Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйирот ба созишнома бо Ӯзбекистонро тасдиқ кардааст, ки дар сурати мавриди амал қарор гирифтанаш, шаҳрвандони ду кишвар метавонанд бо шиносномаи дохилӣ (ID-корт) ба қаламрави ҳамдигар сафар кунанд.
Тибқи санад, қарор 19-уми марти соли ҷорӣ ба имзо расида, ба Созишномаи байниҳукуматии 9-уми марти соли 2018 дар бораи сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон тағйирот ворид мекунад. Қаблан ин созишнома рафтуомади бидуни раводидро то 30 рӯз пешбинӣ мекард, аммо сафар танҳо бо шиносномаи хориҷӣ имконпазир буд.
Ҳоло пешниҳод шудааст, ки баъди анҷоми расмиёти дохилии ҳар ду кишвар, шаҳрвандон тавонанд бидуни шиносномаи хориҷӣ, танҳо бо ҳуҷҷати дохилии шахсият ба кишварҳои ҳамдигар ворид шаванд.
Ба иттилои расонаҳо бо истинод ба намояндагии дипломатии Ӯзбекистон, ҷониби Ӯзбекистон аллакай санади марбутро имзо карда, мунтазири тасдиқи ниҳоии он аз ҷониби Тоҷикистон мебошад.
Дар баробари ин, таъкид мешавад, ки ин тартиб танҳо барои сафар байни ду кишвар амал мекунад ва шаҳрвандон наметавонанд бо истифода аз ID-корт аз қаламрави яке ба кишварҳои сеюм, аз ҷумла Русия, сафар кунанд.
Ёдовар мешавем, ки пешниҳод барои ҷорӣ кардани чунин низом қаблан низ садо дода буд. Аз ҷумла, соли 2024 президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ташаббуси ба роҳ мондани сафар бо ID-корт миёни кишварҳои Осиёи Марказиро, аз ҷумла бо Тоҷикистон, пешниҳод карда буд.









