Мустафо Ванҷов бозигари дивизиони якуми Ассотсиатсияи миллии варзиши донишҷӯёни ИМА аст. Мустафо ҳанӯз дар замони таҳсил дар мактаби зодгоҳаш – шаҳри Хоруғ ба варзиши баскетбол оғоз карда, бо вуҷуди синну соли ҷавонаш, аллакай ҳамчун баскетболбоз ба муваффақиятҳои назаррас ноил шудааст. Аз ҷумла дар беҳтарин дастаи баскетболи Канада бозӣ кардааст.
Мустафо дар бораи рушди касбияш дар варзиши баскетбол дар ИМА ба муаллифи Your.tj гуфт.
Хоруғ-Москва-Ню Йорк: ҷуғрофияи варзишии Мустафо
Мустафо Ванҷов роҳи варзишии худро дар баскетбол дар синфи чорум оғоз кард. Аз замоне ки ба маҳфили мактабии баскетбол дохил шуд.
Пеш аз ин, мегӯяд қаҳрамони мо, ӯ аксар вақт дар ҳавлиашон баскетбол бозӣ мекард ва баъдтар ба варзиш касбӣ машғул шуд.
Мустафо баскетболро хеле дӯст медорад ва тавре худаш мегӯяд, аз ин намуди варзишро интихоб карданаш хеле шод аст.
“Падарам ба баскетбол машғул буд. Ман медидам, ки ӯ чи хел бозӣ мекунад ва вақте аллакай худам ба бозӣ шуруъ кардам, ба ин варзиш дил бастам ва ба туфайли он бисёр муваффақиятҳо ба даст овардам”,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Мустафо Ванҷов дар Хоруғ таваллуд шудааст. Дар Литсейи Оғохон таҳсил кардааст. Аз синфи якум ҷавон ба омӯзиши забони англисӣ шуруъ кард. Он замон ин ягона мактаб дар шаҳри Хоруғ буд, ки дар он забони англисӣ таълим дода мешуд.
Дар синфи ҳаштум Мустафо ба Русия кӯчид ва ба яке аз мактабҳои наздикии шаҳри Москва дохил шуд. Дере нагузашта, ӯ ба мактаби варзишии маҳаллии захираҳои олимпӣ қабул шуд. Мустафо имкон пайдо кард, дар он ҷо малакаҳои варзишиашро такмил диҳад.
Соли 2018 Мустафо бори нахуст дар мусобиқаи вилояти Москва оид ба баскетбол байни наврасони то 17-сола ширкат варзида, ҷои аввалро гирифт.

Дар Русия ӯ то синфи даҳум зиндагӣ ва таҳсил кард. Мустафо аз лагери ташкилкардаи агентии варзишии амрикоӣ, ки дар он кӯдакон аз ҷониби варзишгарони амрикоӣ омӯзонида мешуданд, огоҳ шуда, ба он ҷо рафт.
“Ба ман якчанд мураббиёни амрикоӣ таваҷҷуҳ карданд ва ҳамин тавр мактабро барои таҳсили минбаъда дар ИМА интихоб кардам”,- мегӯяд ӯ.
Дар синфи даҳум Мустафо ба Ню-Йорк кӯчида, ба мактаби хусусии Hoosac қабул шуд.
Ба гуфтаи қаҳрамони мо, роҳбарияти мактаб Мустафоро аз ҳама пеш ба қайд гирифтааст, зеро дар бораи қобилияти варзишии ӯ шунида буд ва мехост, ки Мустафо дар дастаи баскетболи мактаб бозӣ кунад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Беҳтарин дастаи баскетболи Канада ва пирӯзиҳои бе бохт
Мустафо таассуроти аввалини худро дар бораи ИМА ба ёд оварда, мегӯяд, ки Амрико ӯро хеле гарм қабул кардааст.
“Маро самимона пешвоз гирифтанд, ҳама таваҷҷуҳ карданд. Одамон ин ҷо хеле хубанд. Ҳамдастагонам низ муносибати хеле дӯстона доранд, аз ин рӯ ҳеҷ гуна эҳсосоти манфӣ вуҷуд надошт”,- мегӯяд ӯ.
Донистани забони англисӣ ба ӯ кӯмак кард, ки дар кишвари нав зуд мутобиқ шавад ва бо одамон бе монеаи забон муошират кунад.
Аммо дар Ню-Йорк ҷавон зиёд наистод. Рушди минбаъдаи худро дар ин шаҳр дида натавонист ва ба музофоти Онтариои Канада кӯчид.
Дар он ҷо ӯ ба яке аз мактабҳои маҳаллӣ дохил шуд ва ба дастаи баскетболи бо номи Orangeville Prep ҳамроҳ шуд.
“Ин яке аз беҳтарин дастаҳои баскетбол дар Канада аст. Якчанд шогирдони онҳо, тақрибан 6-10 нафар дар Ассотсиатсияи миллии баскетболи ИМА бозӣ мекунанд”,- мегӯяд Мустафо.
Дар соли 2020, баскетболбоз дар беҳтарин лигаи мактабии Канада OSBA (Ontario Scholastic Basketball Association) ширкат варзида, ҷои аввалро ишғол кард ва мавсимро бе шикаст бо 23 ғалаба дар 23 бозӣ гузаронид.
Дар Канада Мустафо дар маҷмуъ се сол таҳсил кард ва пас аз хатми мактаб ба Curry College дар Бостони ИМА дохил шуда, тиҷоратро омӯхт.
“Маро ба он ҷо низ ба хотири варзиш бурданд, зеро мехостанд, ки ман барои онҳо бозӣ кунам”,- мегӯяд Мустафо.
Ин коллеҷ ба ташкилоти NCAA (Ассотсиатсияи миллии варзиши донишҷӯён, – шарҳи муҳар.) дохил мешуд ва даста дар дивизион сеюм (NCAA D3) рақобат мекард.
Дивизион сатҳест, ки вобаста ба стипендияҳое, ки ба варзишгарон дода мешаванд, ин ё он мусобиқаҳои варзиширо фаро мегирад. Дар маҷмуъ се дивизион вуҷуд дорад.
Пас аз курси дуюм, Мустафо тасмим гирифт, ки ба дивизиони якум (NCAA D1) гузарад, зеро ин сатҳи баландтарини варзиш барои донишҷӯён дар тамоми Амрико мебошад.
Дар айни замон ӯ дар Донишгоҳи Texas Rio Grande Valley (UTRGV) дар шаҳри МкАллени иёлати Техас таҳсил мекунад.
“Ин донишгоҳ дар NCAA D1 рақобат мекунад ва ба шарофати баскетбол маро низ ба он ҷо бурданд.
Ҳоло ман дар соли сеюм дар ҳамон ихтисос таҳсил мекунам”,- мегӯяд баскетболбоз.
“Орзу дорам ба NBA дохил шавам”
Мустафо ҳамарӯза ба омӯзиш ва тамрин машғул аст, ба толори варзишӣ меравад. Ғайр аз ин, дар якҷоягӣ бо ҳамдастагони худ, бозии сабтшудаи худро тамошо карда, даста муҳокима менамояд, ки ҳар як бозингар бояд аз болои кадом камбудиҳояш кор кунад.
Мустафо ҳамчун баскетболбоз аксар вақт бо як қатор мушкилот рӯ ба рӯ мешавад. Ба гуфтаи ӯ, зуд-зуд кӯчидан аз як шаҳр ба шаҳри дигар, аз як кишвар ба кишвари дигар ва кор бо дастаи нав ӯро дар вазъияти душвор қарор дод.
“Ҳар дафъа дар аввал барои ман душвор мешавад, зеро аз ҳамдастагони худ аз рӯи сатҳи бозии баскетбол ақиб мемонам.
Аммо пас аз муддате, пас аз кор дар болои худ, бозиамро барқарор мекунам ва дар дастаи нақши муҳимтаре иҷро мекунам.
Ҳатто ҳоло, пас аз гузаштан аз дивизиони сеюм ба дивизиони аввал, ман бевосита фарқияти сатҳи бозиро эҳсос мекунам, Аллакай имсол ман ба ин сатҳ каму беш мутобиқ шудам ва пешрафтро дар бозии худ мебинам. Гуфтан мумкин, ки бо ҳамдастаҳои худ дар як сатҳ бозӣ мекунам”,- гуфт ӯ.
Мустафо, мисли дигар бозигарони баскетбол, орзуи ба NBA дохил шуданро дорад.
“Ҳамаи мо медонем, ин чӣ қадар душвор аст, аммо бо вуҷуди ин, ман орзу дорам, ки як замон дар ин лига бозӣ кунам”,- изҳори умед кард қаҳрамони мо.
Нақшаҳои ояндаи ӯ хатми донишгоҳ, гирифтани диплом ва бозӣ дар дастаи касбии баскетболи Аврупо ё Амрико мебошанд.
Сомон Комилов, Your.tj
Тарҷума аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо