fbpx

Бузургмеҳри Ҳаким: “Ҳатто “Нобел” истеъдоди набударо тавлид намекунад”

Ӯ мегӯяд, аз чопи китоб метарсад, зеро масъулияти сангин дорад.


13
13 points
Бузургмеҳри Ҳаким. Акс аз қаҳрамони мақола дастрас гардид.

Бузургмеҳр аз хурдӣ дар муҳите ба воя расидааст, ки дар он бибияш таронаву қиссаҳоро бо лаҳҷаи гӯшнавози кӯҳистонӣ нақл мекард. Ӯро аллакай дар 24 соли  умраш дар қатори шоирони ҷавони хушном мешиносанд.

Ҷолиб аст, ки ӯ унвони вазири аҳди Сосониёнро ба худ гирифтааст. Вале номи Бузургмеҳрро ба ӯ модараш ниҳодааст. Имрӯз қаҳрамони мо кӯшиш дорад, ки сазовори ин номи пурмаъно бошад.

Дар суҳбат бо муаллифи Your.tj Бузургмеҳр дар бораи эҷоду муҳити эҷодӣ ва муваффақиятҳои наваш қисса кард.

Ибтидо аз лаби дастархон

Бузургмеҳр аз давраи наврасӣ шеър мегӯяд. Дар ин ҷода ба худ достони бачагонаи “Достак” -ро раҳнамо медонад. Аз овони кӯдакӣ ёд оварда мегӯяд, вақте ба синфи 1 мерафт, аллакай аз бибӣ ва модар   хонданро омӯхта буд ва ҳамеша аз пайи мутолиа буд.

Рӯзе аз китобхонаи мактаб китобчаи муқовааш зебою босифатеро барои мутолиа гирифт, ки “Достак” ном дошт. Ӯ ин достонро шабу рӯз такрор ба такрор мехонду таассуроти тоза мебардошт.

Аз ниҳояти ҷаззобият ва муассирии каломи муаллиф ҳатто таваҷҷуҳ накарда буд, ки муаллифи ин асар кист. Вақте 90-солагии шодравон Ғаффор Мирзо таҷлил карда  шуд, Бузургмеҳр донист, ки “Достак” офаридаи ин Шоири халқист.

Тарзи сароиш, муҳтаво, ҳатто хулосаи китоб ба нақлҳои бибии раҳматиам бисёр монандӣ дошт. Ҳангоми хондани ин достон фикр мекардам садои бибиамро мешунавам. Дар адабиёти бачагонаи Тоҷикистон достони “Достак” эъҷоз аст. Гуфта метавонам, ки “Достак” раҳнамои ман дар роҳи адабиёт шуд”, – ёд меорад ӯ аз даврони бачагиаш.

Ба гуфтаи Бузургмеҳр, бори нахуст номи Айниву Лоиқу Гулрухсорро сари суфраи хонаводагӣ шунидааст. Сӯҳбати бибӣ ва модараш, ки гирди дастархон асосан иборат аз китобу адабиёт буд, диққаташро ҷалб мекард.

Бибии Бузургмеҳр

Вақти китобхона рафтан мекӯшид китоберо, ки дишаб лаби дастархон таърифашро шунида буд, пайдо карда хонад, то аз баҳсҳои фарҳангии оилавӣ дур намонад.

Модараш, ки хатмкардаи факултети филологияи тоҷик буд, аз бузургони адабиёти тоҷик ва ҷаҳон осори зиёд аз ёд медонист. Шабҳои торики бебарқи зимистон чанд афсонаро якҷову пайваст карда чунон нақл мекард, ки диққати тамоми оиларо ба худ ҷалб мекард.

“Кӯдакии ман дигар буд”…

Бузургмеҳр ёд меорад, ки давронии кӯдакии ӯ бо шеър пайвандӣ дошт – ҳам дар хона, ҳам дар кӯча. Қариб ҳамаи бозиҳои кӯдаконаро пораҳои шеърӣ зеб медод.

“Мутаассифона имрӯз аз он бозиҳо чизе боқӣ намондааст. Дар маркази шаҳру ноҳияҳо аз бозиҳои миллӣ ҳеҷ асаре намебинам ва инро фоҷиа медонам”,- изҳори таассуф мекунад ӯ.

 

Ба ҷуз оила дар ҷодаи адабиёт устод Мирзо Файзалӣ, Давлати Раҳмониён, Рустам Ваҳҳобзода ва муҳити адабии шаҳри Ваҳдатро раҳнамои асосии худ медонад.

“Аз устодонам на фақат фанни шеър, балки фанни инсон буданро ҳам омӯхтаам”,- меафзояд ӯ.

Дидору меҳри модарӣ…

Вақте Бузургмеҳр ба дунёи адабиёт ворид шуд, ҳамеша мехост боре бо шоир Гулрухсор суҳбат кунад. Ӯ моҳи марти 2015 бо Давлати Раҳмониён нахустин маротиба ба бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон омад.

Бузургмеҳр мегӯяд, ба утоқи устод Гулрухсор танҳо рафтам. Онҷо ҳамроҳи шоирбонуи русзабон менишастанд.

Бузургмеҳр бо шоир Гулрухсор

“Пурсиданд, як писари 15-сола маро аз куҷо мешиносӣ, ман ки дар телевизион баромад намекунам ва шеърҳоям дар китобҳои дарсӣ нест. Мо бо аҳли оила шеърҳоятонро мехонему дӯст медорем, ҷавоб додам ман”,- нақл кард Бузургмеҳр.

Соли 2015 дар Маҷлиси ИНТ чанде аз ҷавонони эҷодкорро бо ҷоизаи адабии “Падида” қадрдонӣ карданд, ки дар ин миён Бузургмеҳр низ буд. Гулрухсор бо муҳаббати хоси модарона худ ин ҷоизаро ба Бузургмеҳр супурд. Номи Бузургмеҳр ба аҳли адаб баъд аз нашри шеърҳояш дар маҷаллаи бонуфузи “Садои Шарқ”, ки он солҳо ба 16 қадам ниҳода буд, боз ҳам ошнотар шуд.

Соли 2021 китоби Бузургмеҳр “Мизроби обшор”, бо пешсухани Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор, аз тарафи “Фарҳангистони шеъри ҷаҳон” ба нашр расид. Маҷмӯа бо пешниҳоди Гулрухсор чунин унвон гирифт, ки он баргирифта аз як рубоии Бузургмеҳр аст.

Ӯ пеш аз ин ҳам дар соли 2014 маҷмуаеро бо номи “Сапедадами орзу” чоп карда буд. Ба гуфтаи Бузургмеҳр, он солҳо аз чопи маҷмӯаи аввалин зиёд хушнуд буд, аммо имрӯз на. Ӯ ақида дорад, ки ҷавонон дар нашри маҷмӯа нахуст каме тааммул кунанд беҳтар аст.

“Ростӣ аз чопи китоб метарсам, зеро масъулияти сангин дорад. Мисле ки маҳсулоти вайроншударо дар бозор мефурӯшанд ва аз истеъмоли он узвҳои дарунии инсон заҳролуд мешавад, мағзи хонандаро ҳам метавон бо шеърҳои сусту хом заҳролуд кард, ки позаҳраш танҳо шоҳасар аст”,- шарҳ дод Бузургмеҳр.

“Иштибоҳи ҷавонон дар шитобзадагист”

Имсол Бузургмеҳр дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон бо гурӯҳи адибону фарҳангшиносон ба шаҳрҳои Эрон сафар дошт. Ӯ аз рӯзи аввали чорабинӣ дар ҷустуҷӯи муҳаққиқу шоири бузурги Эрони имрӯз Шафеии Кадканӣ афтод.

Кадканӣ ба сӯҳбати худ майл доштани мухлисонашро шунида, бо вуҷуди беморӣ ба қабули даҳ нафар меҳмонони тоҷикистонӣ пардохтааст. Бузургмеҳр назди Кадканӣ аввал аз ӯ ва сипас аз худ шеъри зеринро хонд:

         …Ҳарчанд ки гул наям, нагӯям оҳ,

         Бар пои дилам фурӯ халад сад хор.

         Меҳан, нашавам зи ту ҷудо ҳаргиз,

         Ман суннати сангу гул кунам такрор.

Кадканӣ ба қалами ӯ баҳои баланд дода гуфт, ки “Аз шеъратон бисёр лаззат бурдам”. Бузургмеҳр мегӯяд, инро на ҳамчун таъриф, балки ҷои дуо қабул кардам.

Бузургмеҳр ҳамчун як ҷавони эҷодкор иштибоҳи худ ва ҳамсолонашро  дар шитобзадагӣ мебинад. Мегӯяд, миёни ҷавонон расм шудааст ҳар шеъргунаи тозанавиштаро дар Фейсбук гузоранд. Дар шеър на аз рӯйи қолаб, балки муҳтавову мавзӯъ чизи нав бояд гуфт. Барои навгонӣ кардан, ҳар чизе ки дирӯз дар Аврупо ё дар кишвари ҳамзабон чоп шуд, бояд ёфта хонд.

Ӯ роҷеъ ба ақидаи “шеъру шоирӣ мардуми тоҷикро аз дасту по доштаасту иллати ба илми дақиқ рӯ наовардани онҳо гардидааст” фикри худро баён намуд. Бузургмеҳр аз Хайём мисол оварда гуфт: “На кофари мутлақ, на мусалмони тамом”.

Нафароне, ки на кори технологӣ карда метавонанд ва на адабӣ, ба айбҷӯӣ устоанд. Дар ҳоле ки муносибати бархе донишҷӯёни факултаҳои филологӣ ба адабиёт аз сидқи дил нест, худ ба худ маълум мешавад, ки муносибати як нафари ғайрифилолог бо адабиёту аҳли адаб дар кадом сатҳ аст.

Бояд қайд кард, ки Бузургмеҳр хатмкардаи риштаи филологияи тоҷик аст. Нахуст аҳли оилаи ӯ намехостанд, ки писарашон донишҷӯи ин самт бошад. Онҳо ӯро водор месохтанд, ки дар самти тиб таҳсил кунад. Вале чун исрори Бузургмеҳрро диданду шоҳид шуданд, ки воқеан дилбастаи забону адабиёт аст, ба ӯ дуои нек доданд.

“Ҳатто “Нобел” истеъдоди набударо тавлид намекунад”

Бузургмеҳр барандаи ҷоизаҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!” ва “Ту қалби Тоҷикистонӣ – Душанбе!” мебошад.     

“Ҳеҷ ҷоизаву унвон истеъдоди набудаи инсонро тавлид намекунад, ҳатто “Нобел”. Ҷоизаҳо барои пайдо кардани истеъдодҳои воқеист ва истеъдод ҳамеша ниёз ба дастгирии молӣ дорад”,- ибрози ақида кард қаҳрамони мо.

Ба андешаи Бузургмеҳр, шоирҷавонон аз ҷиҳати маънавӣ камбуд надоранд, чун устодони бузурги адабиёт дар канорашон ҳастанд. Ҳангоме масъалаи моддӣ ба миён меояд, бисёриҳо мегӯянд, аввал заҳмат кашид ва баъд подош гирифт. Аммо барои эҷодкор доштани сармоя ва зиндагии хуб муҳим аст.

Ӯ одат дорад, ки баъди гирифтани ҳар як ҷоиза бояд дар ин самт хидмате кунад. Баъди гирифтани ҷойи аввал дар Озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!” аз рӯи номинатсияи шоирӣ, аз моҳи декабр то март рӯйи дастнависи Ғаффор Мирзо, тарҷумаи достони “Конёк-горбунок” -и П.П. Ершов кор кард.

Моҳи марти соли 2020 тарҷумаи асар баъди 17 сол чоп шуд. Ин достон дар адабиёти бачагонаи тоҷик бо доштани якуним ҳазор байт, метавонад бузургтарин тарҷума  бошад.

Соли 2022 баъд аз дар Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ғолиб омадан, бо пешниҳоди Рустам Ваҳҳобзода ва Давлати Раҳмониён, муддати панҷ моҳ қариб кулли тарҷумаҳои Муъмин Қаноатро аз рӯзномаву маҷаллаҳо ҷамъоварӣ кард.

Дар арафаи 90 солагии Муъмин Қаноат китоби тарҷумаҳояш зери унвони “Аз Ховар то Бохтар” ба нашр расид. Бештари муҳаққиқоне, ки бевосита бо тарҷумаи бадеӣ машғуланд, ба Бузургмеҳр тасдиқ кардаанд, ки аз аксари тарҷумаҳои дар китоб чопшудаи Муъмин Қаноат бехабар будаанд. Ин китоб соли 2022 аз ҷониби Вазорати фарҳанг дар бахши тарҷумаи бадеӣ китоби сол дониста шуд.

Орзуи бузурги Бузургмеҳр

“Аз ман байте мемонад ё не, Худо медонад. Аммо ифтихор дорам, ки номи кӯчаки ман дар ҳошияи китобҳои шоирони бузурге чун Ғаффор Мирзо, Муъмин Қаноат, Гулрухсор ва Давлати Раҳмониён ба ҳайси мураттибу мусаҳҳеҳ сабту таърихӣ шудааст”,- бо ин сухан ба суҳбат анҷом бахшид шоири ҷавон.

Бузургмеҳр ҳоло машғули омӯзиш ва ҷамъи ашъори Ғаффор Мирзо аст. Ӯ ҳамчун шоир аз Худо ягона орзуи бузург дорад, ки агар дар адабиёт бимонад, дар васфи бибии шодравонаш шоҳкоре эҷод кунад.

Нодира Собирзод


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

13
13 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
14
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
9
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
8
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend