fbpx

КҲФ: “Се кӯҳгарде, ки дар кӯҳҳои Варзобқалъа дучори фалокат шуданд, наҷот ёфтанд”

Мухтасари хабарҳои рӯз


0

“Душанбе Сити” дигар ба кортҳои бонкии “Мир” хизматрасонӣ намекунад

“Душанбе Сити” баъди сар задани нуқси техникӣ хидматрасониро ба кортҳои бонкии “Мир”-и Россия қатъ кард. Дар ин бора расонаҳои Россия хабар медиҳанд.

Ба иттилои масъулони “Душанбе сити” нуқси техникӣ 23 сентябр сар задааст. Чанде қабл бонкҳои Узбекистон низ хидматрасонӣ ба кортҳои “Мир”-ро қатъ карда буданд.

Хидматрасонӣ тавассути кортҳои низоми пардохтии “Мир”-и Русия дар Узбекистон аз 23-юми сентябр қатъ шудааст.

Дар ин бора Маркази ягонаи ҷумҳуриявии “Uzcard” хабар дода, гуфтааст, ки он “бо сабабҳои техникӣ” қатъ гашт.

Хабари бо мушкил рӯбарӯ шудани соҳибони кортҳои “Мир” дар Узбекистон чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд. “Uzcard” 21-уми сентябр бо нашри изҳороте гуфта буд, ки қабули кортҳои “Мир”-ро идома медиҳад.

Қаблан Бонки “Halyk Bank”-и Қазоқистон ҳам қабули кортҳои “Мир”-ро қатъ карда буд ва чандин бонки туркӣ, аз ҷумла бузургтарин бонки хусусии Туркия – “Iş Bankası” эълон кард, ки ҳамкориро бо низоми пардохтии русии “Мир” қатъ намудааст.

КҲФ: “Се кӯҳгарде, ки дар кӯҳҳои Варзобқалъа дучори фалокат шуданд, наҷот ёфтанд”

Се сайёҳ рӯзи 25-уми сентябр дар кӯҳҳои ноҳияи Варзоб ба кӯмаки наҷотдиҳандагон муҳтоҷ шуданд. Яке аз онҳо бар асари афтидан аз баландӣ захмӣ шуда буд.

Бино ба иттилои маркази матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда як сокини шаҳри Душанбе ба шӯъбаи навбатдории кумита дар бораи вазъи ба амал омада ва макони тахминии сайёҳон хабар додааст. Ӯ аз ин ҳодиса ҳангоми сӯҳбати телефонӣ бо осебдидагон хабар ёфтааст.

“Барои кӯмак ва наҷоти кӯҳнавардан дастаи наҷотдиҳандагони Раёсати махсусгардондашудаи наҷоти кӯҳӣ сафарбар шуданд. Онҳо аввал ҷойи гардишгаронро мушаххас карданд ва иртиботи телефонӣ барқарор намуданд”, – омадааст дар хабар.

Наҷотдиҳандагон соати 18:30 аввалин сайёҳро аз баландӣ поён карда, ба шаҳри Душанбе фиристоданд.

Аз сабаби торикӣ тасмим гирифта шуд, ки корҳои наҷот то саҳар ба таъхир гузошта шавад. Вале наҷотдиҳандагон шабона дар кӯҳ ҳамроҳи сайёҳон монданд.

Субҳи рӯзи 26 сентябр, соати 5:30 наҷотдиҳандагони КҲФ амалиёти худро барои наҷоти сайёҳони боқимонда идома доданд. Онҳо бо ёрии воситаҳои махсуси техникӣ ду сайёҳи дигарро поён фароварда, ба беморхонаи ноҳияи Варзоб бурданд.

Мавсими боришот дар Тоҷикистон аз нимаи дуюми моҳи октябр оғоз мешавад

Нимаи аввали моҳи октябр дар Тоҷикистон ҳавои хушк ва дар нимаи дуюми он ҳавои номусоид, пастшавии ҳарорат ва боридани боронҳои бошиддат дар назар аст. Ҳавои ин моҳ ба моҳи октябри  соли 2016 шабоҳат дорад, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар шаҳри Душанбе ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад. Дар нимаи дуюми моҳи октябр ҳавои номусоид пешгӯӣ шуда, ба амал омадани бориш аз эҳтимол дур нест.

Дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳарорати аз меъёр 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 15+18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 13+14 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Нимаи аввали моҳ ҳаво шабона то 19 ва рӯзона то 27 дараҷа гарм мешавад. Нимаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорат дар назар буда, ҳаво шабона то 15 ва рӯзона то 24 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд дар моҳи октябр ҳарорати меъёри иқлимӣ паст ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз меъёри иқлимӣ баланд мешавад. Дар ноҳияҳои водигӣ то 13 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 11 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар водиҳо нимаи аввали моҳ ҳаво шабона то 17 ва  рӯзона то 28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 10 ва рӯзона то 25 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Ба амал омадани бориши дорои шиддатнокии гуногун дар нимаи дуюми моҳ дар назар дошта шудааст. Дар баъзе ноҳияҳо шиддати вазиши шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония дар назар дошта шудааст.

Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорат моҳи октябр аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, ҳаво то 18 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят нимаи аввали моҳ ҳарорати ҳаво шабона 11 ва  рӯзона то 20 дараҷа пешгӯӣ мешавад. Нимаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, шабона то 3 дараҷа ва рӯзона то 17 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳото 11 дараҷа гарм мешавад. Дар нимаи дуюми моҳ ба амал омадани бориши дорои шиддатнокии гуногун дар назар дошта шудааст.

ВКХ: “Шаҳрвандони Афғонистонро ҷарима кардем, на ихроҷ”

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 29 шаҳрванди Афғонистонро бинобар вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Тоҷикистон ҷарима кардааст. Ин хабарро дар маркази матбуоти ВКД тасдиқ карда, гуфтааст, ки онҳоро ҷарима намуданд, вале иҷборан аз Тоҷикистон ба ватанашон ихроҷ накардаанд.

“Нисбати қоидавайронкунандагон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, ҷаримабандӣ кардем. Онҳо вобаста ба кирдори хеш ҷаримабандӣ мешаванд ва ҳаҷми ҷарима низ ба кирдори онҳо вобаста аст”, – гуфтаанд аз ВКД.

Инчунин вазорат илова мекунад, ки соли равон аз ҷониби онҳо ягон ҳолати иҷборан аз Тоҷикистон баровардани шаҳрвандони Афғонистон ба қайд гирифта нашудааст ва хабарҳои ихроҷи иҷбории афғонистониҳо ба ВКД рабте надорад.

Ҷаримабандии 29 шаҳрванди Афғонистон дар ҳолест, ки чанде пештар расонаҳо, аз ҷумла Радиои Озодӣ аз ихроҷи иҷбории тақрибан 200 шаҳрванди Афғонистон, ки баъди ба сари қудрат омадани Толибон барои наҷоти ҷонашон ба Тоҷикистон омадаанд, хабар дода буданд.

Баъзе аз муҳоҷирони афғонистонӣ гуфта буданд, ки онҳоро аз кӯчаву хонаҳояшон боздошт карда, ба марз мебаранд.

Намояндагии Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон (UNHCR) дар Тоҷикистон низ дар як изҳороти хеш дар робита ба ихроҷи маҷбурии шаҳрвандони Афғонистон ба кишварашон нигаронӣ карда, аз Тоҷикистон хоста буд, ки афғонистониҳоро ба ватанашон ихроҷ накунанд.

Дар Тоҷикистон тақрибан 10 ҳазор шаҳрванди Афғонистон зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо мегӯянд, аз тарси Толибон ба Тоҷикистон фирор кардаанд. Ин гуруҳи тундрав як сол боз дар Афғонистон ҳукумат мекунад ва ба нақзи ҳуқуқи одамон, ба вижа занону духтарон, муттаҳам аст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend