Як сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат ба ифротгароӣ муттаҳам шуда, бо ҳукми суд ба муҳлати 5 сол зиндон шудааст, вале наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ӯ танҳо дар як навор шеваи даъвати бародараш ба хизмати ҳарбӣ ва латукӯби модаркалонаш аз ҷониби мақомотро танқид карда буд.
Радиои Озодӣ менависад, Шаҳбози Шарифбек баъд аз пахши видеои танқидӣ дар интернет боздошт шуда буд.
Навори ҷавон дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдро ба бор оварда буд.
Шаҳбоз дар он аз шеваи даъвати бародараш ба артиш ва латукӯб шудани бибию холааш аз ҷониби мақомоти давлатӣ интиқод карда буд. Инчунин, роҳбарияти шаҳри Ваҳдатро танқид карда, аз роҳбарияти кишвар гила намуда буд, ки ин қонуншиканиҳоро намебинанд.
Баъдан, Шаҳбоз Шарифбек моҳи октябри соли 2023 боздошт шуд.
Наздикони Шаҳбоз ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ҳукми Суд шаҳри Ваҳдат 19-уми январи имсол содир шуда, ин ҷавонро аввали моҳи март ба зиндони шаҳри Хуҷанд фиристодаанд. Суд аз шарҳи масъала худдорӣ карда, мактуби расмӣ талаб кардааст.
Шодигул Ғафурова, холаи Шаҳбоз гуфтааст, дар мурофиа ӯ худро бегуноҳ хондааст.
“Куҷо шикоят кунам, пул даркор, бе пул намешавад. Шаҳбозро ба маҳбаси Хуҷанд бурданд, бародарашро ба яке аз қисмҳои ҳарбии ин вилоят. Роҳпулӣ надорам, ба чӣ рафта хабар гирам?”,- гуфтааст холаи Шаҳбоз.
Ба иттилои Озодӣ ин хонавода давоми шаш моҳ бо талаби озодии Шаҳбози Шарифбек ҷазои нафароне, ки бибии ӯро латукӯб карданд, борҳо ба Дастгоҳи иҷроияи президент ва идораҳои дигари давлатӣ муроҷиат кардааст. Вале ҳарду дархост бе натиҷа мондааст.
“Бачаи мо бегуноҳ аст, – мегӯяд Шодигул Ғафурова. – Вақте кормандони ҷамоат даромада пиразани 83-соларо заданд, ӯ асабӣ шуд. Ин ягон кори бад набуд. Аз ҷаноби олӣ хоҳиш дорам, ки ҳаминро ҳам дастгирӣ карда бароранд”.
Бо вуҷуди вокунишҳои зиёд, мақомот то ҳол расман қазияро шарҳ надодаанд.
Солҳои охир дар Тоҷикистон афроди зиёде барои танқиди ҳукумат ё президент ба истилоҳ “хоин” унвон мегиранд ва боздошту зиндонӣ мешаванд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, сол то сол таҳаммули танқид дар байни мақомот камтар ва муҷозоти мунтақидон сахттар шудааст.