Дар ҷомеаҳои мардсолорӣ, ки анъанаҳо ва меъёрҳои иҷтимоӣ ҳуқуқи занонро маҳдуд мекунанд, ҳаҷв воситаи қавии мубориза бо тафаккури қолабӣ мегардад.
Дар жанри мазҳака аз аввал мардон бартарӣ доштанд. Аммо замонҳо тағйир меёбанд ва занони ҳаҷвнигор зиёд шуда, стереотипҳоро аз байн мебаранд ва дари ин самт тағйироте бузурге ворид месозанд. Занон ба даст микрофон мегиранд, нуқтаи назари беназири худро баён мекунанд ва бо меъёрҳое, ки муддати тӯлонӣ ҷаҳони стендап ва ҳаҷвро дар маҷмӯъ муайян карда буданд, мубориза мебаранд.
“Женщины – это не слабый пол, слабый пол – гнилые доски” (“пол” дар забони русӣ ба ду маъно – ҷинсият ва фарши хона меояд – шарҳи муҳаррир),- иқтибос меорад стендапер Маҳинахон Бадриева аз ҳунарманд Фаина Раневская, ки бо афоризмҳои худ маъмул аст.
Маҳинахон Бадриева, духтари 22-сола аз Хуҷанд, яке аз минтақаҳои суннатии Тоҷикистон аст. Машғул шудани ӯ бо стендапро, ки дар он анъанаҳо ва меъёрҳои муқарраршударо ошкоро ба мазҳака мекашад, метавон амали воқеии қаҳрамонӣ номид.
Ӯ аз муҳокимаи ҷомеа, ки одат кардааст ба занон чӣ гуна зиндагӣ карданро ёд диҳад, яъне, ёдраскуниҳои доимӣ дар бораи “гузаштани вақт”, гуфтаҳо ба монанди “духтар бояд” ё “набояд” ва инчунин ақидаи маъмули “ҳаҷв барои занон нест” натарсид.
Маҳинахон мегӯяд, вақте ки занон бо манъи пинҳонии кор дар касбҳои муайян рӯ ба рӯ мешаванд, ин “бо тарси мардон, ки занон метавонанд аз онҳо дар ин соҳаҳо болотар бошанд” алоқаманд аст.
Шакли видеоии мақола
Ҳаҷв – силоҳ зидди бадгумонӣ
Вай мегӯяд, ки ҳангоми ба саҳна баромадан дар чунин ҷомеаи консервативӣ дарк кард, ки ҳаҷв як силоҳи пурқувват бар зидди бадгумонӣ аст.
“Албатта, дар ибтидо воҳиманок буд – одамон чӣ мегӯянд, албатта чунин фикрҳо буданд. Аммо ҳар дафъае, ки дар толор садои хандаро мешунидам, мефаҳмидам, ки кӯшишҳоям бесабаб кӯшиш нестанд. Ман фикр мекунам, ки ҳаҷв ба маҳв кардани марзҳо кӯмак мекунад ва нишон медиҳад, ки дар бораи мавзӯъҳои одатан мамнӯъ низ шӯхӣ кардан мумкин аст”,- мегӯяд Маҳинахон.
Маҳинахон се сол боз ба стендап машғул аст ва чунин мешуморад, ки ҳаҷв на танҳо ханда, балки асбобест, ки бо он метавон назари кӯҳнашударо аз нав зинда кард. Шӯхиҳои ӯ ба муносибатҳои байни келин ва хушдоман, стандартҳои дугуна дар тарбияи писарон ва духтарон, айшу ишрати намоишӣ ва кӯшиши хешовандони навхонадорон барои “ба чашм хок пошидан”, ҳамчунин ба дарк ва нақши занон дар ҷомеа дахл доранд.
Дар яке аз баромадҳои худ, Маҳинахон тамоюли маъмули тӯйро бо ҳаҷв муҳокима мекунад, дар бораи аксбардории “Love Story” аст, ки таърихи муҳаббати навхонадоронро романтикӣ месозад. Вай ба ҷои аксҳои намоишӣ пешниҳод мекунад, ки рӯйдодҳои воқеии пеш аз тӯйро нишон диҳанд.
Масалан, чӣ гуна хостгорон як ҳафта дар донишгоҳ ва маҳалла рафта, дар бораи арӯс маълумот ҷамъ мекарданд. “Инро воқеан барои “Love Story” чор соат сабт кардан мумкин аст”,- шӯхӣ мекунад Маҳинахон.
Дар яке аз стендапҳои худ, Маҳинахон бо шӯхӣ дар бораи одати фиреб додани меҳмонон, алалхусус хостгорон сухан меронад, ки ба ин васила мехоҳанд худро беҳтарин нишон диҳанд.
Вай одамонро ба ростқавлӣ даъват мекунад, то воқеиятро нишон диҳанд ва қайд мекунад, ки ин ҷудошавиро коҳиш медиҳад. Ин шӯхӣ фишори иҷтимоиро танз мекунад, ки одамонро маҷбур месозад, то ҳақиқатро барои нигоҳ доштани мақоми худ пинҳон кунанд.
“Ба хостгорон ҳақиқатро гӯед! Ин торти сӯхтаро духтарам пухтааст. Ин шавлаи биринҷӣ аслан бояд палав мешуд. Ана ин духтари стендапер, ки дар бораи хостгорон шӯхӣ мекунад, духтари ман аст”,- шӯхӣ мекунад Маҳинахон.
Ӯ қайд мекунад, ки ин ба домодҳо низ дахл дорад. Масалан: “барномасоз не, балки таъмиргари телефон. Бонкдор не, балки таҷрибаомӯз дар шӯъбаи коршиносон оид ба кредитҳо. Халабон не, балки корманде, ки дар фурудгоҳ симкорт медиҳад. Донишҷӯ дар Англия не, балки ба ҷамъоварии қулфинай рафтааст”.
“Фикр мекунам, ки ҳаҷв як роҳи беҳтарини тағйир додани тарзи дарки одамон нисбати занон аст. Шӯхӣ метавонад нишон диҳад, ки стереотипҳо дар асл сафсата ҳастанд. Одамонро ба андеша водор сохтан ва бо вуҷуди ин худро маҳкумшуда ҳис накардан”,- мегӯяд духтараки стендапер.
Тадқиқоти “Is it really just a joke? Gender differences in perceptions of sexist humor” (2020) суханони ӯро тасдиқ мекунад. Тибқи ин тадқиқот, дарки ҳаҷви сексистӣ (табъиз аз рӯи мансубияти ҷинсӣ) байни мардон ва занон фарқ мекунад. Тадқиқот нишон дод, ки занон бештар шӯхиҳои сексистиро ҳамчун таҳдид ва дастгирии табъиз меҳисобанд, дар ҳоле ки он дар назари мардон безарар аст.
Аммо, вақте ки ҳаҷв муносибати мардсолориро ба танз мекашад ва ба стереотипҳо тамаркуз медиҳад, он метавонад бадгумониҳоро коҳиш диҳад ва барои муколамаи баробарҳуқуқ шароит фароҳам орад. Масалан, чунин шӯхиҳо метавонанд ба одамон барои дарки стереотипҳои бемаънӣ ва кӯҳнаи гендерӣ кӯмак кунанд ва дар ҳамин ҳол вокуниши муҳофизатиро ба миён наоранд.
Музаффар ва Ева: вайнҳо бар зидди стереотипҳо
Музаффар Заидов, ҳаҷвнигор-стендапер ва блогер, ҳамроҳи ҳамсараш Ева вайн сабт мекунанд, ки нақшҳои анъанавӣ дар оилаҳоро ба танз мекашад. Дар наваорҳои худ онҳо мавзӯъҳоеро ба мисли фишори афкори ҷамъиятӣ, қоидаҳои нонавиштаи издивоҷ ва стереотипҳо дар бораи рафтори мардон ва занон инъикос мекунанд.
Музаффар аксар вақт дар бораи он мегӯяд, ки чӣ гуна тарси доварӣ одамонро водор мекунад, то аз муҳаббат ва хушбахтии худ даст кашанд.
“Таъсири стереотипҳо одамонро водор мекунад, ки аз наздикони худ даст кашанд ва бо онҳое, ки дӯст намедоранд, издивоҷ кунанд. Фикрҳои “одамон чӣ мегӯянд” онҳоро вобастаи интизориҳои дигарон гардониданд”,- мегӯяд ӯ.
Нашрҳои ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои шадидро ба миён меоранд. Баъзе шарҳнависон ӯро барои “ба мисли занкалон рафтор кардан” айбдор мекунанд, дигарон ҳаҷви ӯро барои мардон таҳқиромез меҳисобанд. Аммо, вайнҳои онҳо ба ҷавонон кӯмак мекунад, ки рафтори дигаргуна дар оиларо бубинанд ва дар бораи меъёрҳои таҳмилшуда фикр кунанд.
Ева афзуд, ки аксар вақт ба занон мегӯянд “ҷои онҳо дар ошхона аст, аммо вақте ман ва Музаффар дар вайнҳои худ нишон медиҳем, ки зан метавонад каси дилхоҳаш бошад – блогер, ҳаҷвнигор, фаъоли ҷамъиятӣ”.
Тадқиқоти “Humor as a tool for Social Change” (2019) нишон медиҳад, ки ҳаҷв дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад ба тағйирёбии нақшҳои гендерӣ ва тағйирёбии шуури ҷамъиятӣ мусоидат кунад. Тадқиқот қайд мекунад, ки вайнҳо ва мемҳо, ки стереотипҳоро ба танз мекашанд, метавонанд сатҳи ақидаҳои нодурустро коҳиш диҳанд ва баробарии гендериро пеш баранд.
Муаллифони таҳқиқот таъкид мекунанд, ки ҳаҷв дар шабакаҳои иҷтимоӣ имкон медиҳад, аудиторияи зиёд ҷалб карда шаванд ва барои муҳокима ва фаҳмиши интиқодии меъёрҳои анъанавӣ ҷой фароҳам оранд. Ҳаҷве, ки тавассути интернет паҳн мешавад, метавонад ба эътиқоди шахсӣ ва рафтори ҳаррӯзаи одамон таъсир расонад.
“Стендапҳо барои одамони худӣ”
Коршиноси масоили гендерии тоҷик Ниссо Расулова мегӯяд, ки стендап сабт мекард, аммо онро танҳо барои доираи маҳдуди хешовандон ва дӯстони наздики худ нишон медод.
Ӯ бо номи як қаҳрамони шартӣ – Валиҷон канали худро дошт, ки дар бораи стереотипҳои ҷомеа шӯхӣ мекард. Аммо сарбории касбӣ ба рушди канал монеъ шуд.
“Аммо ман ният дорам, ки баргардам, стендапҳои ман хеле муҳиманд, онҳо аз одатҳои ҳаррӯза, кӯҳнапарстиҳои ҳаррӯзаи ман гирифта шудаанд. Орзу дорам, ки дар Душанбе ё Хуҷанд як стендапи занона таъсис диҳам”,- мегӯяд Расулова.
Вай мегӯяд, ки ҳатто дар тренингҳои худ аз ин васила истифода мебарад, ҳаҷвро ба презентатсияҳои худ дохил мекунад, зеро ин ба паст кардани шиддат кӯмак мерасонад ва мавзӯъҳои ҳассос дар заминаи ҳаҷв аҳамият ва муҳтавои ҷиддии худро гум намекунанд.
Ниссо Расулова қайд мекунад, ки ҳаҷви мардони ҳаҷвнигор дар бораи занон аксар вақт бо мизогиния (бадбинӣ ё бадгумонӣ нисбати занону духтарон) ва сексизм пур аст. Ба ақидаи ӯ, стендапи зан метавонад намунаи шӯхӣ бидуни таҳқир бошад, масъалаҳои муҳимро ба миён орад ва мушкилотеро, ки занон ҳамарӯза дучор меоянд, инъикос кунад.
Барои мисол, Расулова як бонуи стендапери қазоқро овард, ки ӯ дар бораи омодагии занон ба пешвози меҳмонон, дар бораи он ки чӣ гуна занон ба стереотипҳо дучор мешаванд, нақл мекунанд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“То андозае нозук, бо ҳаҷв ва киноя аст, ки ин наметавон онро рад кард”,- мегӯяд вай.
Аммо, хотиррасон мекунад, ки баъзе феминистҳои ғарбӣ мегӯянд, набояд дар бораи эҳсосоти мардон фикр кунед, вақте шӯхӣ мекунед, бояд дар бораи худ фикр кунед.
“Мутаассифона, ин корро карда наметавонем, зеро дар ҷомеаи мо мардсолорӣ ҳукмфармо аст ва маҷбурем, ба он мутобиқ шавем”,- мегӯяд Расулова.
Бонувони ҳаҷвнигор аз кишварҳои дигар дар бораи чӣ шӯхӣ мекунанд
“Зар Эрон бонуи ҳаҷвнигор будан ба рақобат дар шиноварӣ монанд аст, аммо се метр дар паси хати оғоз бо дасту пойҳои баста”,- гуфт Зайнаб Мусавӣ дар мусоҳиба бо The Guardian. Ӯ блоги маъмули анонимиро пеш мебурд, аммо дар тамоми кишвар бо иштирокаш дар стендап-шоуҳои телевизионии Эрон машҳур шуд.
Бо вуҷуди сензура дар телевизиони давлатӣ, Мусавӣ дар мавзӯъҳои ҷиддӣ шӯхӣ мекард.
“Одамон фарзандони худро ба хотири чизҳои гуногун номгузорӣ мекунанд. Пас аз чанд сол Барҷом номгузорӣ кардани фарзандонашон (БАРҶОМ ихтисораи форсӣ, ки Созишномаи байналмилалӣ оид ба барномаи ҳастаии Эронро ифода мекунад) тамоман аҷиб нест. Умуман, Барҷом нақшаи муштараки ҳамаҷонибаи амал аст.
Кӯдакро Барҷом номидан мумкин нест, зеро кӯдак натиҷаи кӯшишҳои ҳамаҷонибаи муштарак аст, аммо бидуни ягон нақшаи амал”,- идома медиҳад Мусавӣ.
Баъди ин шӯхӣ ба ҳунарпеша таҳдид карданд, ки ӯро бо кислота ба қатл мерасонанд. Аммо Мусавӣ ба ҳунарнамоӣ идома медиҳад.
Моҳи октябри соли 2022 Мусавӣ дар эътирозҳои умумимиллӣ дар Эрон ширкат варзид, ки пас аз он боздошт шуд, аммо ба зудӣ бо гарав озод карда шуд. Дар моҳи декабри ҳамон сол, суд ӯро ба ду соли зиндон маҳкум кард. Дар айни замон, Мусавӣ зидди ин қарор шикоят карданро идома медиҳад.
Нозгул Алимқулова стендапери маъмули қирғизистонӣ дар Бишкек. Вай дар бораи ҳаёти оилавӣ шӯхӣ мекунад: “Мегӯянд, ки зани якум аз ҷониби Худо аст, зани дуюм аз ҷониби шайтон. Шавҳарам метарсад, кадомиро мегирад, чун ман аз худо [ба ӯ] дода шудаам”. Дар бораи кӯдакон: “Шавҳари ман фарзандони зиёд мехоҳад. Ман ҳам тарафдорам. Ман ҳам тарафдори меҳнати кӯдакон ҳастам”.
Вай инчунин дар бораи намуди зоҳирӣ пас аз таваллуд ва дигар ашёи рӯзгор шӯхӣ мекунад. Аммо инчунин ба мушкилоти иҷтимоӣ, ба монанди набудани маърифати ҷинсӣ ишора мекунад: “Дар кишварҳои осиёии мо тарбияи ҷинсӣ вуҷуд надорад. Агар дар Аврупо хонандаи синфи ҳаштум медонад, ки рифола чист, ба ӯ баҳои панҷ гузошта, номашро ба тахтаи фахрӣ мебароранд. Мо номи ӯро дар девори даромадгоҳ мебарорем”.
Масалан, Нозгул аксар вақт интизориҳои ҷомеаро мазҳака мекунад: “Агар ту модар ҳастӣ – бояд идеалӣ бош. Агар зан ҳам бошӣ, боз ҳам бояд идеалӣ бошӣ. Ман бошам танҳо мехоҳам беш аз чор соат пай дар пай хоб кунам”.
Алӣ Вонг яке аз ҳаҷвнигорони барҷастаи амрикоӣ аст, ки бо намоишҳои ҷасурона, ростқавлона ва хандовараш дар мавзӯъҳои гуногун, аз қабили модарӣ, издивоҷ, ҳомиладорӣ ва стереотипҳои гендерӣ машҳур шудааст. Намоишҳои мазҳакавии ӯ, ба монанди “Baby Cobra” (2016) ва “Hard Knock Wife” (2018), падидаи воқеӣ дар платформаи Netflix шуданд.
Дар “Baby Cobra” Алӣ дар бораи ду давраи ҳомиладории аввалини худ ошкоро нақл мекунад, ки қиссаҳои шахсии худро бо сатираи шадиди интизориҳои ҷамъиятӣ аз занон омезиш медиҳад. Вай ақидаеро, ки занон бояд модари идеалӣ бошанд, ба ҳаҷв кашида, эҳсосоти худро дар бораи кор ва оила ошкоро нақл мекунад.
Дар намоиши “Hard Knock Wife” Алӣ мавзӯи модар ва ҳуқуқи занонро идома медиҳад, ки нобаробарии молиявии издивоҷ ва фишор ба занонеро, ки кор ва оиларо якҷоя мекунанд, ба ҳаҷв мекашад.
Тибқи таҳқиқоти “The Rise of Female Comedians: Breaking Stereotypes in Stand-Up” (2022), занони ҳаҷвнигор барои муколама дар бораи баробарии гендерӣ фазои нав эҷод мекунанд, меъёрҳои муқарраршударо аз байн мебаранд ва имкониятҳои занонро васеъ мекунанд. Суханронии онҳо ба шунавандагони зиёд кӯмак мекунад, ки нуқтаи назари кӯҳнашударо аз нав дида бароянд ва аксар вақт на танҳо ханда, балки мулоҳизаҳои амиқро ба вуҷуд меоранд.
Ин мисолҳо тасдиқ мекунанд, ки стендапи занон на танҳо шавқовар, балки як шакли муборизаи иҷтимоӣ аст. Ҳар як ханда дар толор як қадамест барои он, ки занони тамоми ҷаҳон худро озодтар ва ба ҳуқуқ ва имкониятҳои худ эътимодноктар ҳис кунанд.
Маҳинахон Бадриева мегӯяд, ки ханда ба рафъи шиддат кӯмак мекунад ва чашмони одамонро мекушояд, ки занон метавонанд қавӣ, оқил бошанд ва ҳар касберо хоҳанд, интихоб кунанд.
“Албатта, як шӯхӣ ҷаҳонро тағйир дода наметавонад. Аммо он метавонад ибтидо бошад, ба одамон кӯмак кунад, ки ба ин ё он чиз ба таври дигар назар кунанд”,-хулоса кард Бадриева.
Тарҷума аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо