Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон сафар кард
Имрӯз, 14-уми декабр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар кард.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
“Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, нақлиёт, директорони Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, сардори Хадамоти гумрук, Президенти «Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд”,- иттилоъ додааст манбаъ.
Ҳалокати панҷ муҳоҷири тоҷик дар Русия
Ба иттилоъи Сафорати Тоҷикистон дар Русия 5 нафар муҳоҷири тоҷик дар ду рӯзи охир ба ҳалокат расидаанд. Гуфта мешавад, ки се нафар узви як оила аз гази табиӣ заҳролуд шудаанд ва ду нафари дигар аз 13 – ум ошёна афтиданд.
Имрӯз 14-уми декабр, бо нашри ду изҳори таслият дар саҳифаи расмиаш дар “Фейсбук” сафорат гуфт, ки ҳарду ҳодиса таҳти пайгирии қарор доранд ва ба наздикону пайвандони фавтидагон тамоми кӯмакҳои зарурӣ расонида мешаванд.
Манбаъ мегӯяд, ҳодисаи якум дирӯз, 13-уми декабр, дар ноҳияи Раменскийи вилояти Маскав рух дод, ки дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз гази табиӣ дар як хонаи истиқоматӣ се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.
Қаблан, хабаргузории “Mash” иттилоъ дода буд, ки як оила аз Тоҷикистон бар асари заҳролудшавӣ аз оксиди карбон дар деҳаи Прудки ноҳияи Раменскийи наздикии Маскав ба ҳалокат расиданд. Фавтидагон ду калонсол ва як кӯдак будаанд.
Ба таъкиди ин ниҳод, ҳодисаи дуввум имрӯз, 14-уми декабр, дар яке аз биноҳое, ки дар он муҳоҷирони тоҷик кор мекарданд, рух додааст.
Гуфта мешавад, ки ду ҷавони тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз ошёнаи 13-уми бино афтида, ба ҳалокат расидаанд.
“Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони фавтидагон ҷиҳати интиқол додани ҷасадҳо ба Ватан изҳори омодагӣ намуд”, – гуфтааст сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Аз ин пештар, хабаргузории “Bloknot.ru” хабар дода буд, ки дар як сохтмони ҷазираи Василевскийи Санкт-Петербург ду ҷавони тоҷик ба ба чоҳи лифт афтода, ба ҳалокат расидаанд.
Гуфта мешуд, ки ҳалокшудагон ду тоҷики 25 ва 29-сола будаанд, ки яке дар қайди муҳоҷират қарор дошта, дуввумӣ ғайриқонунӣ дар Русия қарор доштааст.
“Касе лаҳзаи афтодани ин ду коргарро надидааст. Дар он сохтмон видеокамераҳои назоратӣ нест. Қазияро Кумитаи тафтишот таҳқиқ мекунад. Ҳоло масъалаи кушодани парвандаи ҷиноятӣ дар баррасӣ қарор дорад”, — навиштааст “Bloknot.ru”.
Сафорат Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, қазия таҳти пайгирии сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург қарор дорад.
Намоиши “Китоби Душанбе”. Беш аз 4 ҳазор китоб ба намоиш гузоштанд
Дар намоишгоҳи даҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе”, ки субҳи имрӯз, 14-уми декабр, дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ оғоз гардид, зиёда аз 4 ҳазор номгӯ китоб аз 8 ношири кишварҳои хориҷӣ ва 30 ношири дохилӣ ба намоиш гузошта шуд.
Гуфта мешавад, ки дар маросими кушодавшавии намоиш Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои мамлакат, корпусҳои дипломатии муқими кишвар, аҳли фарҳангу адаб, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ширкат карданд.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар намоишгоҳ ноширон аз Эрон, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия, Ҳиндустон ширкат доштанд.
“Ҳамчунин, ноширони дохилӣ, ба мисли Муассисаи нашриявии “Маориф”, “Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик”, Нашриёти муосир, “Ирфон”, “Адиб”, “ЭР-Граф”, “Тиб”, КВД “Комбинати полиграфии Душанбе”, КВД “Шарқи озод”, КВД “Қонуният”, “Матбааи Донишгоҳи милли Тоҷикистон”, “Матбааи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ”, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, “Олами китоб”, Адабиёти бачагона, ҶДММ “Бебок”, ҶДММ, “Торус”, ҶДММ “Офсет”, КВДТС “Китоб” ва дигар нашриётҳо китобҳои тозаэҷоди хешро манзури тамошобинон, аҳли фарҳангу адаб, дӯстдорони китоб гардониданд”, – гуфтааст манбаъ.
Зикр мегардад, ки меҳмонону иштирокчиён метавоананд аз намоиши китобҳои тозаэҷоди ноширони дохилию хориҷӣ дидан намуда, бо асарҳои адибони классику муосир, адабиёти бачагона, илмӣ, соҳавии кишварҳои иштирокчӣ ошноӣ пайдо кунанд.
Китобҳои намоишгоҳ мавзуъҳои гуногун доранд. Аз ҷумла, фарҳанги Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, таомпазӣ, дорусозӣ, буклетҳо, роҳнамоҳо, китобҳои бачагона, китобҳои дарсӣ ва ғ.
Китобҳо бо забони тоҷикӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ ба намоиш гузошта шудааст.
Ёдрас мешавем, ки намоиши мазкур то 16 декабри соли ҷорӣ идома дошта, хоҳишмандон, дӯстдорону ихлосмандони китоб метавонанд аз он дидан кунанд. Даромад ба намоишгоҳ озод аст.
Дар доираи чорабинӣ конфронси илмӣ ва семинарҳо низ пешбинӣ шудааст.
Аз оғози соли нав нишондиҳанда барои ҳисоб дар Тоҷикистон зиёд мешавад
Соли 2023 дар Тоҷикистон нишондиҳанда барои ҳисоб 6,25% – аз 64 сомонии ҳозира то 68 сомонӣ зиёд мешавад. Дар ин бора дар қонуни қабулшуда “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2023” зикр шудааст.
Нишондиҳандаи мазкур дар буҷети давлатӣ бо назардошти сатҳи таварруми пешбинишуда дар соли дахлдор муқаррар карда мешавад.
Ин нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ) истифода бурда мешавад.
Ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо то соли 2019 дар ду сол як маротиба боло рафта, баъдан (солҳои 2019-2023) ҳамасола зиёд мешавад.