Дар соли 2024 бо қарори судҳо дар Русия қариб 90 ҳазор нафар иҷборан хориҷ карда шудаанд, ки ин шумора рекордӣ аст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба иттилои директори Хадамоти федералии судиҷрочиёни Русия – сариҷрочии додгоҳҳои Русия Дмитрий Арестов хабар дод.
“Дар соли 2024 беш аз 87 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба 66 кишварҳои хориҷӣ хориҷ карда шуданд, ки нисбат ба соли 2023 қариб ду баробар зиёд аст (он замон 44 ҳазор хориҷӣ ба 60 давлат хориҷ карда шуданд)”,- гуфтааст ӯ.
Аксарияти хориҷиён маҷбурӣ ва асосан ба кишварҳои ИДМ – Озарбойҷон, Беларус, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ихроҷ карда шудаанд. Инчунин, ба Куба, Ветнам, Судон, Чин, Миср ва дигар кишварҳо ихроҷ гардидаанд.
Хадамот як ҳолатро мисол овардааст, ки гуфта мешавад, шаш шаҳрванди Нигерия, ки бо фоҳишагӣ машғул буданд, аз вилоятҳои Свердловск, Саратов ва Тюмен хориҷ карда шуданд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки соли гузашта иҷрочиёни судӣ 18 ҳазор хориҷиро аз Москва, 8 ҳазор хориҷиро аз Санкт-Петербург, 5,2 ҳазор нафарро аз милояти Москва, 2,2 ҳазор нафарро аз Краснодарск хориҷ кардаанд.
Ҳабибулло Воҳидзода, прокурори генералии Тоҷикистон рӯзи 14 феврал дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон гуфт, шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соли гузашта аз Русия ихроҷ шудаанд, “қариб аз 30 ҳазор ҳам гузаштааст”.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус” дар Русия қонунҳои нави муҳоҷират қабул гардиданд ва онҳо “ҳуқуқҳои муҳоҷиронро маҳдуд мекунанд” ва муҳоҷиронро акнун бо сабабҳои ночиз бозмегардонанд. Воҳидзода гуфт, дар соли 2024 фақат аз фурудгоҳҳои Русия 17 ҳазору 815 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бозпас гардонида шудаанд.