҷикистон ва айни ҳол муовини раиси намояндагии ширкати IRS Акс аз сомонаи Спутник Тоҷикистон

Баъд аз “қасди худкушӣ” ва нафақа. Худоёрзода дар ширкати IRS вазифа гирифт

Худоёр Худоёрзода, вазири пешини нақлиёти Тоҷикистон, ки моҳи августи имсол, баъди ба гуфтаи мақомот “қасди худкушӣ”, аз мансаб барканор шуд, муовини раиси намояндагии ширкати IRS (Инновейтив Роуд Солюшнз) таъин шудааст. Сомонаи расмии ширкат навишт, ӯ масъулияти нигоҳдории роҳҳоро ба уҳда дорад.

Ин дар ҳолест, ки Худоёрзода дар замони вазири нақлиёт будан аз кори IRS, мутасаддии нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар роҳи Душанбе-Чаноқ, танқид карда, гуфта буд, “аз бемасъулиятии кормандони ширкат дар роҳи Душанбе-Хуҷанд танбашавӣ ба вуҷуд меояд ва мошинҳо то ду-се соат дар навбат меистанд”. Вале пас аз се моҳи он дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон аз кори ширкат ситоиш кард ва афзуд, “агар ин роҳ пулакӣ намешуд, нигоҳдории онро дар сатҳе, ки ҳоло аст, наметавонистем иҷро кунем.”

Ширкати офшории IRS (Инновейтив Роуд Солюшнз) бар асоси як созишнома бо ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2009, нигоҳубини ягона роҳро ба шимоли Тоҷикистон дар ихтиёр дорад. Ширкат дар ин роҳ чанд плазаи толлингӣ – марказҳои пулчинӣ – насб карда, барои истифодаи роҳ аз мошинҳои сабукрав ва боркашон ҳаққи хидмат мегирад.

Худоёр Худоёрзода аз моҳи январи соли 2017 то охири моҳи августи имсол вазири нақлиёти Тоҷикистон буд. Ӯро субҳи 11-уми август бо захми корд дар бемористони “Истиқлол”-и Душанбе бистарӣ карданд. Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки вазир қасди худкушӣ дошт, вале бо гузашти моҳҳо ҷузъиёти он ошкор нашуд.

Ҷӯрабек Муродов: “Умед доштем, ки ҷангҳо поён меёбанд, аммо мушкили нав оғоз шуд

Ҷӯрабек Муродов, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, рӯзи 24-уми декабр 78-сола шуд. Пайвандонаш гуфтанд, ба сабаби бемории ҳамагир чанд вақт боз аз хона берун намешавад ва дар маҳфилҳои мардум низ ҳунарнамоӣ намекунад.

Муродов дар рӯзи таваллуд ва остонаи соли нави милодӣ аз чолишҳои соли 2020 ҳарф зад. Ӯ гуфт: “Умеди зиёд доштем, ки ҷангҳо дар ҷаҳон поён меёбанд ва соли сулҳ мешавад, аммо, сад афсӯс, оғози сол мушкилиҳои зиёд овард. Шахсиятҳои олиҷанобро аз даст додем. Умед дорам, дар соли нав аз беморӣ нишоне намемонад”, — афзуд ӯ.

Ҷӯрабек Муродов, инчунин, дар паёмаш ба ҳаводорон ваъдаи пешниҳоди барномаи навро кардааст: “Ба сабаби бемории коронавирус ҳашт моҳ мешавад, ки дар ягон маърака ширкат накардам ва аз наздик бо мухлисон дидор надоштам. Сахт пазмони мухлисон шудам. Ҳоло дар хона пайи тамрину эҷоди сурудҳои нав ҳастам.”

Овозхони шинохтаи тоҷик соли 1942 дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омадааст.

Бонки Ҷаҳонӣ аз хисороти бузурги густариши вируси корона ба иқтисоди Тоҷикистон хабар дод

Дар гузориши тозаи Бонки Ҷаҳонӣ, ки ба номи “Кунд шудани рушди иқтисодии Тоҷикистон дар шароити пандемия” мунташир шуд, аз таътили марказҳои тавлидӣ ва тиҷорӣ, коҳиши фаъолиятҳои бахши хусӯсӣ, коҳиш даромад аз интиқоли пули коргарони муҳоҷир ва уфти мизони сармоягузорӣ дар тарҳҳои зербиноӣ ёд мешавад, ки ношӣ аз таъсири мустақими густариши ин беморӣ мебошад.

Суръати рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар 9 моҳи имсол ба 4,2 дарсад расидааст дар ҳоле, ки ин нишондиҳанда соли 2019 наздик ба 7,2 дарсад буд.

“Агар дар муддати 9 моҳи имсол тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон афзоише дошта бошад, танҳо аз ҳисоби содироти сангҳои қиматбаҳо ва нимақиматбаҳо, фулузоти рангӣ ва маводи маъданӣ муяссар шудааст.”, – гуфта шудааст дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ.

Ҳамчунин дар гузориши ин бонк таъкид шудааст, ки дар соли 2020 ба далели коҳиши фаъолиятҳои иқтисодӣ ва афзоиши бекорӣ дар Тоҷикистон мизони фақр афзоиш хоҳад ёфт.

Бунёди роҳи канори бозори «Корвон» ба далели сардии ҳаво қатъ шуд

Бунёди роҳи канори бозори Корвон муваққатан мавқуф гузошта шудааст. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ки корҳои таъмиру таҷдиди роҳи мошингарди канори бозори “Корвон”, ки аз сӯйи ширкати “Роҳсоз-7” бояд дар давоми 180 рӯз ба анҷом мерасид, ба далели сардии ҳаво ва боришоти ахир мавқуф гузошта шуд.

Аз Вазорати нақлиёт ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар мавриди маблағгузории лоиҳаи мазкур ва қувваи корӣ дар ин сохтмон мушкилие вуҷуд надорад.

“Кор дар ин роҳ аз вазъи обу ҳаво вобастагӣ дорад. Айни ҳол корҳои асфалтхобонии қабати дуюм ва рангуборкунӣ бояд анҷом дода шаванд. Вале бо сабаби сардии ҳаво ва боришот ин корҳо мавқуф гузошта шудаанд. Бо каме муътадил гардидани обу ҳаво кор аз нав ҷараён гирифта, дар муҳлати кутоҳ анҷом дода хоҳад шуд”,-мегӯянд аз вазорат.

Ин роҳ бо маблағгухории  Бонки осиёии рушд (БОР) бо қарордоди 2,86 млн доллар сохта ва анҷоми корҳои таъмиру навсозии роҳ дар зарфи 180 рӯз пешбинӣ шуда буд. Аммо то ҳол ин роҳ ба истифода дода нашудааст. Сохтумони ин роҳ аз охирҳои моҳи июл сар шуда буд.

Қазоқистон ба Тоҷикистон 100 адад ИВЛ кумак фиристод

Рӯзи 22 декабр Қазоқистон ба Тоҷикистон 100 адад маҷмӯи дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ)-и мобилии «Кокшетау-4П» фиристод.

Тавре дар сомонаи Вазорати индустрия ва рушди зерсохтори Қазоқистон хабар дода мешавад, дастгоҳҳо тариқи автомобилҳо ба Тоҷикистон оварда шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорат,  таҷҳизот ба Тоҷикистон бо дастури президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев з 10 декабр фиристода шудааст.

Гуфта мешавад, дастгоҳҳои«Кокшетау-4П» дар корхонаи «Тыныс» дар Кокшетау васлу насб мешавад. Ширкат дар як моҳ ҳудуди 500 адад чунин дастгоҳҳо истеҳсол мекунад. Як дона аз ин гуна дастгоҳ 750 ҳазор танга (қариб 1700 доллар) нарх дорад.

Дастгоҳи “Кокшетау-4П” дар таҷҳизоти мобилӣ (сайёр) кор мекунанд, аз ин рӯ, масалан онҳоро метавон ар мошини ёрии таъҷилӣ ҳамроҳ гирифт ё дар хона низ истифода бурд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend