fbpx

Дарафш, габилем ва қолин. Як зан дар Истаравшан ҳунарҳои қадимиро эҳё мекунад

Наврӯза Сангинова дар тарҳу намои қолинҳояш аз нақшҳои қадимии миллӣ, ба монанди нақшҳои геометрӣ, исломӣ, ориёӣ ва зооморфӣ истифода мебарад.


0
Наврӯза Сангинова. Ин ва аксҳои дигар аз муаллиф - Абдуғаффор Шодиев

Наврӯза Сангинова қолинбофӣ мекунад. Солҳост, ки ӯ бо ин ҳунар машғул буда, барои рушду эҳёи он саҳм мегузорад. Ҳамчунин, габилему дарафш низ мебофад, ки дар он на танҳо нақшу нигори миллӣ балки манзараҳои зебои Тоҷикистон, балки муқаддасоти миллӣ, расму оин, чеҳраи шахсиятҳои гуногунро низ наққошӣ мекунад.

Муаллифи Your.tj бо Наврӯза Сангинова ҳамсӯҳбат шуда, аз дастовардҳо, душвориҳо ва роҳҳои рушду эҳёи ҳунари қолинбофӣ ва габилему дарафшбофӣ қисса кард.

“Қолинҳои дастӣ шифобахшанд”

Наврӯза Сангиноваи 46-сола зодаи шаҳри Истаравшан аст. Зиёда аз 20 сол мешавад, ки қолинбофӣ мекунад. Мавсуф ин ҳунарро дар мактаби миёна дар маҳфили “қолинбофӣ” омӯхтааст.

Соли 1996 бо пешниҳоди модараш ба кооперативи “Хотира”, ки қолинҳои дастӣ истеҳсол мекард, ба кор медарояд ва он ҷо ҳунарашро сайқал медиҳад.

“Дар кооперативи “Хотира” қариб чор сол фаъолият кардам. Он ҷо қолинҳои гуногуни дастӣ истеҳсол мекардем. Он замон талабот ба қолинҳои дастӣ хеле зиёд буд.

Ҳатто занони ҳунарманд дар хонаҳои худ қолин бофта мефурӯхтанд ё бо чунин корхонаҳо шартнома мебастанд. Ҳамин тавр, ба қолинбофӣ меҳр пайдо кардам ва баъди оиладор шудан низ ин ҳунарамро идома додам”,- нақл кард ҳамсӯҳбати мо.

Қаҳрамони мо ба хонаводаи қолинбофони маъруфи тоҷик оилаи Ҳамдамовҳо келин мешавад. Навъҳои дигари ҳунари қолинбофиро дар коргоҳи хусусии тиҷоратию истеҳсолии қолинбофии хусураш, Абдуҷаббор Ҳамдамов аз худ мекунад.

“Ҳамин, ки вақти холӣ ёфтам даррав сари дӯкони қолинбофӣ мешинам. Аз бофтан лаззат мебарам, фикр мекунам қолинбофӣ ба кас оромӣ мебахшад. Ҳамзамон, қолинҳои дастӣ хусусияти шифобахшӣ доранд”,- мегӯяд қаҳрамони мо.

Ба гуфтаи ӯ, қолинҳои дастӣ дар гармӣ сардиву дар сардӣ гармӣ медиҳанд ва барои муътадил шудани ҳарорати хона низ кӯмак мерасонад. Дар гузашта мардум дар девори хона қолин мезаданд, ки дар баробари зебоӣ бахшидан аз овозҳои гӯшхароши берун низ ҳимоя мекард.

Тасвир бо ришта

Наврӯза Сангинова дар тарҳу намои қолинҳояш аз нақшҳои қадимии миллӣ, ба монанди нақшҳои геометрӣ, исломӣ, ориёӣ ва зооморфӣ истифода мебарад.

Қаҳрамони мо бо истифода аз ин нақшҳо рӯйи қолин асари мукаммалеро эҷод мекунад, ки диққати бинандаро ба худ ҷалб месозад. Наврӯза ҳамзамон ба чеҳранигории рӯйи қолин машғул аст.

“Мувофиқи фармоиш мо дар рӯйи қолин чеҳранигорӣ ҳам мекунем. Ин навъи санъатро ман аз Абдуқаҳҳор Ҳамдамов омӯхтаам. Пештар аз хориҷа фармоиши зиёд меомад. Чунин қолинҳоро дар 15-20 рӯз мебофем, барои дигар қолинҳо бошад аз 25-30 рӯз то 5-6 моҳ сарф мешавад”,- гуфт ҳунарманд.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, пеш аз бофтани қолин дар варақ ангораашро тасвир мекунад. Сипас дар қоғази тақсимотӣ бо хати шикаста мегузаронад ва аз рӯйи он дар дӯкони қолинбофӣ ришта мекашад.

Назар ба гуфтаи Наврӯза, дар қоғази тақсимотӣ рангҳои ришта ва чӣ қадар сарф шудани онро муайян мекунад. Ӯ барои қолинбофӣ аз сӯзани махсус, корд, шона, хаткашак, дастгоҳ, тасмаи ченкунӣ корди қолинбофӣ истифода мебарад.

Қаҳрамони мо то имрӯз ба воситаи риштаҳо даҳҳо асар офаридааст. “Қалъаи Муғ”, “Нишони давлатӣ”, “Парчами давлатӣ”, “Об манбаи ҳаёт”, “Нақши чака””, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Ваҳдат” аз ҷумлаи офаридаҳои ӯянд.

Эҳёи ҳунарҳои фаромӯшшуда

Габилему дарафшбофӣ яке аз навъҳои ҳунари қолинбофӣ буда, имрӯзҳо қариб, ки аз байн рафтааст. Дар габилему дарафш бештар манзара, расми ҳайвонот, паранда ва ғайра тасвир меёбад. Онро тавассути сӯзани махсус бо риштаи мулина рӯйи матои пахтагин, дар дастгоҳи чанбарак мебофанд.

“Габилему дарафш, маснуоти бофандагии бадеист, ки одатан нақшу нигори гуногунранг дорад. Ба ин навъи ҳунар имрӯзҳо кам ҳунармандон машғул мешаванд. Онро бештар барои зиннат додани кошонаҳо истифода мебаранд.

Ҳаҷми он нисбат ба қолин хурдтар буда, бештар барои армуғон харидорӣ мекунанд. Ман ба шогирдон ғайр аз қолинбофӣ габилем ва дарафшбофиро низ меомӯзонам. Мехоҳам ин ҳунарҳои қадима низ аз нав эҳё шаванд”,- гуфт Наврӯза Сангинова.

Қаҳрамони мо мегӯяд, дар габилему дарафш ҳам агар фармоиш шавад чеҳранигорӣ мекунад. Ба гуфти ӯ, агар ҳунарманд хоҳад ба воситаи риштаҳо метавонад чизи дилхоҳашро бофад.

Имрӯзҳо таваҷҷӯҳи мардум ба чунин армуғонҳо зиёд аст, махсусан сайёҳон бештар харидорӣ мекунанд.

“Мехоҳам қолинбофии дастӣ чун пештара рушд ёбад”

Наврӯза Сангинова аз соли 2009 дар Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан ба ҳунаромӯзон аз рӯйи ихтисоси қолинбофӣ дарс медиҳад.

Қаҳрамони мо соли 2013 барои такмил додани ҳунараш дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон аз рӯйи ихтисоси қолинбофии дастӣ низ таҳсил кардааст.

“То соли 2009 дар коргоҳи тиҷоратию истеҳсолии хусурам қолинбофӣ мекардам. Дар коргоҳи мазкур садҳо зани хонашин ба кор ҷалб шуда буданд. Аксарияти онҳо қолинбофиро омӯхта, дар хонаҳояшон ба ин ҳунар машғул мешуданд.

Он замон аз Истаравшан хориҷиҳо қолинҳои дастӣ харидорӣ карда, барои фурӯш мегирифтанд. Мехоҳам имрӯзҳо низ қолинбофии дасти чун пештара аз нав рушд ёбад”,- изҳор дошт қолинбоф.

Қаҳрамони мо мегӯяд ба ҳунарҳои дастӣ ҳамавақт талабот ҳаст, хоса дар замони рушди шабакаҳои иҷтимоӣ фурӯши маҳсулоти дастӣ осон ва қулай гаштааст. Ба гуфти ӯ, хуб мешуд агар занҳои бекор ҳарчи бештар ҳунар омӯхта барои муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик саҳм гузоранд.

Курсҳои омӯзишии ҳунармандӣ

Наврӯза Сангинова дар Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ курси омӯзишии “қолинбофӣ”-ро таъсис додааст.

Дар он донишҷӯёни коллеҷ, хонандагони мактаб, бонувони синну соли гуногун ҳунар меомӯзанд. Аллакай даҳҳо нафар аз ин курс гузашта соҳиби ҳунар ва сертификат гаштаанд.

“Чунин курсҳоро ба хотири ҳарчи бештар ҷалб шудани ҷавонон ба ҳунаромӯзӣ таъсис додем. Дар коллеҷ курсҳои омӯзишии қолинбофӣ, тарроҳӣ, гаҷкорӣ, рассомӣ кандакорӣ ва ғайра ташкил ёфтаанд. Ҳам ҷавонписарон ва ҳам ҷавондухтарон ҷалб шудаанд. Ин курсҳои омӯзишӣ ройгон мебошанд”,- мегӯяд Наврӯза.

Ба гуфтаи қаҳрамони мо, қолинбофӣ аслан ҳунари мардона аст. Дар гузашта бештар мардон бо он машғул мешуданд. Имрӯз теъдоди хеле ками мардон ин ҳунарро медонанд.

Қаҳрамони мо мегӯяд, соли 2017 ду ҷавонписар аз ӯ қолинбофӣ омӯхта буданд. Писари Наврӯза низ ҳоло аз ӯҳдаи ҳунари қолинбофӣ ба пуррагӣ мебарояд.

“Беҳтарин қолинбоф”-и шаҳри Истаравшан

Наврӯза Сангинова то имрӯз дар озмуну фестивалҳои зиёди ҳунармандӣ иштирок карда сазовори ҷойҳои намоён гардидааст.

Соли 2023 дар фестивали ҳунармандони Истаравшан дар номинатсияи қолинбофӣ сазовори ҷойи аввал гардида, “Беҳтарин қолинбоф”-и шаҳри Истаравшан эътироф шудааст.

“Вақте дар шаҳри Хуҷанд коргоҳи қолинбофии “Шероз” ифтитоҳ ёфт, дар он қолинбофони зиёд ҷалб шуда буданд. Ҳамон вақт барои қолинбофон як озмун ташкил шуд. Дар он ман аз рӯйи номинатсияи “торкашӣ” сазовори ҷойи дуввум гаштам. Ғайр аз ин, дар дигар озмуну фестивалҳо ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар иштирок кардаам”,- гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Наврӯза Сангинова мегӯяд, беҳтарин туҳфаву ҷоиза барояш шогирдони тарбиякардааш мебошанд, ки имрӯзҳо дар гӯшаву канори мамлакат ба ҳунармандӣ машғуланд.

Абдуғаффор Шодиев


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend