Дар шимолитарин нуқтаи Тоҷикистон – ноҳияи Ашт, кӯли ғайриодие бо лойи табиии шифобахш мавҷуд аст. Он аз ҷиҳати ҳаҷм ва чуқурии захираи лойи шифобахш дар Тоҷикистон калонтарин аст. Аммо дар номгузории ин кӯли нодир то ҳол нофаҳмиҳо вуҷуд доранд.
Дар манобеи мухталиф дар бораи кӯли шӯри гилӣ дар ҳудуди ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба таври гуногун ёдоварӣ шудааст. Дар Википедия кӯлро Оксукон меноманд, ки аз узбекӣ “кон бо оби сафед” тарҷума мешавад. Баъдтар аҳолии русзабон онро Аксукон номиданд ва дар баъзе маъхазҳо низ чунин ёдоварӣ шудааст.
Ҳамин тавр, номи имрӯзаи кӯл Аксикон аст. Дар назди кӯл табобатгоҳи лойӣ бо ҳамин ном фаъолият мекунад, ки ба он ҳам сокинони маҳаллӣ ва ҳам сайёҳон аз кишварҳои ҳамсоя меоянд.
Майдони кӯли шӯри Аксикон тақрибан 12 ҳазор метри мураббаъ аст. Чуқуритарин нуқтаи кӯл дар фасли сармо ба 50-70 см мерасад, дар нимаи тобистон он хушк мешавад.
Маҳз дар зери қабати ғафси намаки ба вуҷуд омада, лойи шифобахш мавҷуд аст, ки боиси ҷалби сокинону сайёҳон мегардад. Он аз ҷиҳати ҳаҷм ва чуқурии захираи лойи шифобахш дар Тоҷикистон калонтарин аст.
Табобатгоҳи мавсимӣ
Табобатгоҳи “Аксикон” мавсимӣ буда, аз моҳи июн то август кор мекунад ва дар як вақт ҳудуди 200 нафар беморонро қабул мекунад. Ба гуфтаи коршиносони маҳаллӣ, ин муддат барои табобат бештар муассир аст.
Ба ин чо беморони гирифтори касалиҳои артрит, остеохондроз, радикулит, бемориҳои системаи марказии асаб меоянд. Лойи шифобахш, инчунин барои онҳое, ки бемориҳои пӯст, ба мисли экзема, дерматит доранд, низ муфид аст. Табибон тасдиқ мекунанд, ки лойи табобатӣ барои онҳое, ки гирифтори нафастангии бронхиалии аллергӣ ҳастанд, низ муфид аст.
Лойқаи сиёҳи тира ва равғандори кӯл аз пайвастагиҳои гуногуни калсий, магний, бор ва калий бой буда, инчунин дар таркибаш карбонатҳо, сулфатҳо ва пайвастагиҳои хлоридӣ дорад. Аз моддаҳои органикӣ, фосфор ва оҳан низ бой аст.
Табобат дар ин ҷо бо истифода аз лойи табиӣ, маҳси дастӣ, оби шӯр, маҳси обӣ, банкаи магнитӣ ва вибратор гузаронида мешавад.
Табобат дар тобистон – роҳат дар зимистон
Дилбар Боқихоҷаева, сокини деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳар сол вақти 40 дараҷа ва аз он ҳам баланд шудани ҳарорат ба ин ҷо меояд.
“Дарҳол чизҳоямро ҷамъ карда, 3 рӯз ба Ашт меоям. Мо дар деҳот зиндагӣ мекунем ва шумо медонед, ки дар он ҷо замоне шароити махсус вуҷуд надошт. Шустушӯ, пухтупаз ҳамаи ин корҳои рӯзгорро ҳам дар зимистон ва ҳам дар тобистон дар саҳни ҳавлӣ анҷом медодам. Табиист, ки ин ба саломатии ман таъсир кард”,- мегӯяд Дилбар.
Ӯ қолинбоф низ ҳаст. Тамоми умр қолинбофӣ кардааст, аз ин рӯ дасту миёнаш дард мекунанд. Баъди табобату истироҳати чандрӯза дар Аксикон дар зимистони сард, ҳадди ақал дарди буғумҳояш сабук мешавад.
“Маро қариб пурра дар гили гарми шӯр зери офтоб гӯр мекунанд. Аммо барои нафароне, ки фишори баланд доранд тавсия дода намешавад”,- мегӯяд зан.
Аммо одамон ба ин ҷо натанҳо барои муолиҷа меоянд. Зебоии табиии Аксикон одамонро аз минтақаҳои гуногуни Осиёи Миёна ба кӯл ҷалб мекунад.
Холо дар ин чо шароите фароҳам оварда шудааст, ки ба табобатгоҳҳои мавсимӣ мувофиқ аст. Иншоотҳои нав сохта, инфраструктураи зарурӣ муҳайё гардидааст. Дар нақша аст, ки дар оянда табобатгоҳ тамоми сол кор кунад.
Мушкили роҳе, ки ба Аксикон мебарад
Мавҷуда Тагирова, сокини дигари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ зуд-зуд ба ин ҷо меояд. Ӯ мегӯяд, қаблан дар ин ҷо одитарин шароит вуҷуд надошт.
“Мо шабро дар шароити даҳшатбор мегузаронидем. То худи минтақаи табобат пиёда меомадем. Аммо дигар илоҷе надоштем, зеро саломатӣ муҳимтар аст. Барои ман ҳамчун нафақахӯр нархҳои ин ҷо дастрастарин аст”,- мегӯяд Мавҷуда.
Дар ҳақиқат, расидан ба ин ҷо то ҳол осон нест. Роҳҳо вайронанд ва на ҳар як ронандаи такси розӣ мешавад, ки мошини худро аз болои чуқуриҳои ин ҷо ронад.
“Ҳама маҳсулоти заруриамонро бо худ меорем. Дар ин ҷо хӯрокро худамон мепазем. Пиёзу равған, гӯшту биринҷ ва ҳатман чойи гарм. Дар ин ҷо бе обу чой як лаҳза тоқат карда намешавад. 1 утоқи люкс барои як нафар 180 сомонӣ арзиш дорад. Коттеҷҳо ҳастанд, ки нархаш 100 сомонӣ аст. Дар меҳмонхона 1 кат 45 сомонӣ, дар меҳмонхонаи миллӣ 35 сомонӣ, дар вагон 30 сомонӣ арзиш дорад. Ҳар бори муолиҷа бо лой 20 сомонӣ арзиш дорад”, – мегӯяд Мавҷуда.
Аммо мавсимӣ будан ва дуру мушкилрас будани табобатгоҳ ҷалби мутахассисони соҳибихтисосро мушкил мекунад. Холо дар ин ҷо танҳо як духтури физиотерапевт ва ду ҳамшираи шафкат ҳамроҳи 20 нафар коргарони мавсимӣ беморонро нигоҳубин мекунанд ва ба онҳо имконият медиҳанд, ки аз хосиятҳои шифобахши лойи табиӣ баҳра баранд.