Як марзбони тоҷикро барои куштани ҳамхидматаш ба 10 соли зиндон маҳкум карданд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Сел дар Варзоб ва ғарқ шудани кӯдакони 6 ва 1-сола дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ванҷ

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳодисаҳои фаромадани сел, инчунин далелҳои рух додани ҳодисаҳои нохуш дар обанборҳои кишвар ба қайд гирифта шуданд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, соати 16:00-и рӯзи 13 май боришоти шиддатнок ба фаромадани лойқа дар қаламрави деҳаи Гажнеи ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъаи ноҳияи Варзоб боис шуд.

Бар асари фаромадани сел ҳавлӣ ва чор хона бо лойқа пур шуда, сокинони онҳо ба макони бехавф интиқол дода шуданд. Ҳамчунин бар асари сел километри 32-юми роҳи Душанбе – Варзоб муваққатан баста шуд.

Барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ комиссияи ноҳиявӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода, инчунин Гуруҳи кории Кумита ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, дар ин ҷойҳо бо техникаи махсус корҳо ба роҳ монда шуданд.

Рӯзи 13 июн дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуд. Соати 17:30 як ҷавнозан ба шуъбаи навбатдории Кумита занг зада, хабар дод, ки писари 6-солааш ҳангоми оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шудааст. Имдодгарони Кумита ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, корҳои ҷустуҷӯӣ ҷараён доранд.

Дирӯз дар соҳили дарёи Панҷ, ки тариқи деҳаи Даштаки ҷамоати Водхуди ноҳияи Ванҷи ВМКБ мегузарад, сокинони маҳаллӣ ҷасади зани 20-солаи сокини деҳаи Язғуломи ҳамин ноҳияро дарёфтаанд, ки 1 июни соли ҷорӣ бо сабабҳои номаълум бо писарчаи 1-солааш худро ба дарё партофтааст. Ҷустуҷӯи ҷасади кӯдак идома дорад.

Як марзбони тоҷикро барои куштани ҳамхидматаш ба 10 соли зиндон маҳкум карданд

Додгоҳи ҳарбӣ дар Хуҷанд як сарбози нерӯҳои марзбониро бо гуноҳи “қасдан ба қатл расондани ҳамхидматаш” ба 10 сол ва сардори дидбонгоҳи “Нуробод” дар ноҳияи Деваштичро ба 1 сол зиндон маҳкум кардааст.

Дар хабаре, ки рӯзи 14-уми июн дар сомонаи Додситонии кулли Тоҷикистон нашр шуд, гуфтаанд, ҳодиса 16-уми январи имсол дар дибонгоҳи сарҳадӣ дар ноҳияи Деваштич рӯй дод. Ҳукмро моҳи майи имсол эълон кардаанд.

Мақомот гуфтаанд, посбони дидбонгоҳ Муҳаммадҷон Исоев бо истифода аз силоҳи “Калашников 74” ҳамхидматаш Қурбонзода К.С-ро “аз масофаи наздик ба сараш як тир зада, ба ҳалокат расонд”.

Додситонӣ навиштааст, Исоев ин корро бе сабаб кард ва айни замон афсари марзбонӣ Фарҳод Довутиевро ба бепарвоӣ гунаҳкор намудааст.

Назари пайвандони сарбозу афсари маҳкумшуда ва ҳам сарбози кушташуда ба қазия ва ҳукм маълум нест.

Дар Тоҷикистон барои хонандагони синфҳои 1-ум дарс аз 1 август оғоз мешавад

Дар Тоҷикистон аз 1 август дар мактабҳо дарси мутобиқсозӣ барои хонандагони синфҳои 1-ум оғоз мешавад.

Тавре аз Вазорати маориф ва илми кишвар хабар доданд, давраи машғулиятҳои омодагӣ ба мактаб то 20 август идома ёфта, дарсҳои пурра аз 1 сентябр оғоз мешаванд.

Дар Вазорати маориф, ҳамчунин афзуданд, ки “машғулиятҳои омодагӣ ба мактаб  барои хонандагони синфи якум ҳамасола баргузор мешаванд.”

«Дар чунин дарсҳо хонандагони синфҳои 1-ро ба режими мактаб омода мекунанд, бо онҳо сӯҳбат гузаронида, тавассути бозиҳо маълум мекунанд, ки вақти онҳо дар мактаб чӣ гуна мегузарад ва дар машғулиятҳои дигар усулҳои мутобиқсозии кӯдаконро истифода мебаранд», – гуфтанд дар вазорат.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати маориф афзуд, ки дарси мутобиқшавӣ барои хонандагони синфҳои якум дар муассисаҳои таълимии буҷетӣ ҳатмӣ буда, дар муассисаҳои таълимии хусусӣ бо дархости волидон ва омӯзгорон гузаронида мешавад.

Тими миллии Тоҷикистон бори аввал ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт.

Ба иттилои сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, новобаста аз натиҷаи бозии даври севум ва охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F”, ки 14-уми июн дар Бишкек муқобили тими миллии Қирғизистон баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии қора роҳ ёфтааст. Марҳилаи ниҳоии бозӣ аз 16-уми июн то 16-уми июли соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бояд дар Чин оғоз меёфт, вале дертар Пекин аз гузаронидани мусобиқа даст кашид. Дар куҷо баргузор шудани марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 рӯзи 17-уми октябри имсол дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё маълум хоҳад шуд.

Бозӣ миёни тимҳои миллии Қирғизистон ва Тоҷикистон шоми 14-уми июн дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови Бишкек соати 21:00 бо вақти маҳаллӣ (соати 20:00 бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Пеш аз ин бозӣ дар ин варзишгоҳ соати 16:30 бо вақти маҳаллӣ (соати 15:30 бо вақти Душанбе) дастаҳои мунтахаби Сингапур ва Мянмар ба рақобат мепардозанд.

Бозиҳои даври охирин дар ин гурӯҳ чандон арзиши муҳим надоранд, зеро дастаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки 6-имтиёзӣ гирифтаанд, амалан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ пайдо кардаанд. Аммо ҳарду даста барои дар гурӯҳ ғолиб шудан талош меварзанд. Мунтахаби Тоҷикистонро дар ин бозӣ натиҷаи мусовӣ ҳам қаноатманд мекунад.

Бозиҳои даври севум ва охирин дар панҷ гурӯҳи дигари марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 имрӯз, 14-уми июн, баргузор мешаванд.

Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 шаш ғолиби гурӯҳҳо ва панҷ дастае, ки бо натиҷаҳои хубтар дар ҷойҳои дувум қарор мегиранд, роҳ пайдо мекунанд.

Бояд гуфт, ки қаблан тимҳои миллии Эрон, Ҷумҳурии Корея, Имороти Муттаҳидаи Араб, Лубнон, Ироқ, Сурия, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Австралия, Умон, Ветнам, Чин ва Қатар ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат гирифтанд.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023

Гурӯҳи «F»

Даври 1-ум

Тоҷикистон – Мянмар – 4:0

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 9 (1:0), МанучеҳрҶалилов, 55 – аз пеналти (2:0), Шервонӣ Мабатшоев, 57 (3:0), Эҳсони Панҷшанбе, 84 (4:0)

Қирғизистон Сингапур 2:1

Голҳо: Сон Уй-Янг, 55 (0:1). Валерий Кичин, 77 – аз пеналти (1:1). Виктор Майер, 80 (2:1).

Даври 2-юм

Сингапур – Тоҷикистон – 0:1

Гол: Шервонӣ Мабатшоев, 53 (0:1)

Мянмар – Қирғизистон – 0:2

Голҳо: Виктор Майер, 25 (0:1), Виктор Майер, 45+1 (0:2),

Даври 3-юм

14-уми июн (сешанбе)

Мянмар – Сингапур, 15:30

Қирғизистон – Тоҷикистон, 20:00

Гурӯҳи «А»

Урдун – Кувайт, 21:15

Индонезия – Непал, 00:15

Гурӯҳи «В»

Фаластин – Филиппин, 9:30

Яман – Муғулистон, 14:00

Гурӯҳи «С»

Ҷазираҳои Молдив – Шри-Ланка, 17:00

Узбекистон – Тайланд, 20:30

Гурӯҳи «D»

Афғонистон – Камбоҷа, 16:30

Ҳиндустон – Ҳонконг, 20:00

Гурӯҳи «Е»

Баҳрайн – Туркманистон, 14:15

Малайзия – Бангладеш, 16:00

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.