fbpx

“Дастгирии 10 миллион нафарро эҳсос мекунам”. Размикори мағлубнашудаи ММА аз Бадахшон

Ба гуфтаи Муборакшо, ӯ ҳеҷ гоҳ он одамонеро, ки аз аввал ба ӯ бовар доштанд ва дар лаҳзаҳои душвор дар паҳлӯяш буданд, фаромӯш намекунад.


0
Ин ва дигар аксҳо аз бойгонии шахсии Мубаракшо

Номи Муборакшо Муборакшоев имрӯз ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам берун аз он барои бисёриҳо шинос аст.

Ӯ зодаи деҳаи дурдасти Сучони Бадахшон мебошад ва то ҳол ҳамчун размикори мағлубнашудаи MMA боқӣ мемонад.

Муборакшо дар бораи роҳ ёфтан ба майдонҳои бузурги ҷаҳонӣ ва орзуи таъсиси мактаби варзишӣ оид ба муҳорибаи омехта дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба муаллифи Your.tj нақл кард.

“Мо толори варзишӣ надоштем, аммо тасаввурот доштем”

Кӯдакии Муборакшо дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ, дар деҳаи Сучон, 30 километр дуртар аз шаҳри Хоруғ гузаштааст.

Ба гуфтаи қаҳрамони мо, он ҷо на толори варзишӣ буд, на маҳфилҳои варзишӣ, аммо хоҳиши рақобат ва халтаҳои куҳнаи қум, ки ба ҷои лӯлаи муштзанӣ истифода мешуданд, мавҷуд буд.

“Мутаассифона, дар ноҳияи мо он вақт ягон шароит барои варзиш набуд. На толор, на маҳфилҳои махсус. Аммо мо тасаввурот доштем.

Барои худамон чизе месохтем, ки ба асбобҳои машқ монанд бошад. Халтаҳоро бо қум пур мекардем, мисли лӯлаи муштзанӣ овезон карда, ба он зарба мезадем. Ин толори варзишии мо зери ҳавои кушод буд.

Кӯдакии мо бе телефон ва дастгоҳҳои электронӣ гузашт, аммо он воқеӣ буд. Ман аз ҳеҷ чиз пушаймон нестам, ҷуз ин, ки барои ҷиддитар тамрин кардан толор надоштем.

Аммо эҳтимол ҳамин ниёз сабаби асосии ангезаам шуд, ки рӯзе ҳама чизро тағйир диҳам”,- ба ёд меорад Муборакшо.

Аз иқтисоддонӣ ба размикорӣ

Баъд аз хатми мактаб ва омадан ба Душанбе, размикори оянда ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматрасонӣ (ҳоло Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон) дохил шуд.

Дар пойтахт Муборакшо аз устодоне тарбия гирифт, ки заминаи карераи варзишиашро гузоштанд.

Ӯ дар назди Александр Назарович машқҳои бадансозиро оғоз кард, ки ба гуфтаи худи Муборакшо, мураббии сахтгир ва хеле серталаб буд.

“Вақте ба назди Александр рафтам ҷавони лоғар будам, 185 см қад ва ҳамагӣ 57 килограмм вазн доштам. Аммо бо шарофати машқҳои мунтазам, ғизои дуруст ва реҷаи сахт, то охири нимсолаи аввал вазни ман ба 80 кг расид.

Ҳеҷ гоҳ машқро намегузоштам ва он гоҳ фаҳмидам, ки бадан ва иродаро худат метавонӣ шакл диҳӣ”,- мегӯяд қаҳрамони мо.

Баъдтар, тақрибан дар охири курси сеюм, Муборакшо ба толори муҳорибаҳо рафт, ки аввалин мураббиёнаш Залон Наҷмиддинов ва Зоҳир Пиров буданд. Онҳо ҳамроҳ машғулиятҳоро мегузаронданд.

“Устодони воқеӣ, одамоне, ки тамоми зиндагияшонро ба варзиш бахшидаанд. Аз онҳо аввалин таҷрибаро ҳамчун размикор гирифтам. Маҳз он вақт дар муҳорибаҳои ҳаваскорона баромад кардам ва дарк намудам, ки ин роҳ ва қисмати ман аст”,- ба ёд меорад варзишгар.

Баъд аз хатми донишгоҳ ва гирифтани дипломи иқтисоддонӣ, Муборакшо кӯшиш кард мувофиқи ихтисос кор ёбад. Аммо ба мушкилиҳо дучор шуд. Маош ночиз ва имкониятҳо маҳдуд буданд.

“Дарк кардам, ки агар чизи бештар мехоҳам, бояд таваккал кунам. Ҳамин тавр, ба Москва парвоз кардам, то худамро пайдо намоям”,- нақл мекунад мусоҳиби мо.

Ӯ дар Москва ҳаётро аз сифр оғоз кард. Дар сохтмонҳо кор мекард, ҳамчун посбон кор мекард, ҳар кореро қабул менамуд, ки даромад меовард. Аммо тамринҳоро тарк накард, шомгоҳон баъди кор машқ мекард.

“Хеле мушкил буд. Баъзан фикр мекардам, ки дигар қувватам намерасад. Аммо бародарам ҳамроҳам буд. Ӯ дастгирӣ мекард, кӯмак мерасонд ва бо ӯ ҳамааш ба назар осонтар буд”,- мегӯяд варзишгар.

Ба зудӣ Муборакшо ба муҳорибаҳои ҳаваскорӣ роҳ ёфт. Дар мусобиқаҳо ширкат мекард, таҷриба ҷамъ мекард ва худро месанҷид. Ҳамин тавр, карераи касбии ӯ оғоз шуд.

“Он вақт ниҳоят дарк кардам: ман танҳо тамрин мекунам. Ман размикорам”,- афзуд қаҳрамони мо.

Муҳорибаи аввал ва санҷиши аввалин

Муборакшо аввалин муҳорибаи касбии худро ёд оварда, иқрор мешавад, ки барои ӯ ин як имтиҳони воқеӣ буд – ҳам ҷисмонӣ ва ҳам равонӣ.

“Ин соли 2016 буд. Мусобиқа дар шаҳри Бишкек баргузор мешуд. Ман он вақт хеле ҷавон будам. Пешниҳоди иштирок дар муҳорибаро ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз мусобиқа гирифтам.

Ба қароре омадам, ки меравам. Ман аллакай тамрин доштам, дар ҳолати хуб будам. Фақат мехостам худро санҷам, он муҳитро эҳсос намоям, фаҳмам, ки ин воқеан кори ман аст ё не.

Аммо вақте маросими расмӣ оғоз ёфт – вазнченкунӣ, рӯзи мулоқот бо расонаҳо – ростӣ, маро ваҳм фаро гирифт. Намедонистам, ки чӣ кор кунам. Ҳатто пушаймон шудам, ки худро ба ин роҳ андохтам”,- ба ёд меорад қаҳрамони мо.

Изтироб ӯро ҳатто як лаҳза тарк намекард. Дар рӯзи ҷанг воқеае шуд, ки ҳеҷ кас интизор набуд.

Вақте варзишгар омода буд ба майдон барояд, садои занги хатар баланд шуд: тамошобинон ба таҳлука афтода, толорро тарк мекарданд. Маъмурони ҳифзи ҳуқуқ эълон карданд, ки хабар дар бораи минагузорӣ шудани бино расидааст.

“Аз ростӣ? Ман он вақт ҳатто хурсанд шудам”,- бо табассум қисса мекунад варзишгар.

Боварӣ доштам, ки мусобиқа бекор мешавад. Мо ба меҳмонхона баргаштем, ман фикр кардам, тамом, ба хона бармегардем, ба ман ин лозим нест, аз ҳад зиёд стресс дорад.

Аммо рӯзи дигар ташкилкунандагон омада гуфтанд, ки муҳорибаҳо ҳатман баргузор мешаванд. Ман боз тамоми шаб хоб накардам. Боз изтироб, тарс, вале ман ба майдон баромадам.

Сарфи назар аз он, ки муҳориба хеле душвор буд, ман ғалаба кардам”,- мегӯяд Муборакшо.

“Аксар вақт мо тақрибан маблағе ба даст намеорем, аммо барои орзуҳо муҳориба мекунем”

Муборакшо иқрор мешавад, ки баъзан фикри бас кардани варзиш зуд-зуд ба сараш меояд. Сабаб на тарс аст, балки воқеияти сахте, ки пушти наворҳои зебои пирӯзиҳо дар муҳорибаҳо пинҳон аст.

“Хеле зиёд ҷиддӣ фикр кардам, ки ҳамаашро партоям. Зеро 99 фоизи ин роҳро ту танҳо тай мекунӣ.

Танҳоӣ, сарбори вазнин, омодагиҳои мушкил. Ҳар як омодагӣ ҳадди ақал 2-3 ҳазор доллар харҷ дорад. Агар ба кишвари дигар парвоз кунӣ, хароҷот боз ҳам зиёд мешавад.

Бо вуҷуди ин, аксар вақт мо умуман пул кор намекунем. Фақат ба майдон мебароем ва барои орзуҳо муҳориба мекунем”,- мегӯяд Муборакшо.

Дар оғози карераи худ, мисли бисёри дигарон, размикор маблағи хеле кам ба даст меовард. Пирӯзиҳо буданд, вале маблағ не. Фақат умед ва бовар дошт, ки ин кораш бесамар нест.

“Ман шикастҳоро паси сар кардам, ҷароҳатҳо гирифтам, ноумедӣ кашидам. Аммо муҳимтарин чизе, ки дигар баргашта намеояд вақт аст.

Он соатҳо, рӯзҳо ва солҳое, ки мо дар толорҳо, ҷамъомадҳо ва муҳорибаҳо гузарондем… Баъзан ба гузашта назар мекунам ва ба ҳар як қадами тайкардаам барои худ асос меёбам.

Дар ниҳоят, худро ҷамъ мекунию боз пеш меравӣ”,- нақл мекунад варзишгар.

“Наздиконам ҳар пирӯзиву нокомиро якҷо бо ман эҳсос мекунанд”

Дар ҳар марҳилаи фаъолияти худ, дар паҳлӯи Муборакшо ҳамеша одамоне буданд, ки ба ӯ ҳанӯз пеш аз дар майдонҳои бузург пирӯз шуданаш бовар доштанд. Ӯ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад онҳоеро, ки дар лаҳзаҳои сахт паҳлӯяш истода буданд.

Муборакшо бо падараш

“Дар тӯли ҳамаи ин солҳо, бисёр одамон дар омодагиҳои ман иштирок карданд, ҳам дар ҷараёни тамринҳо ва ҳам бо дастгирии равониву моддӣ.

Хусусан, мехоҳам устоди аввалинам Залон Наҷмиддиновро ном бигирам. Ин шахсияти нотакрор аст. Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, ӯ насли қавии размикоронро тайёр кардааст, ки имрӯз Тоҷикистонро дар арсаҳои байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд. Маҳз ӯ ба ман заминаи мустаҳкам дод”,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Имрӯз, мураббии асосии ӯ устоди техникаи зарбазанӣ Наврӯзбек Наврӯзбеков мебошад. Онҳо мисли як даста кор мекунанд: қатъӣ, пайдарпай ва фидокорона.

“Бе одамоне, ки ҳамеша дар паҳлӯят ҳастанд, гузаштан аз ин роҳ ғайриимкон аст. Наздикони ман, оилаам, бародарам, ҳамаи онҳо бо ман ҳар як пирӯзиву нокомиро аз сар мегузаронанд.

Ҳангоме ки дар толор ҳастам, онҳо фикранд ҳамроҳи мананд. Вақте ки ба майдон мебароям, онҳо пушти мананд. Ин роҳро мо якҷо тай мекунем”,- қисса мекунад размкор.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от 🅕🅘🅓🅐🅘🅽 (@mub.mma04)

“Омодагӣ ба муҳориба худ санҷиши воқеист”

Ба наздикӣ Муборакшо Муборакшоев яке аз муҳимтарин пирӯзиҳои карераашро дар муҳорибае, ки рақобати хеле шадид дошт, дар раунди аввал ба даст овард.

“Ин пирӯзӣ неъмати Худованд аст. Ҳамааш хуб гузашт, ман пурра омода будам.

Аммо медонед, чӣ ҷолиб аст? Пеш аз муҳориба, ба назар мерасад, ки муҳимтарин чиз худи муҳориба аст. Аммо баъд аз он дарк мекунӣ, ки муҳимтарин чиз роҳест, ки туро ба он майдон мебарад. Зеро маҳз ҳамон роҳ санҷиши ҳақиқист”,- мегӯяд Муборакшо.

Ба гуфтаи қаҳрамони мо, 15 дақиқа дар октагон – танҳо қуллаи ин кӯҳ аст. Пушти он ҳафтаҳои тамринҳои вазнин, парҳези сахт, фишори равонӣ ва танҳоӣ ниҳон аст.

“Баъд аз муҳориба ту нафаси осуда мекашӣ, оромона хӯрок мехӯрӣ, мехобӣ, истироҳат мекунӣ, ҳатто бе фикри вазнат.

Аммо то муҳориба ҳамеша зери фишор ҳастӣ, фақат дар бораи як чиз фикр мекунӣ: чӣ гуна бояд ғолиб шуд. Танҳо баъд, вақте ки ба қафо нигоҳ мекунӣ, арзиши омодагиро дарк менамоӣ.

Ҳамин чизҳое, ки барои мардум ноаёнанд сахттарин ва ҳамзамон муҳимтарин заҳмат мебошанд”,- иқрор мешавад размикор.

“Оламиён бояд расму ойин ва меҳмоннавозии моро бубинанд”

Дар байни ҳамаи ҳадафҳое, ки Муборакшо Муборакшоев барои расидан ба онҳо кӯшиш мекунад, як орзу ҷойгоҳи махсус дорад.
Ӯ солҳо боз орзуи таъсиси аввалин пойгоҳи байналмилалии варзиши муҳорибаҳои омехта дар Хоруғро дар дил мепарварад.

“Ҳамеша орзу мекардам, ки ҷавонҳои мо, размикорони тоҷик, тавонанд ба назди мо, ба куҳистони баландкӯҳ биёянд ва дар ҳамин ҷо ба муҳорибаҳо, барои мусобиқаҳо, барои баромадҳои ҷиддӣ омода шаванд.

На дар Москва ё кишварҳои хориҷӣ, балки дар ватан, дар кӯҳҳои худамон, байни мардумамон, дар замини худамон”,- нақл мекунад варзишгар.

Муборакшо мехоҳад, ки ин пойгоҳ барои ҳамаи размкорони ҷаҳон дастрас бошад.

“Табиати мо беназир аст. Мардуми мо беназир ҳастанд. Расму ойинҳои мо, меҳмоннавозии мо – чизҳоеанд, ки ҷаҳон бояд онҳоро бинад.

Имрӯз бисёр варзишгарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ садҳо ҳазор тамошобин доранд. Бигузор онҳо ба назди мо оянд, бигузор онҳо ба ҷаҳон нақл кунанд. Ҳамин тавр, ҳам варзиш, ҳам сайёҳӣ ва ҳам минтақа рушд хоҳад кард”,- бовар дорад ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи Муборакшо, ин идея дигар танҳо як орзу нест, он аллакай тадриҷан ба воқеият табдил ёфта истодааст. Ҳамфикрон пайдо шудаанд ва қадамҳои аввал барои таъсиси пойгоҳ гузошта шудаанд.

“Ман бовар дорам, ки бо розигии Худованд ин орзу зуд амалӣ хоҳад шуд. Он гоҳ мо ба ҷаҳон Помирро танҳо ҳамчун сарзамини кӯҳҳо не, балки ҳамчун диёри одамони қавӣ ва арзанда муаррифӣ мекунем”,- афзуд варзишгар.

Дар мусобиқаҳои ММА кам иттифоқ меафтад, ки сурудҳои миллӣ садо диҳанд ё парчамҳо барафрохта шаванд. Аммо барои Муборакшо Муборакшоев ин сабаб намешавад фаромӯш кунад, ки киро намояндагӣ мекунад.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Bakhriddin Jalolov Official (@bahjalolov)

“Ман як миллати бузургро намояндагӣ мекунам – 10 миллион нафарро ва дастгирии онҳоро дар ҳар як набард эҳсос мекунам.

Вақте ки ба октагон мебароям, эҳсос мекунам, ки танҳо нестам. Онҳое, ки бовар доранд, онҳое, ки тамошо мекунанд, онҳое, ки умед мебанданд – ҳама бо мананд.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от ACA MMA (@aca_mma)

Ин ба ман нерӯ мебахшад. Ифтихор мекунам, ки метавонам кишвари худро, фарҳанги худро, замини худро дар арсаи байналмилалӣ намояндагӣ кунам”, – мегӯяд Муборакшо.

Дунё Азалӣ, махсус барои Your.tj 

Тарҷума аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend