Ғарқшавӣ дар обҳои Тоҷикистон

Ҳалокати се нафар дар обҳои Тоҷикистон

10 шабонарӯз ҳабси як ҷавон дар Душанбе барои майдаавбошӣ

Ҷавони 26-солаи сокини шаҳри Душанбе барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва итоат накардан ба корманди милитсия 10 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шуд. Дар ин бора Раеёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ҳокимҷон Файзуллоев. Акс аз РВКД дар шаҳри Душанбе

Ҳокимҷон Файзуллоев, истиқоматкунанда шаҳри Душанбе, маҳаллаи Пахтакор дирӯз, 15-уми июн дар кӯчаи Неъмат Қарабоев тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда,

“бо садои баланд доду фарёд намуда, дар баробари ба талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накардан, ҳамзамон боиси халалдор гаштани оромии шаҳрвандону атрофиён гаштааст”.

Ба иттилои ин ниҳод, номбурда дертар боздошт гардида, бар зиддаш барои майдаавбошӣ (моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон) протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ 10 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шудааст.

РВКД дар шаҳри Душанбе гуфт, зимни баррасии парванда “Ҳокимҷон Файзуллоев худашро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ гунаҳгор шуморида, ҷиҳати минбаъд ба чунин кирдори зиддиҷамъиятӣ даст назадан, сидқан изҳори пушаймонӣ намуд”.

Ҳалокати се нафар, аз ҷумла ду ноболиғ дар як шабонарӯз дар обҳои Тоҷикистон

Танҳо дар як шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон се ҳодисаи нохуши ғарқшавӣ ба қайд гирифта гирифта шудааст. Аз се нафари ғарқшуда, ду нафарашон ноболиғ будаанд.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, 15 июн тахминан соати 12:35 дақиқа як сокини 10-солаи деҳаи Лолазори ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҳангоми оббозӣ дар канали “Оби Тоҳир” ғарқ ва ба ҳалокат расид.

“Ба ҷустуҷӯи ҷасади номбурда имдодгарони КҲФ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ҷалб шуданд ва ғаввосон ҷасади писаракро пайдо ва ба волидонаш супурданд”, – омадааст дар хабар.

Ҳодисаи дуюм низ дар қаламрави вилояти Хатлон рух дода, як сокини 18-солаи деҳаи Ваҳдати ноҳияи  Ёвон ҳангоми оббозӣ дар ҷойи мамнуъи канали байнидеҳаҳо ғарқ гардид. Ҷасади ӯро сокинони деҳа пайдо ва ба волидонаш супурданд.

Гуфта мешавад, ҳодисаи сеюм дар шимоли кишвар рух дода, як сокини 7-солаи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар канали “Туксанкорез” ғарқ шуд. Сабаб беназоратии падару модар. Ҷасади ӯро сокинони маҳаллӣ пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд.

Ба ин тариқ, аз оғози сол то 16-уми июни соли ҷорӣ дар обҳои кишвар 62 нафар ғарқ шуданд, ки 35 нафари онҳо кӯдакон ва наврасони то 16-сола мебошанд.

Дар ин робита Кумита аз шаҳрвандон боисрор дархост мекунад, ки ҳангоми дар об ё назди обанборҳо қарор доштан, қоидаҳои бехатарии рафтор дар обро риоя намуда, дар ҷойҳои манъшуда оббозӣ накунанд ва аз волидон хоҳиш мешавад, ки дар ин гуна макон кӯдаконро беназорат нагузоранд.

Тибқи таҳқиқоти Би-Би-Си 40 тоҷикистонӣ дар ҷанги Украина кушта шудаанд

Тибқи таҳқиқоти нави рӯзноманигории Би-Би-Сӣ на камтар аз 93 зодаи давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҷанги Русия зидди Украина кушта шудаанд.  Аз ин шумора 40 нафарашон аз Тоҷикистон, нафар аз Узбекистон ва 19 тани дигар аз Қирғизистон будаанд.

Ба гузориши Би-Би-Сӣ аз 14-уми июн, ин афрод аз тарафи Русия ба майдонҳои ҷанг бурда шудаанд, ки баъзеи онҳо зиндонӣ буданд.

То ин дам хабари кушта шудани беш аз бист шаҳрванди Тоҷикистон, асосан зиндониён, дар ҷанги Русия зидди Украина расонаӣ шудааст. Пайвандонашон гуфтанд, ҷасади онҳоро дастрас карда, дар зодгоҳашон дафн карданд. Бархеро дар Русия гӯрондаанд.

Наздикони чанд зиндонии кушташуда гуфтанд, онҳоро маҷбурӣ аз маҳбасҳои Русия ба ҷанг бурданд.

Дар умум аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоста шудааст, ки дар ҷанги кишварҳои хориҷӣ иштирок накунанд, вагарна муҷозот хоҳанд шуд.

Кумитаи андоз беш аз 80 ҳунарманди тоҷикро барои напардохтани андоз муттаҳам кардааст

Кумитаи андози Тоҷикистон даҳҳо нафар аз сарояндагон ва дигар ҳунарпешагонро ба насупурдани андоз ва ё фирор аз пардохти он муттаҳам кардааст.

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Боҷу хироҷ”, нашрияи расмии кумита дар шумораи тозааш аз рӯзи 15-уми июн ному насаби бештар аз 80 сарояндаи шинохтаву начандон ошно дар Тоҷикистонро нашр кардааст, ки ба гуфтаи кумита ё бе сабти расмӣ фаъолият мекунанд ё молиёти давлатро саривақт ва пурра намепардозанд.

Дар феҳраст, номи Фарзонаи Хуршед, Мубориз Усмонов, Зафар Аюбов, Муҳаммадрафии Кароматулло, Нобовар Чиноров, Зикриоллоҳ Ҳакимов, Суруш Холов низ ҳастанд.

Ба гуфтаи кумитаи андоз, сарояндагони тоҷик дар маҷмуъ то кунун бештар аз 480 ҳазор сомонӣ молиёт напардохтаанд.

Вокуниши сарояндагони тоҷик, ҳанӯз ба ин иддао маълум нест, вале дар гузашта онҳо гуфтаанд, ки иттиҳоми кумитаи андоз беасос аст ва онҳо саривақт андози давлатро мепардозанд.

Skip to toolbar