Гулмоҳ Файзалиева ягона зани кафшдӯз дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон мебошад. Ҳар рӯз ҳамроҳи фарзандаш аз деҳа ба маркази шаҳр меоянд ва назди бозори марказӣ нишаста, кафшдӯзӣ мекунанд. Ҳарчанд дигар фарзандон ноновари хона ҳастанд, вале ғаму дарди 5 фарзанди фавтида ӯро ҳунарманд ва берун аз хона кард. Гулмоҳ Файзалиева ин касбро аз шавҳараш омӯхтааст, ки пойафзолдӯз буд, вале ҳоло дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дораду касбашро ба ҳамсараш супурдааст. Барои ба ин касб машғул шудани ӯ дар аввал ҳама аҳли хонавода зид буданд аммо холаи Гулмоҳ ба касе гӯш надод.
Холаи Гулмоҳ ба Your.tj нақл кард, ки чаро дар синни 50 солагӣ пойафзолдӯз шуд.
«Марги 5 фарзанд бароям осон набуд»
Қаҳрамони мо 54 сол дорад ва 5 сол мешавад, ки пояфзолдӯзӣ мекунад. Мегӯяд, ки шавҳар ва фарзанди калонияш низ солҳо аз рӯи ин касб рисқашонро пайдо мекарданд. Онҳо гоҳо пояфзолҳои тамомнашударо ба хона оварда, таъмир мекарданд. Марги 5 фарзанд холаи Гулмоҳоро ба ғаму андуҳ кашид.
“На танҳо марги 5 фарзанд, балки марги падару модарам низ бароям осон набуд. Дунёи рушан дар назарам торику сард шуд. Умеди зистан надоштам. То ҳаде рӯҳан девона шуда будам.
Ҳар сари қадам худ ба худ гап мезадам, чӣ гуфтанам маълум набуд. Аз ғами 5 фарзан девонавор шоир шудаму як дафтарча шеър навиштаам. Ҳоло дафтари шеърҳоям зери болишти сарам нигоҳ дошта шудааст.
Сипас ба худ гуфтам, ки бояд худро ба даст бигираму ба хотири дигар фарзандонам зиндагиро идома диҳам”,- гирякунон нақл кард, холаи Гулмоҳ.
Кафшдӯзии пинҳонӣ
Баъди чунин ҳодисаҳои нохуш холаи Гулмоҳ ба бемории қалб гирифтор мешавад ва солҳост, ки ин беморӣ азияташ медиҳад. Борҳо аз шавҳар ва фарзанди калонияш хоҳиш кард, ки ҳунари пояфзолдӯзиро ба ӯ омӯзонанд, вале писараш ба ин кор иҷозат намедод.
“Вақте шавҳару писарам қисми пояфзолҳои нотамомро ба хона меоварданд, гоҳо пинҳонӣ аз онҳо дар дигар хона шогирдона медӯхтам. Дастонамро бо дирафш сурох мекардам, вале ба касе чизе намегуфтам. Оҳиста-оҳиста ҳунарро аз худ кардам.
Мехостам ҳамроҳи писару шавҳарам ба шаҳр омада, кор кунам, то каме ҳам сӯзу фироқи марги фарзандонам дур шавам. Аммо писрам розӣ намешуд, шарм мекард. Мегуфт, ки дар назди ҷӯраҳояш сархам мешавад. Ман ҳам якравӣ кардаму гуфтам, ки меҳнати ҳалол кардан ягон ҷойи айб надорад ва ба кор баромадам”, – мегӯяд, холаи Гулмоҳ.
Дар ҷмоеаи суннатии Тоҷикистон анҷом додани касби мардона ё занона аз ҷониби мард ё зан барои бархеҳо чандон қобили қабул нест, хусусан дар музофотҳо. Вале қаҳрамони мо холаи Гулмоҳ ба ин фикр розӣ нест. Мегӯяд, ки дар интихоби касб набояд миёни марду зан тавофут гузошта шавад.
“Чӣ ҷойи айбу сархамӣ аст, ки ман барояму меҳнатӣ ҳалол кунам. Маро шавҳару фарзандонам хуб нигоҳубину таъмин мекунанд, аммо дар хона бемор мешавам. Ғубори одамро одам мегирад, мегӯянд. Ман ин ҷо бо муҳтариёнам, ки аксар занҳо ҳастанд суҳбат мекунам, бо ҳам шӯхӣ мекунем, чӣ тавр гузаштани вақтро намефаҳмам.
Ман ин ҷо на дуздӣ мекунаму на ягон кори бади дигар, меҳнати ҳалол мекунам ва ҳеҷ айберо намебинам дар ин кор”, – бо чеҳраи ҷиддӣ, мегӯяд, Холаи Гулмоҳ.
Холаи шӯху хуш чақ -чақ
Дар роҳраве, ки мардҳои пояфзолдӯз нишаста корашонро пеш мебаранд, холаи Гулмоҳ ягона зани пояфзолдӯз буда, бештар занону духтарон пояфзолҳои худро барои духтан назди ӯ мебаранд. Гоҳо бо мизоҷонаш шухиҳои намакин мекунад.
“Баъзеҳо пояфзолҳои худро меоранд ва фаромуш мекунанд, ки омада гиранд. Вақте меоянд пояфзолҳои худро мепурсанд, бо чеҳраи ҷиддӣ мегӯям, ки наомадед пойафзолатонро фурӯхтам. Дар ғазаб омада ҳамроҳам ҷанҷол мекунанд. Дар охир механдаму мегӯям, ки шухӣ кардам. Мегӯянд, ки “холаи шух будай”.
Аслан ман ба муштариёне, ки дағалона бо ман рафтор мекунанд аҳмият намедиҳам, гапро ба шӯхӣ мебараму корамро мекунам. Ман ин ҷо на ҷанҷолкунӣ балки барои кору ғамбарорӣ меоям”,- бо хушҳолӣ нақл мекунад холаи Гулмоҳ.
Қаҳрамони моро ғами фарзандон азоб диҳад ҳам, мардонавор худро аз зиндагӣ розиву ба он дилгарм мегирад. Нафаре, ки бори аввал ӯро мебинад тамоман гумон намекунад, ки зери хандаҳои ӯ ашкҳои сӯзон ниҳон аст. Ӯ Мегӯяд, ки хуб аст, ки занҳо бисёр ба наздаш моянду бо онҳо шӯхию ханда мекунад.
“Гоҳо занҳо ё духтарони ҷавонро мегӯям, ки э занаки сода бдай. Наход ҳами пояфзолро аз роҳи дароз гиирифта биёрӣ. Охир як чӯбро дар бензин тар карда, дар ҳамин сурох мемондию алов сар медодӣ, худаш маҳкам мешуд.
Бовар карда, меган, ки «Э хола мо аз куҷо медонем и кору касабаи Шумора». Механдаму мегӯям, ки охир алов, ки карди ин намесӯзад? зани сода бдай, ба фикрам мисли худам пушт-пушти талабаҳо шишта дарсхондай, тамоман ин корро накунед, мегӯям. Алакай одат кардаанд онҳо низ ба шӯхиҳои ман. Ҳам худам механдаму ҳам муштариёнро шод мекунам”, – нақл мекунад, қаҳрамони мо.
Ин зан то як моҳи пеш ҳамроҳи шавҳараш канори роҳ нишаста пояфзол медӯхтанд. Шавҳараш барои пайдо кардани ҷойи кори муносиб ва пул ба Русия рафтааст. Акнун Гулмоҳ Файзалиева ҳамроҳи яке аз писаронаш канори роҳ нишаста, кафшдӯзӣ мекунанд. Ӯ шукри Худованд мекунад, ки алъон 6 фарзанди солим дорад. Даромадашон ҳар рӯз як хел нест, гоҳо аз 50 то 70 ё 100 сомонӣ аст.
Амонҷон Муҳиддинов