Муҳайё ва Наимҷон ду сокини вилояти Суғд мебошанд, ки барои гирифтани протез эҳтиёҷ доштанд. Онҳо ба филиали Корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедӣ”-и шаҳри Душанбе дар шаҳри Хуҷанд муроҷиат карда, талаботи худро ройгон қонеъ сохтанд.
Қаблан сокинон барои гузоштани дасту пойи сунъӣ ба шаҳри Душанбе ва ё хориҷи кишвар сафар мекарданд. Ҳоло имкон даст медиҳад, ки дар маркази вилояти Суғд ниёзи худро бароварда кунанд.
Муаллифи Your.tj бо қиссаи ду ҷавони болозикр, ки баъди соҳиби протез шудан ҳаёташонро аз нав сохтанд, шинос шуд. Ҳамзамон, аз тарзи корбарии коргоҳи протезбарорӣ дар шаҳри Хуҷанд огоҳӣ ёфт.
Қиссаи бонуе, ки барои дубора қадам гузоштан талош кард
Муҳайё Бобораҳимова сокини Ҷамоати деҳоти Пӯлодони шаҳри Конибодом аст. Барои духтараки ҳанӯз 26-сола роҳи бозгашт ба зиндагии фаъол осон набуд. Ӯ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад, ки моҳи январи соли 2025 дар ҳарду пояш амалиёти ампутатсия гузарониданд.
“Охири моҳи июли соли гузашта барои гирифтани протез ба шаҳри Душанбе рафтам. Ба ман маслиҳат доданд, ки ба филиали корхона дар Хуҷанд равам.
Дар Хуҷанд ҳангоми муоина мутахассисон муайян карданд, ки пойҳоям ҳанӯз барои гирифтани протез омода нестанд. Гуфтанд, ки онҳоро машқ додан лозим. Пойҳоямро болои болин гузошта, оҳиста-оҳиста ба пешу қафо ҳаракат мекардам”, – нақл кард ин бону.
Танҳо моҳи октябри соли гузашта пойҳои Муҳайё барои протез гузоштан омода шуд. Ба ҳарду пояш протезе, ки то зону аст, гузоштанд.
“Рӯзҳои аввал истифодаи протез осон набуд. 10 рӯз машқ кардем. Дар аввал сахт азоб медод, чунки пойҳоям варам мекарданд. Вале сабр кардам. Бароям дубора омӯхтани роҳгардӣ муҳим буд, то муҳтоҷи кас намонам”, – нақл кард қаҳрамони мо.
Имрӯз вай бе асо роҳ меравад ва худро мустақил ҳис мекунад. Пойҳояш низ дигар варам намекунад ва протезро бе азоб мепӯшад.
“Ҳоло бемалол роҳ мегардам. Дарозии қадам 1 метру 65 см буд. Лекин вақте бори аввал протезро гузоштанд, қадам 10 см кӯтоҳтар шуд. Баъд аз чанд вақт боз протези нав сохта доданду дарозии қадам мисли пештара шуд. Ранги протез низ мисли ранги пой аст. Вақте шим мепӯшам, пойҳои сунъӣ доштанам қариб, ки маълум намешавад”, – бо қаноатмандӣ иброз дошт Муҳайё.
“Ният дорам,ки касбамро давом диҳам”
Муҳайё Бобораҳимова омӯзгори забони англисӣ дар мактаби №23-и шаҳри Конибодом аст. Ӯ собиқаи кори якунимсола дошта, ҳоло дар рухсатии музднок (декретӣ) қарор дорад.
“Нияти баргаштан ба кор дорам. Баъд аз декрет ҳатман кор мекунам. Ҳоло бемалол роҳ меравам, пас чаро кор накунам”, – саволомез гуфт ӯ.
“Бо пойи сунъӣ зиндагӣ дигаргун шуд”
Қаҳрамони дигари мо Наимҷон Анваров сокини Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст. Ӯ низ бо амри тақдир ниёз ба пойи сунъӣ пайдо кард.
Як сол бе протез гашт. Зеро вай намедонист, ки онро аз куҷо дастрас кардан мумкин аст. Ба ӯ як намояндаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳия фаҳмонид, ки дар шаҳри Хуҷанд низ коргоҳи протезсозӣ фаъол аст. Ҷавон ба мутахассисони ин корхона муроҷиат кард, онҳо барои пояш протез сохта доданд.
“Барои ченкунии андозаи пой ва қолабгирӣ вақти кам сарф шуд. Гуфтанд, ки бароям протези аз зону поён мувофиқ аст. Он дар як ҳафта омода шуд. Вале барои мутобиқ шудан ба истифодаи протез моҳе 5 маротиба ба назди мутахассисон рафта, пӯшидан ва роҳгардӣ бо протезро машқ кардам. Вақте корбурди онро ёд гирифтам, зиндагӣ боз осонтар шуд”, – нақл кард Наимҷон.
Имрӯз қариб 5 сол мешавад, ки қаҳрамони мо бо протез озодона роҳ меравад ва худро бароҳат ҳис мекунад. Ӯ 31-сола мебошад ва дар коргоҳе, ки бо коркарди пластмасса ва селофан машғул аст, кор мекунад.
“Дар сех рост истода кор мекунем. Рӯзи дароз дар як ҷо нишаста кор намекунам. Пластмассаву селофанҳои ҷамъшударо об карда, қубурҳо истеҳсол мекунем. Дар хона бекор нишаста наметавонам. Бо протез ба ҳар ҷойе хостам, меравам. Ба тавре зиндагиямро мебинам”,- бо эҳсос гуфт Наимҷон.
Ӯ ҳамзамон таъкид мекунад, ки рӯзҳои нахусти истифодаи протез осон набуд. Дар ду моҳи аввал каме азоб кашид. Протез ба қисми болои по фишор оварда, ҷойи расишро сурх мекард. Ба ҷойи захми пой марҳам молидан лозим меомад. Албатта, бо риояи тавсияҳои мутахассисон ин чизҳо бартараф гардид.
Протезу ортези ройгонро аз куҷо дастрас кардан мумкин?
Аслан, Филиали Корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедӣ”-и шаҳри Душанбе дар шаҳри Хуҷанд аз соли 1989 фаъолият мекунад. Мудири он Хисрав Мирраҷабов зимни суҳбат гуфт, ки то соли 2016 фаъолияти коргоҳ асосан ба таъмири протезу ортез маҳдуд мешуд. Танҳо аз соли 2016 бо дастгирии Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон корхона аз таъмири куллӣ гузашт.
“Бо мусоидати Сафорати Ҷопон бино пурра навсозӣ шуд ва бо дастгирии Салиби Сурх сехҳои муосир бо дастгоҳҳои нав барои истеҳсоли протезу ортез таъсис ёфт. Имрӯз низ филиалии хуҷандии коргоҳ барои сокинони вилояти Суғд истеҳсол ва таъмирсозии протезу ортез ва дигар ашёеро, ки барои маъюбон ва беморон лозим аст, идома дода истодааст”, – шарҳ дод номбурда.
Тавре мудир иттилоъ дод, дар соли сипарӣ барои гирифтани протез муроҷиат бештар буд. Яке аз сабабҳои асосии он афзоиши бемории қанд миёни сокинон ва амалиёти ҷарроҳии ампутатсияи пой мебошад.
“Дар соли 2025 беш аз 1800 нафар сокини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои гирифтани протез, ортез, миёнбанд, пойафзоли ортопедӣ, асо ва асобағал барои нобиноён муроҷиат карданд.
Дархостҳо саривақт баррасӣ ва қонеъ гардонида мешаванд, ҳамзамон, тамоми намудҳои хизматрасонӣ комилан ройгон мебошанд. Хизматрасонӣ танҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маъюбӣ анҷом дода мешавад”,- таъкид дошт Хисрав Мирраҷабов.
Як протез дар чанд вақт тайёр мешавад?
Асосан, дар ин корхона протезҳои пой (аз зону боло ва поён) ва даст истеҳсол мекунанд. Мутахассисон дасту пойи сунъиро вобаста ба мураккабии вазъи саломатии бемор шуруъ аз 20 рӯз то як моҳ месозанд. Дар мавсими гармо қолабҳо тезтар хушк шуда, муҳлати омодашвӣ камтар мешавад.
Айни ҳол дар филиал 16 нафар корманд фаъолият доранд, аз ҷумла, мутахассисони протезу ортез, ду ҳамшираи ортопедӣ ва ғайра. Пас аз гирифтани протез, беморон зери назорати мутахассисон то 10 рӯз омӯзиши роҳравӣ ва истифодаи дурусти онро мегузаранд.
Ортезҳо барои кӣ пешбинӣ мешавад?
Сохтани ортезҳо, миёнбандҳо ва пойафзолҳои ортопедӣ низ аз самтҳои серталаби фаъолияти корхона ба шумор меравад.
“Ортезҳо барои шахсоне пешбинӣ шудаанд, ки дасту по доранд, вале неруи кофӣ надоранд. Инчунин барои шахсони гирифтори сустии миён миёнбанд ва барои онҳое, ки аз даст маҳрум шудаанд, дасти сунъӣ омода мегардад. Мувофиқи талаб ба сокинон пойафзолҳои ортопедӣ низ месозем”, – фаҳмонид мудири филали Корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедӣ” дар шаҳри Хуҷанд.
Устое, ки ба беморон умеди нав мебахшад
Салоҳиддин Усанов яке аз устоёни коргоҳи протезсозӣ аст. Ӯ 7 сол боз барои одамони дорои ниёзи махсус, ки бар асари садама, сӯхтан ва ё дар пайи ягон беморӣ аз дасту пой маҳрум шудаанд, протезу ортез месозад. Гӯё ба дили чунин ашхос бо маҳсули дасти худ умеди наве ҳадя месозад.
“Вақте барои аз зону боло протези пой месозем, вақту ашёи зиёдтар сарф мешавад. Аввал андозаи қолаби пойро аниқ гирифта, онро бо гаҷ месозем. Баъд қолаби шахшударо мисли устои ҳайкалтарош ба шакли протез медарорем. Вақте қолаб ба андозаи зарурӣ мутобиқ шуд, онро дар пойи фармоишгар пӯшонида месанҷем”, – нақл кард усто.
Вай дар ин кор саросема нест, дурустии ҳар миллиметр нақш бозӣ мекунад. Протез бояд як қисми бадани инсон шавад.
“Агар ниёзмандон муроҷиат кунанд, мувофиқ ба вазъияти ташхисашон дар як моҳ тақрибан 9 протез омода мекунем. Аз ҳамин сабаб, маъюбон баъзан навбат меистанд. Боз дар коргоҳ корҳои таъмирӣ низ мекунем. Агар протез танг ё васеъ шавад, ё ҳангоми истифода мушкиле пеш ояд, мо, устоён онро дубора коркард карда, ба талабот мутобиқ менамоем”,- гуфт Салоҳиддин Усанов.
Бо протез ба шуғли пешина бармегарданд
Усто изҳори нигаронӣ дорад, ки солҳои охир ҳолати ба садамаи нақлиётӣ дучор шудани ҷавонон ва аз ин ҳисоб аз дасту по маҳрум гаштани онҳо афзудааст.
“Барои баъзе беморон дар соли аввали ҳолати гум кардани пой гирифтани протез имконнопазир аст. Бемор маҷбур мешавад, ки танҳо бо асобағал роҳ равад. Аммо баъди гузашти як сол вақте бадан омода мешавад, онҳо боз метавонанд, ки соҳиби пойи нав шаванд”, – афзуд Салоҳиддин Усанов.
Бино ба нақли усто, бархеи онҳое, ки протез мегиранд, боз ба кори худ бармегарданд. Мисол, аз онҳое, ки чанд сол пеш протез гирифта буданд, бо мардикорӣ ё шоликорӣ ризқу рӯзиашонро ёфта истодаанд.
Файзуллохон Обидов, Your.tj
