Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи дуюми ғарбӣ дар Маскав чаҳор нафареро, ки ба ҳамлаи террористӣ дар толори консертии Crocus City Hall дар вилояти Маскав айбдор мешуданд, ба ҳабси якумра маҳкум кард.
Дар ин бора хабаргузории русии «Интерфакс» иттилоъ додааст.
Ба иттилои манбаъ, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Шамсидин Фаридунӣ ва Муҳаммадсобир Файзов инчунин ба пардохти ҷарима ба маблағи 990 ҳазор рубл маҳкум шудаанд.
Гуфта мешавад, ки онҳо дар колонияи низоми махсус адои ҷазо хоҳанд кард.
Ҳамчунин, ба иттилои РИА Новости, додгоҳ боз 11 нафари дигарро, ки тафтишот онҳоро ҳамчун ҳамдастони иҷрокунандагони ҳамла мешиносад, низ ба ҳабси якумра маҳкум кардааст.
Инҳо Умедҷон ва Мустақим Солиевҳо, Шаҳромҷон Гадоев, Зубайдулло Исмоилов, Ҳусейн Ҳамидов, Муҳаммад Шарифзода, Якубҷони Юсуфзода, Назримад Лутфуллоӣ, Ҷумахон Қурбонов, Ҳусейн Медов ва Ҷабраил Аушев мебошанд.
Ба чор гумонбари дигар бошад, аз 19 солу 11 моҳ то 22,5 соли зиндон ҷазо таъйин шудааст.
Ҳамлаи террористӣ дар толори консертии Crocus City Hall дар вилояти Маскав 22 марти соли 2024 рух дод. Он шом дар толор бояд гурӯҳи мусиқии «Пикник» ҳунарнамоӣ мекард. Дар натиҷаи ҳамла 150 нафар ҳалок шуданд.
Пас аз ин ҳодиса дар Русия сиёсати муҳоҷират сахттар шуда, дар ҷомеа руҳияи зиддимуҳоҷирӣ низ афзоиш ёфт.
Ба иттилои созмони ҳуқуқи башари Human Rights Watch, пас аз ин ҳамла муҳоҷирон дар Русия бо афзоиши фишорҳои бегонаситезӣ, истифодаи забони нафрат ва хушунат рӯбарӯ шудаанд.









