fbpx

“Зани рӯин” – намунае аз иродаи оҳанин. Нахустин филми коргардони ҷавон аз чӣ қисса мекунад

Қаҳрамони асосии филм - Санифамоҳи 40 сола 7 сол боз бо аробакашӣ ва ҷамъоварию фурӯши зарфҳои пластикӣ зиндагии худ ва фарзандонашро пеш мебарад.


3
3 points
Намоиши нахустин филми Ардашер Пайванд дар Душанбе.
Қаҳрамони филм занест, ки 7 сол боз бо аробакашӣ ва партовҷамъкунӣ рӯзгор мегузаронад.

Ардашер Пайванд – рӯзноманигори ҷавон дар доираи “Мактаби филмҳои мустанад” нахустин филми мустанади худро бо номи “Зани рӯин” рӯйи навор овард. Филми мазкур дар шаҳри Душанбе рӯзи 9-уми декабр бори нахуст ба намоиш гузошта шуд, он ба арафаи таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон рост омад.

Сабти ин мустанад моҳи август ба анҷом расида, бори нахуст аввали моҳи октябр дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон, дар доираи Фестивали минтақавии “MediaCAMP Fest” ба намоиш гузошта шудааст. Сипас ба дар доираи Ҷашнвораи ҳуқуқи инсон дар шаҳри Хуҷанд низ рӯи экран гузошта шуд.

Ӯ бо қаҳрамонаш тасодуфан ошноӣ пайдо намудааст.
Ҷараёни сабти филми мустанад.

“Зани рӯин” кист?

Тавре коргардони филм Ардашер Пайванд қисса мекунад, ӯ бо қаҳрамонаш шабе тасодуфан ошноӣ пайдо намуд. Вақте аз зиндагии тоқатнопазири зан огоҳ шуд, тасмим гирифт, ки дар борааш филми мустанад бисозад. Ҳамин тавр, муддати 7 рӯз дар маҳаллаҳои “Гипрозем” ва “Борбад” сабти филми “Зани рӯин” ҷараён гирифт. Азбаски гурӯҳи корӣ аз мутахассисони касбӣ иборат буд, филм бе мушкилӣ рӯйи навор омад.

“Зани рӯин” зиндагии одамони одиро дар ҷомеаи кунунӣ инъикос мекунад. Қаҳрамони асосии филм – Санифамоҳи 40-сола буда, таъмини рӯзгори оиларо ба зиммаи худ гирифтааст.

Тӯли 7 сол аст, ки ӯ бо аробакашӣ ва ҷамъоварию фурӯши зарфҳои пластикӣ зиндагии худ ва фарзандонашро пеш мебарад. 1 кг зарфи пластикӣ 3 сомонӣ арзиш дошта, ӯ дар як рӯз метавонад ҳамагӣ 10 кг пластик пайдо намояд.

Санифамоҳ нахуст ба ҳамсари майнӯшаш барои аробакашӣ кумак мекард, сипас худаш ин амалро касб намуд. Ӯ айни замон бо панҷ фарзандаш дар хонаи иҷоравии яке аз хобгоҳҳои шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад.

Духтари Санифамоҳ маъюб аст.
Духтари Санифамоҳ маъюби гурӯҳи дуюм аст, ки ҳамагӣ 60 сомонӣ нафақа мегирад.

Нақши таъсиргузор

Дар филм ҳарчанд духтари калонии зан ҳамчун нақши дуюмдараҷа намоён мешавад, вале диққати бинандаро бештар ҷалб мекунад.

Ӯ маъюби гурӯҳи дуюм буда, бо як тифл аз ҳамсараш ҷудо шудааст. Духтари Санифамоҳ барои маъюбияти худ ҳамагӣ 60 сомонӣ нафақапулӣ мегирад, ки ҳатто барои харидани шир ба тифли навзодаш намерасад.

Коргардон номи духтари Санифамоҳро ба далели риояи меъёрҳои ахлоқӣ пинҳон медорад.

Тавре Санифамоҳ дар ҷараёни филм қисса мекунад, ҷавоне ӯро бовар мекунонад, ки танҳо аз рӯйи савоб мехоҳад духтари маъюбашро ба занӣ гирад. Вале баъди чанд муддат духтараш бо тифли бемори ширхораи худ ба хонаи иҷораи модар баргашт. Вақте Санифамоҳ ба домодаш занг зада, хабари бемории кӯдакро мерасонад, ӯ дар ҷавоб мегӯяд, ки “ба ман на духтарат лозим аст ва на фарзандаш. Духтарат сангпушт барин аст, ӯ лоиқи ман нест”.

Қаҳрамон дар ҷараёни филм қайд мекунад, ки “аз одамон танҳо “бақлашка доред” гуфта мепурсам, аммо пулу нон не. Баъзе оилаҳо ҳастанд, ки худашон “бақлашка”-ро ҷамъ карда мемонанд, то ман омада аз онҳо ройгон гирам”.

Филм дар кинотеатри "Тоҷикфилм" ба намоиш гузошта шуд.
Намоиши филм дар шаҳри Душанбе.

Қаллобон дастгир шуданд

Дар филм қаҳрамони асосӣ ёдоварӣ мекунад, ки рӯзе се марде омада, худро ҳамчун “ҳоҷиёни хайрхоҳ” шинос карданд ва ваъда доданд, ки аз рӯйи савоб барояш хона мехаранд. Фақат ҳуҷҷатҳоро худи Санифамоҳ бояд омода намояд. Ӯ аз хурсандӣ дарҳол ба кори ҳуҷҷатгузорӣ пардохт ва аз якчанд нафар қарз гирифта, онҳоро омода кард.

“Ҳоҷиён” тӯли як сол ин зани танҳоро бидуни мақсади ошкоро: “биноро қариб сохта тамом кардем, фалон одам сандуқу дигараш кӯрпача эҳсон кард” гуфта фиреб медоданд. Вале онҳо барои ин зан на хона хариданд ва на сохтанд. Рӯзе яке аз онҳо ба Санифамоҳ пешниҳод кард, ки “як шаб меҳмони ӯ шавад”, ҳаққи “кор”-ашро медиҳад. Зан дар ҷавоб посухи дурушт дод ва дигарбора занг назад.

Тавре дар анҷоми намоиши филм худи Ардашер Пайванд иттилоъ дод, баъд аз таҳияи “Зани рӯин” сардори қаллобон аз тарафи мақомоти қудратӣ дастгир гардида, нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ кушода шуд.

Филм дар шаҳри Хуҷанд низ намоиш дода шудааст.
Зимни намоиши филми “Зани рӯин” дар шаҳри Хуҷанд.

“Зани рӯин” – намунае аз иродаи оҳанини занон

Коргардони филм мақсад аз таҳия ва пешниҳоди филми “Зани рӯин”-ро дар солҳои охир афзоиш ёфтани зуҳуроти манфӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ мекунад.

“Бархе занон аз ночориву дастнигарӣ ва ниёзмандӣ ба роҳҳои бад мераванд, ки солимии миллатро аз байн мебаранд. Аммо дар ин росто заноне ҳастанд, ки бо вуҷуди сахтӣ ва душвориҳои зиндагӣ ба арзишҳои инсонӣ содиқанд. Умедворам, ки ин филм ба занони навмед аз гирудори зиндагӣ, барои мубориза бурдан ангеза мебахшад”, – мегӯяд Ардашер Пайванд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ назару ақидаҳои гуногун дар атрофи ин филм баъди нахустнамоишаш давр мезананд. Ба ақидаи корбарон агар дар ин филм ҳунарпешагон нақш меофариданд, ҷаззобияташро гум мекард ва тамошобин боз ҳам роҳгум мезад.

“Зани рӯин” падидаи нав аст, зеро дар аксари наворҳое, ки ба ҳамин мазмун дар шабакаҳои интернетӣ ҷой медиҳанд, бечоранолӣ зиёд аст. Қаҳрамони ин мустанад бошад, бо вуҷуди ин ҳама иродаву матонати хешро намоён мекунад.

Нодира СОБИРЗОД


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

3
3 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
8
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
2
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend