Дар Тоҷикистон ороишоти муосир бо омехташавӣ ба унсурҳои миллии тоҷикӣ маъруфият пайдо мекунанд.
Талабот ба чунин либосҳо хеле зиёд аст. Тарроҳон ҳоло рӯз аз рӯз тарҳи либосҳоеро бештар эҷод мекунанд, ки хусусиятҳои миллии тоҷикиро дорад.
Дар бораи хусусиятҳои либосҳои анъанавии тоҷикӣ ва маънои ҳар як ранги он дар Your.tj бихонед.
Ҳар як ранг ифодаи рамзӣ дорад
Либоси миллии тоҷикӣ бо гуногунрангӣ ва ҷилонокӣ фарқ мекунад. Ҳар як минтақаи Тоҷикистон рангҳо ва намунаҳои ба худ хос дорад.
Дар фарҳанги тоҷикӣ рангҳои либоси анъанавӣ рамзҳои муайяни худро доранд. Ранги сурх қувваи ҳаёт ва хушбахтиро ифода мекунад. Он дар либосҳои арӯсӣ ва идона истифода мешавад.
Сабз рамзи ҳамоҳангӣ ва ранги ислом маҳсуб меёбад, кабуд ва сиёҳ бошад, одатан дар либоси ҳаррӯза барои муҳофизат аз чашми бад истифода мешаванд.
Ранги сафед нақши хеле муҳим дорад. Он рамзи покӣ ва бегуноҳӣ аст.
Унсурҳои маъмултарини гулдӯзии тоҷикӣ ороишоти гулдор, рамзҳо ва нақшҳои геометрӣ мебошанд, ки муҳофизат ва баракатро ифода мекунанд.
Либоси миллии занон
Барои тайёр кардани либос аз пахта ё абрешим истифода мешавад. Инчунин матои рахдоро ва ҳарранга бо номи “алоча” аз омехтаи пахта ва абрешим истифода мешавад.
Либосҳои тоҷикӣ асосан куртаҳои дароз мебошанд. Онҳо остинҳои гулдӯзишудаи васеъ доранд.
Шакли гиребон аз мавқеи оилавии зан муайян карда мешавад. Занони оиладор куртаҳо бо гиребони амудӣ буридашуда ва занони бешавҳар бо гиребони уфуқӣ буридашуда мепӯшанд.
Пештар, гиребон аз куртаи сафеде, ки аз таги либоси асосӣ пӯшида мешуд ва ҳамчун либоси поёнӣ истифода мешуд, бояд намоён мешуд. Куртаро аксар вақт бо шимҳои маъруф ба “эзор”, “лозимӣ” ва “пойҷома” мепӯшиданд.
Занҳо ба сифати либоси болоӣ ҷомаро истифода мебаранд, ки ба ҷомаи мардона монанд аст.
Инчунин намунаи дигари ҷома вуҷуд дорад, ки бо номи “мунисак” маъруф аст. Он нисбат ба ҷомаи маъмулӣ хеле сабуктар аст, аз тайёр шудааст ва шакли буриши дигар дорад.
Мунисак ҳоло қариб аз истифода баромада, ҳамчун либоси пиронсолон ё мотамдорон дониста мешавад.
Сарпӯшҳои занони тоҷик аз се қисм иборатанд: салла, кулоҳ ва рӯймоли “лачак”, ки метавон онҳоро ҳам якҷоя ва ҳам алоҳида пӯшид.
Либоси миллии мардона
Либоси анъанавии мардони тоҷик аз курта, шим, ҷома, камарбанд, салла ё тоқӣ иборат аст. Имрӯз, ҷома яке аз либосҳои асосӣ барои чорабиниҳои расмӣ мебошад, ки онро дар тӯй ва маросими дафн мепӯшанд, ҷомаҳои гаронбаҳоро аксар вақт ба касе тӯҳфа мекунанд.
Ҷомаи тоҷикӣ либоси озоди рахдор бо пешдомани кушода аст.
Барои дӯхтани ҷомаҳои муосир матои бахмал ва дар минтақаҳои кӯҳӣ пашм истифода мешавад. Барои дӯхтани ҷомаи зимистона пахта истифода мешавад. Ғайр аз ин, қариб ҳар як ҷома дар қисми поён, остинҳо ва гардан шероза дорад.
Куртаҳо услубҳои гуногуни дӯхт доранд, аммо ҳамаи онҳо одатан аз як порчаи матои калон дӯхта мешаванд. Якчанд намуди куртаҳо мавҷуданд, аз ҷумла куртаи кифтакӣ.
Курта камарбанд аз миён баста шуда, озодона пӯшида мешуд. Аз болои он ҷомаи кушода аз матои пахтаги рахдор ё ранга пӯшида мешуд.
Унсури ҳатмии либос мӯзаҳои чармӣ бо тагчарми мулоим (чоруқ) ва ҷӯробҳо буданд.
Дар минтақаҳои кӯҳӣ мардон маҳсӣ ё мӯзаҳои баланди мулоим ва аз болои онҳо калӯши чармӣ мепӯшиданд. Дар тобистон ҷомаи сабуки беастар ва дар зимистон ҷомаи пахтагини калонтари аз боло то поён маҳкам мепӯшиданд.
Шим ё шалворҳои тоҷикиро эзор меноманд. Онҳо аз қисмати зону хеле васеъ мешаванд.
Дар либоси тоҷикӣ мақоми мардро камарбанди ӯ муайян мекард. Сарватмандон камарбанди бахмалӣ мебастанд, ки бо риштаҳои тиллогун дӯхта мешуд, ва камбағалон ҳамчун камарбанд рӯймоли печонидашударо бо риштаи хоксоронаи “миёнбанд” истифода мебурданд.
Ин камарбанди тоҷикӣ инчунин ҳамчун халта ва тасма хизмат мекард.
Сарпӯшҳо: намудҳои тоқиҳо
Сарпӯши мардони тоҷик аз тоқӣ ва салла иборат аст, ки аз болои тоқӣ ё кулоҳ баста мешавад. Дар зимистон мардон сарпӯши мӯинагӣ мепӯшанд.
Ду намуди тоқиҳо мавҷуданд: чустӣ – тоқиҳои ғафси сиёҳу сафед бо нақшҳои гуногун ва арақчин – тоқиҳои рангаи бофташуда.
Тоқии пасти махрутӣ бо рангҳои гуногун дӯхта мешуд. Дар водиҳо мардон аз болои тоқӣ салла мебастанд.
Тоқиҳои сиёҳи мураббаъ бо гулдӯзии сафед дар асри XX маъмул шуданд ва бо мурури замон ба унсури асосии сарпӯшҳои занона табдил ёфтанд.
Омезиши либосҳои анъанавӣ ва муосир маъруфият пайдо мекунад
Дар Тоҷикистон либосҳои муосир, ки ба услубҳои қадимии анъанавӣ дӯхта шудаанд, торафт бештар мӯд мешаванд.
Дар либосҳо ороишҳои анъанавии тоҷикӣ дӯхта мешаванд. Ба ороишоти муосир бошад, ҷузъи анъанавии пӯшок, масалан, тоқӣ ё ҷома илова карда мешавад.
Намунаҳои муосири тоқиҳо, ки ҳувияти миллиро инъикос мекунанд, бо гулдӯзӣ оро дода шуда, бо услуби аврупоӣ омехта гардидаанд.
Ҳамин тариқ, либоси миллии тоҷикӣ зери таъсири тамоюлу равияҳои муосири мӯд ташаккул меёбад
Зулайхо Зулфова
Тарҷума аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо