fbpx

“Дар орзуи тамошои телевизор”. Чӣ тавр 5 оила дар Кӯшониён 23 сол боз бе қувваи барқ зиндагӣ доранд

Ин сокинон бо қадри имкон аз муҳаррикӣ дизелӣ истифода мекунанд, чун на ҳама вақт барои харидани сӯзишворӣ маблағ ёфта метавонанд.


1
1 point
Санавбар Одинаева

Беш аз 23 сол аст, ки дар ноҳияи Кӯшониён 5 оила аз қувваи барқ маҳруманд. Хонаи ин оилаҳоро бар асари сел вайрон шуда буд. Баъдан мақомот ба онҳо аз як макони бе барқ, ки 3 км дуртар аз деҳаашон ҷойгир буд, замин додаанд. Он замон ваъда карда буданд, ки ин ҷо пас аз муддате деҳаи нав мешаваду бо қувваи барқу бунгоҳи тиббӣ таъмин мегардад, аммо…

Муаллифи Your.tj ба манзили ин сокинон рафт, то аз аҳволи зиндагиашон бипурсад.

Зимни сафар ба ин деҳа ронандаи таксӣ моро аз бозори фаровони Бохтар то Савхози Файзалӣ  оварда, дар охири қишлоқ расонд. Мо аз чанд роҳгузар пурсидем ки хонаҳои 5 оилае, ки ки солҳост барқ надоранд дар куҷост?  Роҳро нишон доданд ва мо 3 км роҳи пур аз хокро пиёда тай карда ба манзили онҳо расидем. Хонаҳои ин сокинон нимсохту хеле одианд. Дар заминҳои наздиҳавлигиашон ҳама гуна сабзавоту дарахтони мева шинонидаанд, маълум, ки хуроквориро аз ҳамин замин мегиранд.

Ин сокинон алакай ба ҳаёти бебарқӣ одат кардаанд аммо умедашонро аз даст надода, пайваста ба мақомотҳои дахлдор муроҷиат мекунанд. Баъзан то қадри имкон аз балонҳои газиву муҳаррикӣ дизелӣ истифода мекунанд, аммо бисёр вақт аз ҳезуму оташдон. Мағоза низ надоранду барои харидани маводҳои лозима ба мағозаи деҳа мераванд.

Санавбар Одинаеваи 53-сола 23 сол боз инҷониб бо чаҳор ҳамсояаш дар ин макон зиндагӣ мекунад. Мегӯяд, ки зиндагӣ бидуни барқ хеле душвор аст. Шабҳои торикро бо шамъу фонус рӯз мекунанд ва аз харидани шамъу фонарик, сӯзишворӣ барои муҳаррики дизелӣ хаста шуданд.

Ниҳолҳои шинонидаи ин сокинон алакай дарахтони калони сояафкан шудаанд, аммо то ҳол ба хонаҳояшон рӯшноӣ наомадааст.

23 соли бе барқӣ…

Ба нақли Одинаева,  офати табиии соли 1999 сабаби бе барқ мондани 5 хонавода дар деҳаи Дӯстии  ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён гардидааст. Дар натиҷаи баланд шудани сатҳи оби дарёи Вахш чанд манзили истиқоматӣ, аз ҷумла хонаи ӯ ва масҷиди деҳа зери об монд. Мақомот ба 5 оила се километр дур аз деҳа қитъаи замини наздиҳавлигӣ доданд, ки онҳо дар онҷо манзил бунёд карданд.

“Он вақт мутасаддиён ваъда дода буданд, ки инҷо деҳа мешавад ва дар ҳамдастӣ бо дигар масъулини марбута моро бо хати барқ, бунгоҳи тиббӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ таъмин мекунанд. Мутаассифона бо гузашти беш аз 23 сол ваъдаҳо иҷро нашуданд”, –  мегӯяд ӯ.

Фарзандони Санавбар Одинаева борҳо ба падару модарашон аз манзили сохтаашон шикоят мекунанд ва тақозо менамоянд, ки аз ин ҷо кӯчида раванд. Ду духтари Одинаева бо сабаби дурии роҳ аз таҳсил дур монданд, ӯ метарсад, ки духтаронашро танҳо ба роҳи дур равон кунад.

“Ҳамроҳи ҳамсояҳо чанд маротиба ба ҳукумати ноҳия барои ҳалли мушкилотамон муроҷиат кардем. Омада аз вазъиятамон огоҳ мешаванд, ваъда медиҳанду мераванд. Аризаҳои навиштаамон як халта шуданд. Чанд сол аз муҳаррикҳои барқӣ истифода бурдем. Дигар зӯрамон ба харидани сӯзишворӣ нарасид. Қувваи барқро дар хонаи хешу табор мебинем. Имконияти аз ин ҷо кӯчидану дар дигар ҷой хона сохтанро надорем”,-  мегӯяд,  Одинаева.

Оилаи Одинаевҳо як сол пеш бо маблағи 4 ҳазор сомонӣ батареяи офтобӣ харидаанд, ки танҳо 3 хонаводаро бо рӯшноӣ таъмин мекунад, телевизору дигар асбобҳои барқиро рӯшан кардан наметавонанд.

«Аз харидани шамъу фонарик хаста шудем»

Дилором Садирова ҳамсояи Санавбар Одинаева низ  дар як рӯз се – чор маротиба дар ошдон барои хонаводааш хӯрок мепазад. Барои захираи ҳезум дар мавсими кори саҳро аз субҳ то шом ба чобуқи пахта машғул мешавад, то ҳарчӣ бештар ғузапая ҷамъоварӣ кунад. Кӯдаконаш мехоҳанд телевизиор тамошо кунанд, аммо барқ надоранд. Мегӯяд, ки барои фарзандонаш ид аст, он рӯзе, ки онҳо ба хонаи хешовандон мераванд ва то баргаштан танҳо телевизор тамошо мекунанд.

“Аз шамъу фонарик харидана хаста шудем, як фонорик 15-20 сомонӣ буд, ҳоло ба 50 сомонӣ расидааст. Фонарикро барои қувва гирифтан дар офтоб мемонам. Дар тобистон сатил ва боқлашкаҳоро пури об карда, дар офтоб мемонам. То гарм карда, либосҳоямонро шӯем»,- мегӯяд Дилором Садирова.

Дилором Садирова

Ин сокинон мегӯянд, онҳо аз тамоми воқеаҳои муҳими кишвар бехабар мемонанд, танҳо замоне аз пешравиҳои мамлакт огоҳ мешаванд, ки дар хонаҳои хешу табор ҳастанду телевизор тамошо мекунанд. Гоҳо дар дохили мошинҳо аз мусофирон сафарҳои президент ба минтақаҳои гуногуни мамлакатро мешунаванд.

Кӯдакон дар орзуи тамошои телевизиор

Сафаралӣ Одинаев хонандаи синфи 4 аст. Орзуи тамошо кардани телевизорро дорад. Мегӯяд, ки гоҳо дар телефони падараш филми тасвирӣ ва ё филмҳои тарбиявиро тамошо мекунад.

“Хонаи бобои модариам қувваи барқ доранд, ҳар вақте ба онҷо меравем телевизор тамошо мекунам. Дар инҷо барқ нест, телевизор нест ва кӯшиш мекунам, ки дарсҳоямро то шом омода кунам”, – мегӯяд хонанда.

Ин 5 оила мегӯянд, ки роҳи расидан ба хонаҳояшон дар тобистон хок ва дар зимистон лой аст. Ронандаҳо онҳоро 3 километр дур аз хонаҳояшон мефароранд. Фарзандонашон омада, бо аробаву дучарха халтаҳояшонро мебаранд.

Роҳ аз манзили ин сокинон ба сӯи деҳа.

Аз мақомот кӯмак мехоҳем

Ин 5 оила то чанд соли пеш мехостанд мақомоти маҳаллӣ онҳоро аз миёни пахтазор ба ҷойи дигар кӯчонанд, то қувваи барқ ва роҳу бунгоҳи тиббӣ дошта бошанд. Соли 2019 хабарнигори нашрияи «Садои мардум» дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон Сулаймон Султонов зимни нишасти матбуотӣ аз раиси ноҳияи Кӯшониён Икромиддин Вализода пурсон шуд, ки тақдири ин 5 оила чӣ мешавад, оё ба дигар ҷой кӯчонида мешаванд?

Посухи раис чунин буд: «Агар мо заминҳои кишоварзиро тақсим кардан гирем ба ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат- таъмини амнияти озуқаворӣ ноил шуда наметавонем. Тақдири ҳар як шаҳрванди  ноҳия барои мо дар мадди аввал меистад. Ҳатман ин масъаларо дида мебароем. Мувофиқи имкониятҳо кумаки хешро мерасонем».

Ин хонаводаҳо мегӯянд, ки бо гузашти беш аз 20 сол ва иваз шудани чанд раиси ноҳия мушкилоташон ҳал нашуд. Онҳо аз нав хона бунёд карданд, дигар намехоҳанд, ки ба ҷои дигар кӯчонда шаванд. Акнун ягона орзуяшон таъмини барқ ва роҳ аст, ки мехоҳанд мақомот мушкилоташонро ҳал намояд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend