Ҷавони тоҷик дар Амрико

Ҳаёт пас аз бурди Green Card. Ҷавоне аз Хуҷанд дар Амрико чӣ тавр муваффақ шуд?

Қаҳрамони мо орзу дорад, ки дар Тоҷикистон низ интернети арзону босуръат, рушди хизматрасониҳои онлайнӣ, имконияти баргардонидани маҳсулоти аз мағоза харидашуда ва дигар арзишҳои муҳим барои инсони муосир вуҷуд дошта бошад.

Абдукаримхони Абдураҳим ҷавони тоҷикест, ки соҳиби Green Card (корти сабз)-и Амрико шуда, 5 сол боз дар шаҳри Ню-Йорк зиндагӣ ва фаъолият дорад. Ӯ зодаи шаҳри Хуҷанд буда, соли 2008 гимназияи № 4-и шаҳрро хатм кардааст. Пас аз адои таҳсил дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон чанд сол дар соҳаи бонкдорӣ фаъолият мекунад. Пасон ғайринтизор Green Card бурд карда, муқими Амрико мешавад.

Муаллифи Your.tj бо Абдукаримхони Абдураҳим дар хусуси дуруст пур кардани Green Card, кору зиндагӣ дар Амрико ва қиёси паҳлӯҳои мухталифи ҳаёти тоҷикон ва амрикоиён суҳбат кард.

Бурди Грин-корти Амрико

Абдукаримхони наврас дар курсии мактабӣ менишасту орзуи ба Амрико рафтан мекард. Айни дар синфи 11-ум хондан низ бисёр мехост, ки дар он ҷо таҳсилро идома диҳад ва соҳиби кору зиндагиии хубе шавад. Мутаассифона, пас аз хамти мактаб чунин имкон муяссар нашуд. Чанд сол орзуи бачагиро фаромӯш сохт. Дар зодгоҳаш – Хуҷанд ҳаёти доиншҷӯиро ба сар мебурд. Ҳушу ёдаш бо таҳсил банд шуд.

Баъди хатми ихтисоси иқтисодчӣ-барномасоз дар «Тоҷпромбонк» корро оғоз кард. Фаъолияташ дар он ҷо дер давом накард, пас аз чанде дар Бонки «Эсхата» ба кор шурӯъ намуд. Дар ин бонк 6 сол кор кард ва соли 2018 орзуи бачагияш ҷомаи амал пӯшид, яъне соҳиби Грин-корт шуд.

«Моҳи апрели соли 2017 оиладор шудам.  Баъди ду ҳафтаи оиладорӣ Грин-корт бурд кардам. Баъди мулоҳизаҳо бо волидайни тасмим гирифтам, ки имконияти бадастомадаро бояд истифода барам. Пас аз омода намудани ҳуҷҷатҳо ва анҷом додани суҳбат дар консулгарии Амрико, ки дар шаҳри Алма-ато, моҳи июни соли 2018 ба Амрико сафар намудам.

Гӯё он рӯз орзуи кӯдакиям амалӣ шуда буд.  Хушбахтона, 5 сол боз дар шаҳри Ню-Йорк зиндагӣ, фаъолияти касбӣ ва шароити арзандаи зиндагӣ дорам. Шукрона, ки дар Амрико соҳиби ду фарзанда шудам»-, бо қаноатмандӣ афзуд вай.

Ба назари Абдукаримхон, аксарияти ҷавонони тоҷик дар пур кардани дархости Грин-корт ба чунин хатоиҳо роҳ медиҳанд. Санаи таваллудро хато менависанд, ному насабро нопурра менависанд (бояд фактҳо мувофиқи шаҳодатномаи таваллуд ва шиноснома бошад). Ҳамзамон, вазъи оилавиро нодуруст пур кардан, ҷои таваллудро хато навиштан ва дархостро дубора фиристодан аз ҷумлаи хатоҳои хеле маъмулист, ки ҳангоми пур кардани маълумотнома бисёр роҳ меёбад.

Ню-Йорк чӣ гуна шаҳрест?

Дар ин шаҳри бузург намояндагони ҳамаи миллат ва нажодро вохӯрдан мумкин аст, гуфт қаҳрамони мо. Он ҳар сол беш аз миллион сайёҳро қабул мекунад. Мисол, шаҳрро дар соли сипарӣ наздик ба 56 миллион сайёҳ тамошо карда, мувофиқи оморҳо тақрибан 52 миллиард доллар маблағ сарф намудаанд. Минтақаи машҳуртарини шаҳр Муҷассамаи Озодӣ (The Statue of Liberty) ба ҳисоб меравад.

«Китобхонаи «New York Public Library” соли 1895 бунёд ёфтааст. Он яке аз калонтарин китобхонаҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар 92 нуқтаи иёлати Ню-Йорк бинои худро дорад. Соли 2008 барои таъмир ва азнавсозии он ба андозаи 1 миллиард доллар маблағ ҷудо шудааст.

Аз ин бар меояд, ки он ба китобхона чӣ қадар эътибори калон дода мешавад. Иловатан, дар шаҳр 256 масҷид фаъолият мекунад. Ба ғайр аз ин, дар баъзе муассисаҳо ва корхонахҳо утоқи махсус барои ибодат кардан мавҷуд аст”-, афзуд Абдукаримхон.

Мутахассиси соҳаи IT дар Амрико чӣ гуна муваффақ шуда метавонад?

Қаҳрамони мо дар сохаи IT кор мекунад. Дар солҳои аввали ба Амрико омадан дар ширкати “Finastra” хамчун мутахассиси калони таъмини сифат ва санҷиши барномаҳо (Senior Quality Assurance Engineer) фаъолият мекунад. Дар ин ширкат бо тест кардани низомҳои пардохти байналмилалӣ (SWIFT, FX) ва маҳаллии худи Амрико (Fedwire, Book) машғул гардид. Дар рафти кор бисёр чизҳои навро омӯхт, аз ҷумла бо чӣ гуна барномаҳои берунӣ алоқаманд будани системаҳои пардохт ва тарзи муоширати техникӣ бо онҳоро амиқтар ёд гирифт.

«Ҳоло дар ширкати “Heitmeyer Consulting” кор мекунам. Мизоҷи мо яке аз бонкҳои бонуфузи Амрико мебошад. Мо барои он бонк системаи автоматикунонии пардохтхоро (Fedwire, ACH, Check, Book) коркард ва тест мекунем.

Сарфи назар аз он, ки мутахассисон намояндагони миллатҳои гуногунанд, якдигарро хуб мефахмем. Дар департаменти мо аксарият шаҳрвандони ИМА ва Ҳиндустон мебошанд, аз Точикистон ва ё кишварҳои ИДМ танҳо ман ҳастам» -, илова кард ӯ.

Абдукаримхон бар ин бовар аст, агар ҷавонон дар Тоҷикистон соҳаро хуб омӯзанд ва дар ин соҳа таҷриба дошта бошанд, забони англисиро хуб донанд, бе мушкилӣ дар ширкатҳои хориҷӣ кор карда метавонанд. Ҳоло имконият зиёд аст, курсҳои омӯзишии барномарезӣ зиёд аст, аз онҳо мебояд дуруст истифода бурд.

“Чанд ҷиҳатҳои мусбати мардуми Амрико, ки ҳамватанон мебояд пайравӣ кунанд”

Мардуми Амрико одамонро ба худӣ (амрикоӣ), хориҷӣ, муқимиву муҳоҷир ҷудо намекунанд. Аз ин рӯ, Абдукаримхон на дар кӯча, на дар ҷойи кор боре ҳам худро муҳочир хис накард.

«Вақте ба кор дохил мешавед, шарт мегузоранд, ки ҳамкорони худро сарфи назар аз миллату нажод ва дин эҳтиром мегузоред. Дар ин масъала ҳар вақт тренингҳо низ доир мекунанд. Сардорони шуъбаҳо ва роҳбарон хеле хоксоранд. Кори корманд аз рӯйи кӯшишу ғайраташ баҳогузорӣ мешавад ва унвону вазифааш баланд мегардад, на аз ҳисоби шиносу сармоя. Мисол, роҳбари KFC аз Покистон аст, роҳбарони ширкатҳои Google, Microsoft, IBM, Adobe, World Bank, Pepsi ва Starbucks аз Ҳиндустон мебошанд. Илон Маск, ки яке аз чеҳраҳои шинохтаи Амрико дар олами технология мебошад, роҳбарии ширкатҳои Twitter, Tesla, SpaceX-ро ба уҳда гирифтааст, аслан, муҳоҷирест аз Африқои Ҷанубӣ.

Ростӣ, дар ин ҷо муҳим нест, ки аз кадом кишварӣ, кадом донишгоҳро хатм кардаӣ, танҳо малака ва дониш кифоя аст, то муваффақ шавӣ. Хуллас, Амрико кишвари имкониятҳос»-, изҳори назар кард қаҳрамони мо.

Тавре Абдукаримхон пайхас кардааст, бештарини амрикоиҳо ба китоб муҳаббати хос доранд. Ба гуфтаи ӯ, кӯдакони 10-11 сола дар як сол 10-12 китоби калонҳаҷм ва ё 30-40 хурдҳаҷм мехонанд.

Аз онҳо китобхониро дар мактаб талаб намекунанд, танҳо дар мактаб дарси хониш доранд ва дар як сол тақрибан 7-8 китоб мехонанд, вале 3-4 китоби дигарро ихтиёрӣ бо хоҳиши худ мехонанд. Дар нақлиёти ҷамъиятӣ низ китобхонҳо ба назар мерасад, онҳо на фақат китобҳои бадеӣ, балки китобҳои муқаддас амсоли Қуръон, Инҷил ва Тавротро ҳам мехонанд.

Эроди амрикоиҳо нисбат ба Тоҷикистон

Як дӯсти наздики Абдукаримхон аз блоги амрикоӣ, ки муаллифаш дар шаҳри Хуҷанд тайи чанд вақт зиндагӣ кардааст, муҳтавоеро ба вай ёдоварӣ мекунад. Дар блог оид ба шаҳри Хуҷанд ва сокинони он навиштаанд, ки Хуҷанд шаҳри майда, аммо зебо аст. Дар он дарахт ва кабудизор хеле кам аст. Хӯрокҳо ва дигар хӯрданиҳои бомазза хеле зиёд дорад. Вале он қадар тоза нест, пашшаи сиёҳ хеле зиёд аст.

Тасаввурнокарданист, ки пиру барнои он ҷо партовҳои худро ҳангоми қадамзанӣ дар роҳ мепартоянд. Шаҳр ҳавои вазнин ва чиркин дорад. Обаш аслан тоза аст, аммо шаҳрвандон онро ифлос мекунанд. Дарёи тезу васеъ дорад, лекин соҳилаш ҷои партовҳои пластикӣ аст. Афсӯс.

«Воқеан, дар Хуҷанд ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон мушоҳида мекардам, ки сокинон сигор, пучоқи писта, зарфҳои пластикӣ ва дигар чизҳоро ба ҷӯйборҳо ё сари роҳ мепартоянд. Як камбудии ҷиддии шаҳрамон дар он аст, ки қуттиҳои партов хеле каманд. Дар Амрико сари ҳар қадам қуттиҳои партов мавҷуд аст.

Агар амрикоӣ бо сагаш ба сайру гашт барояд, ҳатман як халтачаро ҳамроҳ мегирад. Он ифлосие, ки сагаш дар роҳ мекунад, соҳиб онро тоза карда, ба партов мепартояд. Агар ин корро накунад, 250 доллар ҷарима месупорад. Лекин оид ба оне ки дар ошхонаҳои Хуҷанд пашшаи бисёр аст, дар бархе ошхонаҳои Амрико низ пашшаи зиёдро дидан мумкин аст»-, дар тақвияти нақли он дӯсташ афзуд Абдукаримхон.

Ёде аз замони кӯдакӣ ва донишҷӯӣ

«Давраи тиллоии кӯдакӣ замоне буд, ки хонандаи мактаб будем -, ёди овони наврасӣ кард Абдукаримхон. -Ёд дорам, ки дар ҳар озмунҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ иштирок мекардем. Маҳз ба шарофати ин чизҳо чӣ будани масъулиятнокӣ ва муҳим будани талошмандӣ ва мубориз буданро омӯхтем. Аз фанни математика дар даври шаҳри озмун иштирок карда, сазовори чойҳои намоён мешудам»,- афзуд ӯ.

«Фаромӯш намекунам, ки дар синфи болоӣ таҳсил мекардам ва муяссар шуд, ки аз фанни математика дар даври шаҳрии озмуи мактаббачагон ширкат варзаму соҳиби мақоми дуюм шавам. Аз ин дастовард муаллимони азизам Оқилова ва Маҳмудова хеле шод шуда буданд.

Ҳамзамон, дар миёни мактабҳо озмуни баҳсии “Debates” бо забон англисӣ доир мешуд. Дар он иштирок карда, оид ба мавзӯъҳои гуногун ибрози назар мекардем. Он рӯзҳо хеле орзупарвар будам. Рӯзе мегуфтам, ки ҳуқуқшинос мешавам, рӯзи дигар иқтисоддон, духтур ва ҳатто футболбоз шудан мехостам”, – нақл кард вай.

Абдукаримхони Абдураҳим соли оли 2008 ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2012 онро бо ихтисоси иқтисодчӣ-барномасоз хатм мекунад. Мегӯяд, то соати 3-и субҳ танбалӣ накарда, мехонданд, ба дарсҳо ва имтиҳонот омода мешуданд.

Имрӯз низоми тестӣ донишҷӯёнро хеле танбал ва ба қавле тайёрхӯр кардааст. Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба ҳамаи омӯзгорони мактабӣ ва донишгоҳӣ, хоса, волидон сипос мегӯяд. Чун дар ҳар комёбии худ саҳми боризи онҳоро мебинад.

Ваҳдати тоҷикон дар Амрико

«Агар хато накунам, дар Амрико наздик ба 9 ҳазор тоҷик истиқомат мекунанд. Мардуми мо аксарият расму оинҳои милливу диниро дар ин кишвар нигоҳ медоранд. Ба хонаи якдигар рафтуомад мекунанд, дар ҳар гуна маъракаҳо ва ҷашну маросимҳо як ҷо чамъ мешаванд. Дар баъзе холатҳо агар касе ба мушкилӣ дучор шавад, маблағ ҷамъ карда, кӯмак мекунем.

Якчанд нафар соҳибкорони муваффақ низ ҳастанд, ки корхонаву ширкатҳои худро ташкил кардаанд. Ҳамватанони худро низ бо ҷойи кори таъмир намудаанд. Зикр кардан ба маврид аст, ки фаъолияти сафоратхона ва консулгарии Тоҷикистонро хеле хуб эҳсос мекунем, зеро дар вақтҳои зарурӣ барои ҳалли муаммоҳоямон кумаки худро дареғ намедоранд»-, иброз дошт ҷавон.

Абдукаримхони Абдураҳим орзу дорад, ки рӯзе ба Ватани баргардад. Он малакаву таҷрибае, ки дар Амрико аз худ кард, дар зодгоҳ низ ҷорӣ кунад ва барои пешрафти иқтисодиёту беҳтар гардонидани зиндагии ҳамватанон саҳм гузорад. Ҳарчанд дур аз Ватан аст, аммо ҳамеша пораи қалбаш дар Тоҷикистони азиз аст.

Файзуллохон Обидов

Skip to toolbar