Тасарруфи беш аз 748 ҳазор сомонӣ аз тарафи раиси Ассосиатсияи занҳои соҳибкори Хатлон
Назирова Рано, раиси Ассосиатсияи занҳои соҳибкори Хатлон барои тасарруфи 748 ҳазору 435 сомонӣ аз занони соҳибкори вилоят гумонбар мешавад. Дар бораи боздошти ӯ Маркази матбуоти Агентии зиддифасоди кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ номбурда бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт ба боварии занҳои соҳибкор даромада, барои қабул намудан ба аъзогии Ассотсиатсия мазкур, аз онҳо дар 200 ҳолат маблағи умумӣ ба миқдори 748 ҳазору 435 сомониро гирифтааст ва ваъда додааст, ки маблағҳои гирифтаашро дар суратҳисоби соҳибкорон нигоҳ дошта, дар баробари ин, аз ҳисоби Фонди хориҷии “МАR/IIICOPITAL” ба онҳо маблағи грантии бебозгашт ҷудо карда медиҳад.
“Бо ҳамин тарзу усул Назирова Рано маблағи бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ ба даст овардаашро тасарруф намуда, ба занони соҳибкор зарари махсусан калони моддӣ расонидааст”, – омадааст дар хабари Агентӣ.
Гуфта мешавад, ки нисбати Назирова Рано бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба суд ирсол карда шудааст. Ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ ҷарима ба андозаи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 93 ҳазору 440 то 140 ҳазору 160 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 12 сол пешбинӣ мекунад.
Қатли бародар аз дасти ду хоҳар
Ду хоҳар бародари худро ба қатл расониданд. Ҳодиса 17 – уми сентябр дар деҳаи Мазори Шарифи шаҳри Панҷакент ба амал омадааст.
Дар ин бора сомонаи Pressa.tj бо такя ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки апаву хоҳар ба таври бераҳмона бародари худро бо корди хоҷагидорӣ ба қатл расонидаанд. Зимни як муноқишаи оилавӣ хоҳарон Розиқова Маҳкамойи 58-сола ва Розиқова Истодаи 48-сола бародари худ Ёрбой Розиқови 42-соларо бо корди хоҷагидорӣ ба ҳалокат мерасонанд.
Ба иттилои Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд мақомоти милитсия аз ин ҳодиса хабар ёфта, аллакай парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд ва тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Аёдати афсарону сарбозон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд
Раиси КДАМ – и Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сарбозону афсаронеро, ки дар муноқишаҳои ахири марзӣ захм бардошта буданд, аёдат намуданд.
Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд хабар дод, ки онҳо нахуст дар Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сарбозону афсарони қисмҳои низомиро аёдат кардаанд.
Гуфта мешавад, ки зимни суҳбат бо захмиёни муноқишаҳои марзӣ аёдаткунандагон аз қаҳрамониву ҷоннисориҳои фарзандони шуҷои Ватан тавсиф намуда, онҳоро кафили амнияти давлату миллат номидаанд.
Сипас масъулин дар Беморхонаи клиникавии шаҳрии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд низ сарбозону афсарон аёдат намудаанд. Гуфта мешавад, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои табобати захмбардоштагон доруворӣ ва хӯроку маводи зарурӣ дастрас гардида, кормандони беҳтарини соҳаи тиб ҷалб гардидаанд.
“Афсарону сарбозон низ дар навбати худ изҳор доштанд, ки ҳамеша барои муҳофизати марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол омода буда, ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки пойи нохалафе ба сарзамини мо бирасад”, – омадааст дар иттилои манбаъ.
Равшанбек Собиров – сиёсатмадори тоҷики Қирғизистон аз вазифа озод гардид
Равшанбек Собиров, сиёсатмадори тоҷиктабори Қирғизистон аз роҳбарии Агентии миллии сармоягузории ин кишвар канор рафтааст. Ӯро дар ин вазифа Умбриэл Темиралиев иваз намудааст.
Дар ин бора “Азия плюс” иттилоъ додааст.
Сомонаи расмии президенти Қирғизистон дар шарҳи барканории Собиров навиштааст, ки ӯ бо хоҳиши худ аз мақомаш рафт.
Хабари бо хоҳиши худ аз вазифа рафтани як сиёсатмадори тоҷиктабори Қирғизистон дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз таъқибу фишор болои тоҷикони ин кишвар дар пайи ҳамлаи мусаллаҳонаи Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон изҳорот нашр кард.
Ин ниҳод гуфта буд, ки иттилое вуҷуд дорад, ки мақомоти Қирғизистон мехоҳанд беш аз 500 донишҷӯи тоҷикистониро, ки дар мактабҳои олии вилояти Ӯш таҳсил мекунанд, ихроҷ кунанд.
“Вазорати хориҷаи Тоҷикистон таъқиби шаҳрвандонаш ва тоҷикони муқими Қирғизистонро натиҷаи мустақими маъракаи дар он кишвар авҷгирифтаи аз Тоҷикистон сохтани симои душман мешуморад ва аз мақомоти Қирғизистон талаб мекунад, то барои роҳ надодан ба чунин таъқиботи тоҷикҳо дар қаламраваш чораҳои оҷил андешад”, – гуфта мешавад дар изҳорот.
Равшанбек Собирови 52-сола яке аз камтарин сиёсатмадорони тоҷиктабори Қирғизистон аст, ки дар гузашта раҳбарии созмони тоҷикони Қирғизистонро ба ӯҳда дошт ва соли 2011 нахустин вазири тоҷик дар ҳукумати Қирғизистон буд.
Ӯ соли 2013 боздошт ва бо ҷурми ришваситонӣ ба зиндон маҳкум шуд. Собиров, ки ҳамеша парвандаашро дорои ангезаҳои сиёсӣ ва сохаткорӣ донистааст, моҳи марти соли 2014 бар асоси қонуни афв раҳо гардид.
Равшанбек Собиров соли 1970 дар оилаи тоҷик дар ноҳияи Қаросуи вилояти Уши Қирғизистон ба дунё омадааст.
Тоҷикистону Қирғизистон дар марз дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд
Рӯзи 25-уми сентябр миёни раиси КДАМ-и Тоҷикистон ва раиси КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тошиев санаде имзо шуд, ки тибқи он на танҳо марзбононро аз баъзе посгоҳҳо берун меоранд, балки нигаҳдории марзро ба дӯши нерӯҳое мегузоранд, ки дар сарҳад рафту омад кунанд.
Радиои Озодӣ дар ин бора иттилоъ додааст.
Ҷонибҳо созиш кардаанд, дар қитъаҳои марзие, ки бештари вақт низоъбарангезанд, дурбинҳои назоратӣ насб кунанд.
“Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба сокинони Тоҷикистону Қирғизистон дар амалисозии фаъолияти кишоварзӣ дар заминҳои пештар истифодашавандаи Тамдиқ (Қирғизистон) – Бедак (Тоҷикистон) ва Булак-Бошӣ” (Қирғизистон), Кех “Тоҷикистон” мусоидат хоҳанд кард. Кори гурӯҳи муштарак барои берун бурдани нерӯҳо ва техникаи низомии изофӣ идома хоҳад кард”, – омадааст дар хабарномаи КДАМ Қирғизистон.
Мақомоти Тоҷикистон иттилоъ додаанд, ки бо ҷониби Қирғизистон санади “қатъи муноқишаи марзиро” имзо кардаанд. Дар иттилоияи ҷудогонаи ҳукумати вилояти Суғд дар бораи берун бурдани техникаҳои иловагии ҳарбӣ аз марз гуфта шудааст. Ҷонибҳо баъди муноқишаҳои ахири марзӣ рӯзи 19-уми сентябр низ барои берун бурдани нерӯҳои изофӣ ва техникаҳои ҳарбӣ аз марз ба созиш расида буданд, вале он иҷро нашуд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марз доранд, ки феълан ҳудуди 520 километри он муайян шудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марзӣ мунтазам боиси муноқиша дар сарҳад мешавад, ки баъзан ба хунрезӣ мепечад.
Ёдовар мешавем, ки баъди муноқишаҳои хунини марзии 14 – 17 сентябр, ки даҳҳо нафар аз ҳарду ҷониб куштаву захмӣ шуданд, ду кишвари ҳамсоя чандин санаду протоколҳои оташбас имзо карданд. Ҳоло вазъ дар марз ором аст ва сокинони осоиштаи ду тараф ба зиндагии муқаррарии хеш бармегарданд.