Агробизнес. Чӣ тавр як зан дар Кӯшониён як гову гӯсоларо ба 20 сар чорво табдил дод ?

Ҳалима Абдуллоева аҳли хонаводаашро ба кори молпарварӣ ҷалб намудааст ва барои корашон ба онҳо музд медиҳад.


Ҳалима Абдуллоева 60 сол дорад. Ӯ сокини ноҳияи Кӯшониён аст. Холаи Ҳалима барои пешбурди зиндагӣ ба чандинд корҳо машғул шудааст, дар асл ӯ омӯзгор аст ва як замон дар муҳоҷират низ будааст. Аммо ахиран ӯ ба говдорӣ рӯ овард ва ҳоло ҳамроҳи хонаводааш аз ҳамин ҳисоб зиндагӣ мекунанд. Холаи Ҳалима дар аввал қарз мегирад ва як гови ҷӯшоро бо гӯсолааш мехарад. Ҳоло хола 20 сар гов дораду ҳар рӯз ба бозор то 150 литр ширу ҷурғот  мебарорад.

Ҳалима Абдуллоева дар суҳбат бо  Your.tj  оид ба асрори говдорӣ, муҳоҷират ва чӣ гуна дар шароити деҳа  пайдо кардани роҳҳои шуғли даромаднок  ҳарф зад.

Говдорӣ – кори оилавӣ

Ҳалима Абдуллоева як қисмати ҳавлии  6 сотиқаи худро ба “ферма” – и хӯрдакаки молпарварӣ табдил додааст, ки дар он писару келин ва худу ҳамсараш, кор мекунанд.  Масалан писару келинаш хӯроки чорворо тайёр намуда дар вақташ медиҳанд ва холаи Ҳалима бо ҳамасараш дар ин корҳо ёрӣ медиҳад. Келин ҳар субҳу шом говҳоро меҷӯшад ва хола ширу ҷурғоту қаймоқро ба бозор мебарад.

Холаи Ҳалима мегӯяд, ки се сол қабл аз Фонди Қарзии Хурди “Меҳнатобод” қарзи имтиёзноке, ки лоиҳаи USAID барои рақобатпазирии агробизнес пешниҳод кардааст, мегирад. Бо кӯмаки мутахассисони лоиҳа як гови хубу ширдеҳро бо гӯсолааш мехарад. Пас аз муддате он гови хола боз  гӯсола таваллуд мекунад. Ҳалима-хола  он говро  ба маблағи  9 ҳазору  800 сомонӣ мефурӯшад. Пасон, ба  3 500 сомонӣ ду ғуноҷини дигар мехарад. Ҳамин тариқ, ӯ аз ҳисоби фоидааш шумори чорворо зиёд мекунад, ки сафи онҳо имрӯз ба 20 расидааст.

“Ман говбониро аз соли 2019 сар кардам. Ин бизнеси хуб аст. Дар  даруни хона бо аҳли оила корро пеш мебарем. Касе ба мо раис нест. Барои зиндагии шоиста доштан  меҳнати ҳалол мекунем. Ҳамсараму фарзандонам берун  кор кофта намераванд.

Пештар писари ман дар як ошхона кор мекард. Бо хоҳиши ман аз ин кор даст кашид ва имрӯз ҳамаи оила бо гов сари кор дорем. Обу хӯроки говҳоро бештар келину писрам медиҳанд. Ману ҳамсарам ба онҳо ёрӣ медиҳем.  Дар ширҷӯшӣ ба келин низ кӯмак мекунам. Вазифаи ба бозор бурда фурӯхтани ширу ҷурғоту қаймоқ дар гардани ман аст”, – нақл мекунад, холаи Ҳалима.

Тарзи ногоҳубинӣ чорво

Келину писари холаи Ҳалима аз соати 5 – и саҳар сар карда дар тараддуди ем тайёркунӣ  мешаванд. Онҳо  саҳар ва бегоҳ хӯроки чорворо тайёр мекунанд. Холаи Ҳалима ба онҳо меъёри тайёр кардани емвории говҳоро нишон додааст.

“Еми говҳои мо аз кунҷора, коҳ, орди макка, нони қоқ, пучоқи меваю сабзавот, иборат аст.  Дар говхона як тарозу дорем. Кунҷораю орди маккаро 2 кг баркашида, ба он коҳу пучоқ ва нони қоқро омехта мекунем ва рӯзе ду маротиба ба говҳо медиҳем. Нисфирӯзӣ  ману келин говҳоро об медиҳем”, – фаҳмонд, холаи Ҳалима.

Ҳалима Абдуллоева 2 моҳ пеш моҳ 3 тонна кунҷораро бо нархи  4 сомонию  65 дирам харидааст.  Ҳозир нархи кунҷора  то 25-30 дирам боло рафтааст. Вай чанде пеш  аз якум дарави юнучқа низ бандаҳояшро бо арзиши 24 сомонӣ харида захира намудааст. Имрӯз бандҳои алафи хушк  30 сомонӣ арзиш доранд.

Холаи Ҳалима ба ин назар аст, ки қиммат шудани емворӣ баҳонаю сабаб  нест, ки ӯ аз шуғли говдорӣ рӯ тобад. Агар емворӣ қиммат шавад, ӯ роҳҳои дигари фоида гирифтанро дорад.

“Алаф ва кунҷораро дар мавсимаш, ки арзон аст, захира мекунам. Пасон вақте  ҳамсояҳову шиносҳо ба алафу кунҷора ниёз пайдо мекунанд,  ба хонаи мо  хариданӣ меоянд.  Ба онҳо бедаю кунҷораро бо нархи ҳозира мефурӯшам. Ин ҳам як роҳи даромад аст.

Барои тирамоҳу зимистон 1500 банди беда захира мекунам. Ғайр аз ин,  чигит мехарам. Соли гузашта ҳар кг  онро 3,5 сомонӣ харида будам. Чигитро дар деги калон андохта, ба он  об рехта меҷӯшонам. Аз зарби ҷӯшидан гази зарарноки чигит нест мешавад. Равғаннокии чигит аз кунҷора дида бештар аст. Ба говҳо  дар зимистон орди маккаю кунҷора намедиҳам. Дар ин вақт еми онҳо аз  чигит,  каҳ ва  нони қоқ таркиб меёбад”, – шарҳ дод, Ҳалима Абдуллоева.

Даромад аз ширу таппак

Холаи Ҳалима дар бозор нишаста ба савдои чакана  машғул шудан намехоҳад. Ӯ ба мизоҷон  1 литр ширу ҷурғотро бо нархи 4 сомонӣ ва 1 литр қаймоқро бо арзиши 35 сомонӣ яклухт мефурӯшад. Дар лабораторияи назди бозор ҳар рӯз сифати ширу ҷурғотро месанҷанд.

“Ба пули савдои ширу ҷурғот боз  алафу ем мехарам. Албатта,   либосворӣ ва дигар ниёзҳои оиларо низ мегирам. Хонаамон корхонаи мост, ба писар ва келин низ маош медиҳам”, – афзуд, Ҳалима-хола.

Хола мегӯяд, ки молҳояшро мисли фарзндонаш дӯст медорад, онҳоро меҳрубонӣ мекунад ва ҳаморҳашон суҳбат мекунад. Ӯ давоми рӯз молҳояшро чандин маротиба хабар мегирад.

“Ҷонаки ман, асали  ман, мемурам дар ту!” – гӯён сару гардани говҳоро хору мол карда истода будам, ки ногаҳон  ҳамсояи девордармиён овозамро шунида, садо баровард “Холаи Ҳалима, амакамро меҳрубонӣ карда истодаӣ!”, хандида гуфтам не, говҳоямро”, – бо ханда нақл кард, холаи Ҳалима.

Холаи Ҳалима мегӯяд, ки захираи таппаки  онҳо ҳисоб надорад. Дар тирамоҳу зимистон таппак ёвари беминннати онҳост. Яъне, бо он хонаро гарм мекунанд, хӯроки говҳоро мепазанд. Ғайр аз ин, аз фурӯши таппак соле то 7-8 ҳазор сомонӣ фоида мебинанд.

“Келин, ман ва набераҳо аз моҳи май сар карда, то охирҳои сентябр таппак мекунем. Таппакаҳои калон-калонро бо нархи 50 дирам мефурӯшем. Алабатта, он қисмеро мефурӯшем, ки аз ниёзи мо  мемонад. Дар поёни оғил ҳавзи махсус сохтаем, ки он ҷо дар зимистон охлоти гов нигоҳ дошта мешавад. Ҳаво, ки гарм шуд, таппак заданро сар мекунем”, – мегӯяд, Ҳалима Абдуллоева.

Омӯзгори математика

Холаи Ҳалима, аслан, муаллимаи фанни математика аст. Ӯ 16 сол дар мактаби №1 – и деҳа, ки худ низ дастпарвари он буд, кор  кардааст. Вай соли 1997 фаъолияти омӯзгориро бо сабаби беморӣ, қатъ мекунад.

“Соли 1974 падарам бандагӣ карданд. Мо 8 фарзанд  зери тарбияи модар мондем. Аз байни духтарон як ман орзуи хондан доштам. Модарам хост, ки аз духтаронаш, аққалан, ман хонаму маълумоти олӣ гирам.

Ҳамин тавр, ба факултети математикаи   инститтути педагогии ба номи Т. Г. Шевченкои шаҳри Қӯрғонтепа (ҳозира ДДБ) дохил шудам. Хушбахтона, пас аз хатм  боз дар мактаби худам ба ҳайси муаллима кор кардам. Соли 1988 ба ҳамсинфи худ оиладор шудам. Соҳиби  3 духтару 2 писар шудем. Шукрона, 4  фарзандро хонадор кардем. Писари хурдиам ҳоло оиладор нест”, – нақл мекунад, холаи Ҳалима.

Ҳалима Абдуллоева пас аз фаъолияти муаллимӣ рӯ ба соҳаи  тоҷирӣ меорад.  Аз лаби ҷӯй пудина чида мефурӯхт. Аз мардуми говдор  қаймоқ харида, ба шаҳрҳои Бохтар,  Кӯлоб ва Душанбе бурда мефурӯхт.

“Бо шавҳарам дар хонаи хушдоман зиндагӣ мекардем. Мо бояд кор карда хона мехаридем. Шавҳарам ронанда шуда кор мекарданд. Ман бемор шудаму дигар муаллимӣ карда натавонистам. Вақте аз  бистари беморӣ хестан ба кори савдо гузаштам.

Бо маоши ҳамсарам ва бо пули пудинафурӯшию қаймоқфурӯшӣ  аз як бинои 4 ошёнагӣ хона харидем. Чанд сол дар ин хонаи хурд зиндагӣ кардем. Пасон, ман боз 3 бор ба Русия рафтам. Дар як фирмаи калон фаррош шуда кор кардам. Бо пули кор кардаам  хонаи ҳозираро, ки 6 сотиқ аст, харидем. Хулласи гап, бо меҳнати ҳалол соҳиби хона шудем. Имрӯз ин хона  фермаи мост”, – хурсандона мегӯяд, холаи Ҳалима.

Холаи Ҳалима ба дигар занҳо тавсия медиҳад, ки бо қарз ҳам бошад гов бихаранд.  Агар рӯзе  ба 10 сомонӣ говро  ем диҳанд, имкон аст, ки боз ду баробари пули ба ем харҷ кардаро ёбанд.

Файзуллохон Обидов