Манижа Саидмурод, дӯзанда ва шахси фаъоли ҷамъиятӣ аст. Ӯ дар шаҳри Душанбе ба дӯзандагӣ машғул аст, ҳамзамон роҳбарии Ҷамъияти маъюбони ноҳияи Данғараро бар уҳда дорад.
Ҳоло Манижа соҳиби ду маълумоти олӣ аст, вале ӯро замоне бо баҳонаи “маъюбият доштан” аввал ба мактаб ва баъдан ба кор қабул накарда будаанд. Вале қаҳрамони мо таслим нашуд, таҳсил кард, маълумот гирифт, ҳунар омӯхт ва ҳоло ба дигарон низ кӯмак мерасонад.
Манижа ба муаллифи Your.tj нақл кард, ки чӣ гуна бо мушкилоти зиндагӣ мубориза мебарад.
Солҳои кӯдакӣ ва таҳсили ибтидоӣ
Кӯдакии Манижа дар ноҳияҳои Данғара, Темурмалик ва Ҳисор гузаштааст. Пас аз он ки падар оиларо тарк кард, модараш ӯ ва хоҳарону бародаронашро ба Данғара бурд.

Ба гуфтаи Манижа, дар мактаби маҳаллӣ ӯро ба синфи якум қабул накарданд, зеро қадаш кӯтоҳ буд. Сипас модараш тасмим гирифт, ки ӯро ба мактаб-интернати шаҳри Ҳисор барад, ки кӯдакиашро дар он ҷо гузаронид.
Бо вуҷуди мушкилоти зиёд, Манижа мегӯяд, ки “аз кӯдаки хотираҳои хубе дорам ва мехостам он рӯзҳо боз баргардад”.
Дар мактаб-интернат ӯ дар муҳити нав ва бо қоидаҳои сахт таълим гирифт. Ҳарчанд зиндагӣ душвор буд, Манижа ҳеҷ гоҳ шавқу ҳавас ба омӯзишро аз даст надод.
Шавқу ҳунари дӯзандагӣ
Шавқи дӯзандагӣ аз хурдӣ дар дилаш ҷой дошт. Вақте бо хоҳаронаш бозӣ мекард, барои лӯхтакҳояшон либос медӯхт. Ин шавқ тадриҷан ба касби доимӣ табдил ёфт.
Манижа мегӯяд, ки ҳатто ҳоло ҳам бисёр чизҳои навро омӯхтан мехоҳад, чун дӯзандагӣ ба мисли техникаву технология ҳар рӯз пеш меравад.

“Шавқи дӯзандагӣ аз айёми хурди дар дилам буд. Вақте ҳамроҳи хоҳаронам бозӣ мекардем, барои лӯхтакҳои онҳо курта медӯхтам. Ҳарчанд то ҷойе имрӯз дар ин самт дастам рост шуда бошад, ҳам вале чизҳоие ҳаст, ки наомӯхтаам. Ҳар рӯз як мӯди нав, як дӯхти ҷадид мебарояд, ки ман бояд аз ӯҳдаи он бароям”,-мегӯяд қаҳрамони мо.
Аввалин фармоиши ҷиддии ӯ аз як ширкати такси буд, ки барои кормандонаш либос фармоиш дод.
“Он фармоиш барои ман оғоз буд. Ҳамон вақт ки ман мошинаи дастӣ доштам либосҳоро бо онҳо дӯхтам. Вақте фармоишро омода карда офисашон бурдам, бо вуҷуди баъзе камбудиҳояш қабул карданд ва дили маро нашикастанд.
Оғози кор ҳамин гуна бароям хотирмон шуд, зеро аз ин фармоиш маблағ гирифтам. Вазъи зиндагиям, ки дар пойтахт он қадар хуб набуд, ин маблағ бароям умеди зиёде бахшид”,- қисса мекунад Манижа.
Аз иқтисод ба соҳибкорӣ
Манижа соҳиби ду маълумоти олӣ аст. Ӯ донишгоҳро бо ихтисоси иқтисоддон хатм кардааст ва ба гуфтаи худ, агар дар ин самт кор мекард, метавонист муҳосиби хуб шавад.

Аммо пас аз хатм бо баҳонаи “маъюбият” доштанаш ӯро ба кор қабул накардаанд. Манижа мегӯяд, он замон наметавонист ҳуқуқи худро талаб кунад, вале ҳоло медонад, ки ҳар кас бояд аз ҳаққи худ дифоъ кунад.
“Вақте баъди хатми донишгоҳ барои кор муроҷиат кардам, дар як корхона маро бо сабаби маъюбиам ба кор нагирифтанд. Он аз лаҳзаҳои душвортарини ҳаёти ман буд. Модарамро аз даст дода будам ва бо хоҳаронам зиндагии душворе доштем. Ба кор хело эҳтиёҷ доштам.
Ин барои ман дарс шуд, зеро сабаби ба кор нагирифтанашон ин надонистани ҳуқуқҳои худам буд. Ман наметавонистам тибқи қонун асоснок намоям, ки маро бояд ба кор гиранд. Шукр, имрӯз дар тамоми ҷой метавонам аз ҳаққи худ дифоъ намоям ва бовар дорам, ки ба куҷое наравам, маро ба кор қабул мекунанд”,- шарҳ дод ҳамсуҳбати мо.
Баъд аз ин таҷриба, Манижаи Саидмурод тасмим гирифт, ки ба дӯзандагӣ баргардад ва ба соҳибкорӣ машғул шавад. Бо ҷустуҷӯ ва кӯмак, устодеро ёфт ва коргоҳи хурди худро таъсис дод.
“Вақте, ки аввалин маротиба фармоиш гирифтам корам хеле камбудӣ дошт. Фикр кардам, ки барои беҳтар шудани маҳоратам ба як устод ниёз дорам. Ҳамин тариқ як устоди хуб ёфтам ва корро сар кардам.
Мо ҳамроҳ фармоиш қабул мекардем ва ҳамин гуна бо гузашти вақт, якҷо шогирд омода менамудем. Баъди омӯзиш онҳо ба худ ҷои кор ётанд. Сипас, ман дар фикри кушодани сехи дӯзанги афтодам ва аз пайи гирифтани шаҳодатномаи соҳибкори иҷтимоӣ гаштам”,- нақл кард ӯ.
Манижа бо дастгирии ҳукумати ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҷойеро барои коргоҳаш пайдо карда корро оғоз намуд. Ӯ шогирд қабул кард. Шогирдонаш асосан духтарон аз оилаҳои камбизоат буданд.

Қаҳрамони мо мегӯяд, ки онҳо пас аз омӯзиш дар маҳалли худ фаъолият мекунанд. Зеро имкони бо кор таъмин карданро надорад.
Масъулияти нигоҳубини хоҳарон
Пас аз вафоти модар масъулияти ду хоҳараш бар дӯши Манижа ғалтид. Ӯ мегӯяд, ки ҳоло онҳо бузург шудаанд ва зиндагии худро мустақилона идома медиҳанд. Яке дар Чин таҳсил мекунад, дуюмӣ дар корхонаи давлатӣ фаъолият дорад.
“Вақте хоҳари хурдиам ба донишгоҳи милли Тоҷикистон дохил шуд, мо тасмим гирифтем пурра ба ин пойтахт кӯчида зиндагиро ин ҷо идома диҳем.
Дар ин шаҳр имкониятҳо зиёданд ва мо роҳи зиндагиро ёфтем. Албатта, иҷора ба иҷора гаштану азоби бепулӣ буд вале моро шикаста натавонист. Ҳатто чандин маротиба аз ҷониби қаллобон фиреб хӯрдем. Пуламонро мегирифтанд, вале хонаи иҷораро намедонанд ё дар байни моҳ хонаро холӣ кун мегуфтанд”,- ба хотир овард Манижа.
Манижа дар Эрон қувваозмоӣ мекунад
Фонди хайриявии “Музаффар” ба фаъолияти Манижа кӯмак кардааст. Ба ӯ мошинаҳои чокдӯзии муосир дода ва имконият фароҳам овардааст, ки шогирдони навро омӯзонад ва сехи худро васеъ кунад.
“Фонди “Музаффар” на танҳо барои дӯзандагиву сех кӯмак мерасонад, балки ба мо маъюбони ноҳияи Данғара бо хӯрок ва либос кӯмак мерасонад. Ҳоло ҳамроҳи ин фонд як нақша дорем.
Дар Эрон як ҷамъият ҳаст бо номи “Кӯтоҳқоматон”. Мехоҳем дар озмуне бо ин ҷамъият қувваозмоӣ намоем. Фонди “Музаффар” барои ин маро омода карда истодааст. Дар он ҷо чанд намуди озмун мешавад ва ман дар самти варзиш иштирок мекунам”,- гуфт Манижа.
Фаъолият дар ҷамъияти маъюбон
Манижа роҳбари Ҷамъияти маъюбони ноҳияи Данғара мебошад. Вай мегӯяд, мушкили асосии ин ҷамъият, на танҳо вазъи иқтисодӣ, балки инчунин надонистани ҳуқуқҳояшон аст.
Волидон баъзан кӯдакони маъюбро дар хона нигоҳ медоранд ва аз дигарон дур мекунанд. Ҷамъият бо волидон ва кӯдакон суҳбат мекунад, онҳоро ба омӯзиш ҷалб мекунад ва барои ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо кӯмак мерасонад.

“Мушкили асосии ҷамъияти мо надонистани ҳаққу ҳуқуқашон аст. Имрӯз вазъ тағйир ёфта истодааст. Аъзоёни ҷамъияти мо ба ҳар самт майл карда истодаанд: варзиш, дӯзандагӣ ва мусиқиву ҳунарҳои мардумӣ”,- афзуд бо хушнудӣ ҳамсуҳбати мо.
Ҷамъият барои кӯмак ба маъюбон асосан дар самтҳои зер амал мекунад: ҳимояи ҳуқуқ ба таҳсил, дастгирӣ барои гирифтани нафақа ва шаҳодатномаҳо аз бахши агентии нафақа дар ноҳияи Данғара ва омӯзиши ҳунарҳои дастӣ.
“Вақте ки кӯдак маъюбият дорад, падару модараш танҳо як андеша доранд: “ба кӯдакамон кӯмакҳои ғизоӣ расонем”. Вале ҷамъияти мо барои шинохти ҳуқуқҳо ва пайдо кардани шахсият ба онҳо кӯмак мерасонад. Мо ин ақидаро дорем, ки онҳо “ман маъюб” гуфта, ба тақдир тан надиҳанд ва барои беҳбудии зиндагиашон худашон талош намоянд”,- таъкид кард Манижа.
Инчунин ин ҷамъият бо волидайни кӯдакони маъюб корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад то онҳо аз ҳуқуқҳои фарзандонашон бохабар шаванд ва дастгири онҳо бошанд.

“Аввал волидайни онҳо бояд дарк намоянд, ки фарзанди дорои маъюбияташон ба мисли дигар кӯдакон ҳуқуқи баробар доранд”,- шарҳ дод ӯ.
С.У.









