Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз дастгир шудани ҷавоне хабар дод, ки барои лату кӯби ҳамсари собиқаш дар яке аз кӯчаҳои шаҳр, дар ҷустуҷӯ қарор дошт.
Ба иттилои манбаъ, Дадабоев Наимҷон Алиевич (айни замон Ҳамдамзода Юсуф) санаи таваллудаш 31-уми майи соли 1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе аст. Навори дар кӯчаи Роҳи нав лату кӯб шудани як зан аз ҷониби ӯ ва маҷбуран ба нақлиёт савор намудани ӯ корбарони интернетро ба хашм овард.
Ин навор 22 – юми март дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид. Баъдан милитсияи пойтахт хабар дод, ки:
“Дадабоев Наимҷон бо мақсади дидорбинии фарзанди хурдсол ва таҷлили ҷашни Наврӯз зимни сайру гашт дар боғи кӯчаи Роҳи нав бо собиқ ҳамсари худ муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст.
Ҳамзамон номбурдаро зери лату кӯб қарор дода, маҷбуран ба воситаи нақлиёт савор кардааст”.
Дар хабари нав гуфта мешавад, ки “дар натиҷаи баргузории як қатор чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ номбурда санаи 24 – уми марти соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд”.
Вале хабари боздошти ӯ имрӯз, 27 – уми март нашр шудааст.
“Зимни пурсиш дастгиршуда Ҳамдамзода Юсуф кирдорҳои авбошонаи содир намудаи худро пурра тасдиқ намуда, сидқан изҳори пушаймонӣ намуд”,- гуфта мешавад дар хабар.
Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати Ҳамдамзода Юсуф тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки муноқиша ва латукӯби ҳамсар дар хиёбонҳои шаҳр ҳодисаи нав нест. Дар гузашта низ чунин ҳодисаҳо борҳо рух додааст.
Тибқи омор, ҳар сеюмин зан дар Тоҷикистон мавриди хушунати хонаводагӣ қарор мегирад.
Дар Тоҷикистон дараҷаи вазнин будани зӯроварии ҷисмонӣ тибқи якчанд моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад:
- қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ (моддаи 110);
- қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ (моддаи 111);
- қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ (моддаи 112);
- лату кӯб (моддаи 116);
- азобу уқубат (моддаи 117).
Дар ҳолати дучор шудан ба амалҳои зӯроварӣ дар оила бояд нахуст ба ин идораҳо муроҷиат намоед.
1313 – Телефони боварии шабонарӯзии ройгони Маркази захиравии ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оилаи назди Кумитаи кор бо занон ва оила. Занг ба ин рақам ройгон аст, аммо дар тавозуни телефон бояд маблағ бошад.
221-21-21 ё 102 – телефони боварии ВКД.
Ҷабрдидаи хушунати оилавӣ дар Тоҷикистон чӣ тавр худро муҳофизат карда метавонад? Шумо метавонед аз ин тавсияҳо истифода намоед. Ба ин ҷо зер кунед.