Мавзуна Чориева. Ин ном ба аксари тоҷикистониён ва тоҷикон ошност. Ӯ аввалин бонуе буд, ки Тоҷикистонро дар мусобиқоти ҷаҳонӣ аз намуди бокс муаррифӣ кард ва аввалин тоҷике гардид, ки аз Бозиҳои олимпӣ дар риштаи бокс ба ватан медал овард.
Муштзани тоҷик дар суҳбат бо Your.tj аз фаъолияти имрӯзааш, имкониятҳо барои ҷавонон, махсусан духтарон, рушди соҳаи варзиш ва аз хотираҳои Бозиҳои олимпӣ гуфт.
“Дар ҳар толор даҳҳо Мавзуна ва садҳо ояндадори дигар ҳаст”
– Вақтҳои охир шумо ба чӣ корҳо машғул ҳастед?
– Баъд аз варзиши касбӣ, баъди мактаби варзишие, ки гузаштам пас аз соли 2012 ҳамчун як мураббӣ, ҳамчун як варзишгар ба ҷавондухтарону ҷавонписарон дарси бокс мегузарам. Ба ғайр аз ин, тайи 3 соли охир ба ҳайси директори генералии Кумитаи миллии олимпӣ кор мекунам.
– Тамоюли зиёдшавии духтарон дар риштаи бокс назар ба солҳои гузашта дида мешавад ё не?
– Шумораи духтарон на танҳо дар бокс зиёд шудаанд. Имрӯз мо мебинем дар ҷудо, таэквондо, шиноварӣ намудҳои даставӣ, дар ҳама намудҳо варзишгарони мо зиёд шуданд. Шароити хуб барои духтарон фароҳам оварда шудааст: барои сафарбарӣ, мураббиҳои дараҷаи байналмилалӣ. Пеш аз ҳама варзишгаронро дар як сатҳи дигар: ҳам эҳтиром ва ҳам номашонро баланд қабул мекунанд. Бинобар ин, дар ҳар як толоре, ки имрӯз мо дорем, даҳҳо Мавзунаву садҳо ояндадори дигар ҳаст.
– Аз чанд нафар варзишгар аз миёни духтарон ном баред, ки метавонанд дар оянда, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ номи Тоҷикистонро баланд бардоранд?
– Хеле зиёданд. Ном ба ном гӯем, соатҳо камӣ мекунам. Дар риштаи ҷудо Мадина ва дигарон ҳастанд. Дар бокс Самадова Миҷгона ва чанде дигар ҳаст. Намехоҳам дигарон аз ман малол шаванд. Чунки беҳтаринҳо хеле зиёд ҳастанд дар варзиш миёни занҳо. Дар ҳама намудҳо беҳтаринҳо ҳастанд.
“Варзишгар набояд аз мушкилиҳо гӯяд”
– Имрӯз варзишгарони мо чӣ мушкилиҳо доранд?
– Он шароите, ки дар солҳои пеш мо доштем, дар муқоиса бо имрӯз фарқи калон дорад. Бояд мо танҳо шукр гӯем, ҳаракат кунем, қувваю нерӯи паҳлавонҳоямонро нишон диҳем ва парчам бардорем.
Мушкилӣ ва камбудиҳое, ки ҳаст, мо варзишгарон бояд нагӯем, чунки майдон аз далер аст, дар даруни толори варзишӣ ё татами, ё дар дигар варзишгоҳ шароити хуб фоида намеорад. Он ҷо қувваю нерӯ нақш мебозад.
– Ҳастанд то ҳол онҳое, ки намегузоранд духтаронашон аз намуди бокс ба мусобиқаҳо раванд?
– Имрӯз ин хел нафаронро кам мебинем. Пеш буданд хешу табор, бародарон, падару модар. Занҳо мушкил доштанд бо машғул шудан ба варзиш, ба толор омадан, ба сафар рафтан. Бовар дорам, ҳоло агар дар ҳар толор 10 духтар бошад, ҳамаи онҳо бо розигии падару модару бародарони худ омадаанд.
“Бозиҳои олимпӣ баландтарин қулла барои варзишгар аст, ки ман онро фатҳ кардам”
– Бозиҳои олимпӣ ба Шумо чӣ дод?
– Иштирок дар Бозиҳои олимпӣ яке аз орзуҳои кӯдакиам буд. Ман ба ваъдаи худ, ба қавли худ истодам. То имрӯз маро пас аз Бозиҳои олимпӣ мешиносанд. Шукр, қуллаи баландтаринеро, ки ҳар як варзишгар орзуи фатҳи он мекунад, фатҳ намудам. Имрӯз ҳама Мавзунаро танҳо бо медали Бозиҳои олимпӣ мешиносанд.
Он рақобатҳои вазнину сабук, ки ман доштам, дар пушти парда аст. Он роҳе, ки мо бо мураббӣ гузаштем, зиндагии маро Бозиҳои олимпӣ куллан дигар кард.
– Ба духтароне, ки мехоҳанд ба варзиши касбӣ машғул шаванд, чӣ маслиҳат медиҳед?
– Пеш аз ҳама барои миллату давлат солимии ҳар як шахс муҳим аст. Муҳим аз ҳама ба варзиш барои солим будан машғул шаванд. Вақте зан солим аст, ҷомеа солим аст. Зан тарбиядиҳанда аст, илму маърифаташ дуруст бошад, фардо фарзандони ӯ обрӯи миллатро мебардоранд. Барои ҳамин аввал занҳоро ба машқу тамрин барои солим буданашон даъват мекунам, баъд ба хотири медал.
– Барои оянда чӣ нақшаҳо доред?
– Дар оянда кӯшиш мекунем сатҳи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистонро барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, осиёӣ, ҷаҳонӣ боз ҳам мустаҳкам намоем.
– Ташаккур барои суҳбат!
– Саломат бошед!
Аз идора
Мавзуна Чориеваи 33-сола аз хурдӣ ба бокс ё муштзанӣ таваҷҷуҳ дошт ва аз ҳафтсолагӣ ба машқ оғоз кардааст.
Ӯ қаҳрамони мусобиқоти Осиё-2010 дар вазни 60 кг аст. Соли 2012 аз Бозиҳои олимпии Лондон ба хазинаи кишвар медали биринҷӣ ворид кард. Барои ин ҷоиза ҳамон сол бо ордени “Шараф” дараҷаи 2 ва 200 ҳазор сомонӣ сарфароз гардид.
Дар мусобиқоти ҷаҳонӣ ва мусобиқоти Осиё дар соли 2012 соҳиби медали биринҷӣ гашта буд.
Соли 2014 Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро хатм кард.
Мавзуна Чориева солҳост ба ринг намебарояд ва ҳамчун Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон ба омодасозии варзишгарон дар риштаи бокс машғул аст. Шогирдонаш Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои гуногун муаррифӣ мекунанд.
Ҳамзамон Мавзуна Чориева ба ҳайси директори генералии Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон кор мекунад.
Идибеки Саид








