fbpx

Хабарҳои Тоҷикистон: Аз шарҳи кушторҳо дар Конибодом то “лимит”-и барқ дар Тоҷикистон

Ин ва дигар хабару рӯйдодҳои муҳимтарини ҳафтаи охирро дар нашри навбатии барномаи ҷамъбастии “Навиди ҳафт рӯз” аз Your.tj тамошо кунед.


0
Навиди ҳафт рӯз - нашри 15

Муовини вазири корҳои дохилӣ гуфт, кушторҳо дар Конибодом “муқаррарӣ”-янд, прокурори генералӣ тасдиқ кард, ки нисбати чор сиёсатмадори шинохта парванда боз шудааст, ҳалокати 236 нафар дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ, дар Тоҷикистон бақайдгирии ройгони телефонҳо бекор шуд, низоми бераводид миёни Тоҷикистону Эрон аз 10 август амал мекунад ва масъули “Барқи тоҷик” гуфтанд, то нерӯгоҳи “Роғун” пурра сохта нашавад, “лимит” боқӣ мемонад.

Хабару рӯйдодҳои муҳимтарини ҳафтаи охир дар нашри навбатии барномаи “Навиди ҳафт рӯз” аз Your.tj.

Муовини вазири корҳои дохилӣ гуфт, кушторҳо дар Конибодо “муқаррарӣ”-янд

Абдураҳмон Аламшозода муовини якуми вазири корҳои дохилӣ гуфт, кушторҳо дар Конибодои “муқаррарӣ” аст ва “ягон ҳангомаи зиёдатӣ” нест.

“Шумораи 3-4 кушторе, ки содир шудааст, 3 ҳолаташ ошкор карда шуд. Ду ҳолати куштор вобаста ба муноқишаҳои оилавӣ аст, куштори оилаи Шариповҳо ва Умаровҳо. Инҳо дар доираи оила аст, парвандаҳои ҷиноятӣ дар марҳалаи ба суд ирсол кардан аст,” – чунин посӯх дод ӯ ба саволи хабарнигорон зимни нишасти матбуотии вазорати корҳои дохилӣ.

Ҳамзамон Абдураҳмон Аламшозода гуфт, дар хусуси ду куштори дигар бо сабаби сири тафтишот ахборот дода намешавад.

Абдусалом Тухтасунзода, раиси шаҳри Конибодом дар нишасти матбуотии рӯзи 31-уми июл гуфта буд, ки вобаста ба ин ҳодисаҳо як нафар боздошт шудааст, вале барои халал нарасонидан ба ҷараёни тафтишот аз додани ҷӯзъиёт худдорӣ намуда буд.

Ёдовар мешавем, ки аввали моҳи июн дар расонаҳо хабарҳо дар хусуси куштори дастикам чор оила дар Конибодом нашр шуд.

Ин ҳодиса сару садои зиёдеро ба бор овард.

Прокурори генералӣ тасдиқ кард, ки нисбати чор сиёсатмадори шинохта парванда боз шудааст

Юсуф Раҳмон, прокурори генералии кишвар боз шудани парванда нисбати Аҳмадшоҳ Комилзода, Ҳамроҳхон Зарифӣ, Акбаршоҳ Искандаров ва Шокирҷон Ҳакимовро тасдиқ кард, хабар медиҳад “Азия-Плюс.

Ӯ имрӯз, 9-уми август зимни нишасти хабари ба рӯзноманирон иттилоъ додааст, ки парвандаи онҳо ба паравандаи Усмонзода рабт дорад ва онҳо “дар алоқамандии зич қарор доштанд”.

Юсуф Раҳмон бо он ки парванда муҳри махфӣ дорад, маълумоти бештар надода, танҳо зикр намуд, ки парванда аз ҷониби Прокуратураи генералӣ боз шуда, мавриди тафтиш қарор дорад.

“Касе ки ба давлат, ба миллат, ба президент хиёнат мекунад, дар назди қонун ҷавоб медиҳад, навобаста ба он ки чӣ вазифа кор мекунад ё чӣ вазифаро ишғол карда буд,” – гуфт ӯ.

Саидҷаъфар Усмонзода вакили собиқи парлумон ва раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон 12-уми июни соли равон бо гумони “ғасби ҳокимоят” аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум ва боздошт гардид.

Баъдан расонаҳо аз боздошти Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ вазири пешини корҳои хориҷӣ, Акбаршоҳ Искандаров, собиқ раиси Шӯрои Олӣ ва ҳуқуқшиноси шинохта Шокирҷон Ҳакимов хабар доданд.

Дар хусуси сабаби боздошт ва дар куҷо қарор доштани онҳо прокурори генералӣ маълумот надод.

Ҳалокати 236 нафар дар натиҷаи садамаҳои нақлиётии давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ки дар шаш моҳи аввали соли равон 539 ҳодисаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба соли гузашта 49 ҳодиса зиёд аст.

Дар ин ҳодисаҳо 236 нафар ба ҳалокат расида, 570 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.

Гуфта мешавад, ки садамаҳои нақлиётӣ нисбат ба соли гузашта 11,8%, маҷрӯҳшудагон 13,3% ва ҳалокшудагон 22,3% зиёд шудааст.

Масъули “Барқи тоҷик” гуфтанд, то нерӯгоҳи “Роғун” пурра сохта нашавад, “лимит” боқӣ мемонад

То нерӯгоҳи “Роғун” пурра сохта нашавад, “лимит” боқӣ мемонад, гуфтанд масъулони “Барқи тоҷик” 6-уми август зимни нишасти матбуотӣ.

Ба гуфтаи Абдуллоҳ Қурбонзода, муовини раиси ширкати “Барқи тоҷик” масъала ба он вобаста аст, ки дар оянда чӣ қадар барқ тавлид мешавад ва талабот дар фасли зимистон чӣ қадар хоҳад буд. Ва таъминоти барқ ба гуфтаи ӯ аз резиши маҷрои дарёи Вахш вобастагӣ доранд.

Чанд рӯз пеш Далер Ҷумъа вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон низ дар нишасти матбуотӣ дар хусуси он ки оё имсол дар кишвар “лимит” мешавад ё не, посухи мушаххас надод. Вале гуфт, ки дар баробари “истифодаи имкониятҳо” бояд “дигар намуди сӯзишвориҳо, аз ҷумла ангиштро захира намоем”.

“Мо бояд аз ҳамаи имкониятҳо истифода барем ва дигар намуди сӯзишвориҳоро низ захира намоем, аз он ҷумла ангишт. Дар ин бора Ҳукумати Тоҷикистон чораандешӣ кардаистодааст, ки истихроҷи ангишт ва таъмини он ба шаҳрвандон саривақт дастрас шавад,” – гуфт ӯ.

Мақомдори тоҷик таъсири тағйирёбии иқлимро яке аз сабабҳои кам шудани об дар рудхонаи Вахш номид.

Ёдовар мешавем, ки ба ғайр аз шаҳрҳои бузург ва ВМКБ дар давраи тирамоҳу зимистон сокинони минтақаҳои Тоҷикистон ба “лимит”-и барқ рӯ ба рӯ мешаванд.

Дар Тоҷикистон бақайдгирии ройгони телефонҳо бекор шуд

Аз ин пас ҳангоми ворид намудани телефонҳо барои истифодаи шахсӣ низ бояд аз қайди IMEI-и пулакӣ гузашт.

Тартиби имтиёзноки барасмиятдарории гумрукии телефонҳо аз 31-уми июл бекор карда шудааст, гуфт Азим Турсунзода муовини сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ, ки 7-уми август баргузор шуд.

То ин вақт ҳангоми воридоти телефонҳо барои истифодаи шахсӣ имтиёз буд ва аз онҳо боҷ ситонида намешуд.

Ба гуфтаи Турсунзода аз оғози бақайдгирии IMEI-кодҳо ба буҷети кишвар беш аз 11 миллион доллари ИМА аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ барои телефонҳои мобилӣ ворид шудааст.

Ӯ гуфт “аз шумораи умумӣ 231 ҳазору 479 телефон бо арзиши гумрукии 80 миллион доллари ИМА бо тартиби имтиёзнок ва комилан ройгон ба расмият дароварда шуданд. 525 ҳазору 621 дастгоҳ бо арзиши гумрукии 47,1 миллион доллари ИМА бе имтиёз ба расмият дароварда шуданд”.

Мувофиқи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар кишвар барасмиятдарории гумрукии телефонҳои мобилӣ аз соли 2023 ҳатмӣ шуд. Мақомот сабаби чунин тасмимро ба пешгирӣ аз қочоқи телефонҳо мобилӣ рабт дода буданд.

Сокинон мегӯянд бо оғози кори IMEI нархи телефонҳо дар кишвар боло рафт. Коршиносон бошад онро як роҳи пур намудани буҷети кишвар медонанд.

Низоми бераводид миёни Тоҷикистону Эрон аз 10 август амал мекунад

Шуруъ аз 10-уми август шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон метавонанд бераводид ё виза барои то як моҳ ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоикистон хабар медиҳад, ки “шурӯъ аз 10 августи соли 2024 Ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ мавриди амал қарор мегирад”.

Гуфта мешавад, дар марҳилаи аввал низоми бераводид танҳо барои нафароне амал мекунад, ки аз масири ҳавоии Душанбе-Теҳрон ва Теҳрон-Душанбе истифода мебаранд.

Дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии ҳарду ҷониб ҳуқуқ доранд дар давоми 90 рӯз аз лаҳзаи вуруди аввалинашон ба муҳлати 30 рӯз бидуни раводид ба ҳудуди тарафҳо сафар намоянд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend