fbpx

“Чойниктон чой дорад?” Аз дарсгурезӣ то шуҳрати Азиз

Азиз дар муҳоҷират аввал наворбардори гурӯҳи блогерони тоҷик шуда, сипас худ низ ба офаридани контент шурӯъ кардааст.


2
2 points
Азиквайн

Саҳифаи @Azikvine дар миёни корбарони ҷавони Instagram имрӯз машҳур аст. Муаллифи он Азиз Рабиеви 22 сола мебошад. Ӯ зодаи Душанбе буда, 7 соли навҷавонияшро дар Русия сипарӣ кардааст. Дар ҳамон ҷо малакаҳои наворбардорӣ, сенариянависӣ, нақшбозӣ ва, дар маҷмӯъ, контентофариро аз худ кард.

Феълан саҳифаи ҷавонро беш 387 ҳазор нафар пайгирӣ мекунад ва дар он вайнҳо (наворҳои хеле кӯтоҳ, ки дар ҳудуди 6 – 60 сония давом карда, мавзӯъҳои рӯзмарраро тариқи ҳазлу шӯхӣ инъикос мекунад) нашр мекунад.

Инак, ду сол мешавад, ки Азиз Рабиев дар Ватанаш – Тоҷикистон зиндагӣ дорад ва дар ин вақт машғули кори блогаш аст. Ӯ ба муаллифи Your.tj дар бораи аёйми мактабӣ, роҳ ёфтан ба соҳаи блогинг, омӯзиши махсусияти сохтани наворҳои ҳаҷвӣ гуфт.

Бо Мубориз Усмонов
Азиз Рабиев бо сарояндаи тоҷик Мубориз Усмонов

Дарсгурезӣ ва роҳ ба сӯйи муҳоҷират

Азиз Рабиев 13-уми октябри соли 2001 дар Душанбе таваллуд шудааст. Дар айёми мактабхонӣ як кам дарсгурез буд. То хатми синфи 9 дар 4 мактаби шаҳр таҳсил кард.

“Ростӣ, дар мактаб хонандаи аълохон набудам. Баъзан дарсгурезӣ ҳам мекардам. Ҳаракат карда, дар мактаби № 11 ва баъдан ду солӣ дар мактабҳои № 54, № 90 ва дар охир № 43 хонда, синфи 9-ро хатм кардам. Хоҳиши давом додани таҳсилро надоштам, барои ҳамин ягон ихтисосро интихоб накардам”,- иқрор шуд Азиз.

Мисли аксари ҷавонони имрӯз тасмим гирифт, ба Русия равад. Дар бо меҳнат ризқу рӯзӣ меёфт. Баъдан, шонсе пайдо шуд, ки ҳамчун наворбардор ба гурӯҳи бачаҳои тоҷике, ки дар соҳаи блогинг кор мекарданд, ҳамроҳ шавад.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Aziz Rabiev 🐻 (@azikvine)

Як фурсати санҷиш

Ҳаёти ҷавон дар Русия вақте ранги дигар гирифт, ки блогерони тоҷики муқими ин кишвар барои ҳамкорӣ даъваташ карданд. Ба зудӣ дар байни одамони ин соҳа ҳамчун наворбардор шинохта шуд.

Рӯзе ба майдони сабте, ки Азиз кор мекард, як актёр (блогер) наомад. Пас аз ин маслиҳат шуд, ки барои санҷиш наворбардори гурӯҳ – Азиз шахси наомадаро иваз мекунад.

“Хуллас, ман ба ҷойи он актёр бозӣ кардам. Бачаҳо гуфтанд, ки аз уҳдаи бозӣ баромадӣ. Ғайриинтизор он вайн дар Instagram лайк, шарҳ ва тамошои зиёд гирифт. Ҳамин тариқ, идеяи фаъол кардани блог ва сабти вайнҳо пайдо шуд. Аллакай, аз он замон 5 сол сипарӣ шуд. Фикр дорам, ки то ин муддат хеле чиз омӯхтам”,- илова кард ҷавон.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Aziz Rabiev 🐻 (@azikvine)

Ҳамқадами “тренд” будан дуздӣ нест?

Тавре Азиз нақл кард, дар Русия “Tiktok House” (Хонаи блогерон) ташкил карда буд. Бо 10-15 нафар блогер сарҷамъ шуда, контент меофариданд. Дар гурӯҳ аз лиҳози пайдо кардани идея мушкиле пеш намеомад. Бо дӯстони ҳамфикр кор кардан барояш омӯзанда буд.

Ду соли дар Тоҷикистон буданаш низ мавзуъҳои ба ҳаёти ҷавонони имрӯз наздикро пайдо мекард. Аксар луқмаҳо ва гуфтугӯеро, ки дар вайн истифода мешавад, худаш бо ҳамроҳи дӯстонаш коркард менамояд.

Азиз

Ё ягон пораи филмро иқтисоб гирифта, бо ҳаҷву шӯхие, ки имрӯз аудитория қабул дорад, синтез карда, контент дар мавзӯъҳои дӯстӣ, ошиқӣ ва баъзан тарбиявӣ тайёр мекунад. Дар миёни мухотабонаш аз хонандаи мактаб сар карда, то ашхоси нафақахӯр низ будаанд.

“Аксарияти истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, ки блогерони тоҷик идея надоранд. Ин фикр аз як тараф дуруст аст, лекин аз ҷониби дигар дар муҳити шабакаҳои иҷтимоӣ блогерони хориҷиро нусхабардорӣ карданашон бадие надорад”,- афзуд қаҳрамони мо.

Ӯ блогерони русро мисол овард, ки ба амрикоиён тақлид мекунанд, ё худи амрикоиҳо ба дигарон. Ба гуфтаи ӯ, вақте як идеяро аксарият пайгирӣ мекунанд, он мисли вирус паҳн шуда, ба ”тренд” табдил меёбад.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Фаридун Сафаров (@m_favik.tj)

“Муҳим ин аст, ки ҳар блогер вақте бо идеяи дигарон кор мекунад, дар он завқу салиқаи шахсии худро илова кунад. Пайгирӣ кардани “тренд” дуздӣ ҳисоб намешавад, агар онро ҳунармандона анҷом диҳӣ. Вақте идеяи блогери дигарро дар сохтани контент истифода бурданӣ мешавем, назар ба муаллифи он бояд хубтару беҳтар иҷро кардан мебояд, вагарна зарурати такрор кардан намемонад”, – андеша дорад блогери ҷавон.

Чаро Азикро дар бархе вайнҳо духтарон шаппотӣ мезананд?

Ҳангоми сабт кардани як вайн духтараке (блогер) Азизро нохост як шаппотӣ мезанад. Ин лаҳза дар вайн низ ҷо дода мешавад. Ҳолати табиие, ки блогер ҳангоми торсакии обдор хӯрдан нишон медиҳад, ба мухотабон писанд мешавад. Баъдан дар дигар наворҳо низ ин лаҳза роҳ меёбад.

“Дар якчанд вайн маро духтарҳо шаппотӣ мезананд. Ҳар вақт кӯшиш мекунам, ки ин ин ҳолатро ба таври сохта нишон надиҳам. Аз шарҳҳои хандадори корбарон маълум мешавад, ки ин ҳолатро хуб ифода карда тавониста истодаам.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Aziz Rabiev 🐻 (@azikvine)

Ман фикр мекунам, мо – блогерони тоҷик он қадар маҳорати актёрӣ надорем. Дар наворҳо маълум мешавад, ки ба таври сохта нақш мебозем. Ин боиси зиқ шудан нест, ислоҳ кардан мумкин аст. Боз агар дуруст кадр гирифтан, кор бо рӯшноӣ, садо ва бо муҳтаворо хуб омӯзем, аудитория афзоиш меёбаду халос, – шарҳ дод қаҳрамони мо.

“Чойниктон чой дора?”

Агар ҳолати равонии Азиз хуб бошад, завқу шавқи контентофарияш меафзояд. Вайни “Чойниктон чой дора?” соли гузашта дар Instagram хеле машҳур шуда буд. Идеяи ин вайн ҳангоми фикркунон қадам задан ба сараш омада буд. Аҷиб ин аст, ки суҳбати гарми гарми модараш асоси ҳамин контент шуд.

“Модарам дар сари як суҳбати гарм ҳамроҳи хонавода бо лабханд саволи “чойниктон чой дора?” – ро ба забон овард. Ман дар асоси ҳамин ибора вайн сохтам. Онро дар як рӯз беш аз 1 миллион бор тамошо карда буданд. Идеяи хуб сабаб мешавад, ки контент сербинанда шавад”, – афзуд блогер.

“Аҳли хонавода мухлисӣ мекунанд”

Аҳли оилаи блогери ҷавон зид нестанд, ки дар ин самт кор кунад. Вайнҳои нави Азизро интизорӣ кашида, ба ҳар кори кардааш баҳо медиҳанд.

“Дастгирии оила хеле хуб аст. Агар ягон рӯз дар Instagram “сториз” нагузорам, занг зада, даррав мепурсанд, ки чӣ гап аст. Хурсандам, ки оилаам ҳама вақт интихоби маро қадр мекунанд”, – изҳор дошт ӯ.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Aziz Rabiev 🐻 (@azikvine)

Саёҳат ва нақшаҳои нав дар Туркия

Имрӯзҳо Азиз Рабиев дар Туркия қарор дорад. Ӯ бо мақсади саёҳат ва пеш бурдани блоги худ ба сафар баромад. Аллакай, дар ин ҷо 10 навор сабт карданд.

Дар ин кишвар нақшаҳои зиёдеро таҳрезӣ кардааст, аммо намехоҳад, ки пеш аз амалӣ кардани онҳо чизе бигӯяд. Танҳо ба ин бовар аст, ки ба наздикӣ мухотабонаш аз контентҳои наваш ба ваҷд меоянд.

“Намедонам, ки дар оянда маро чӣ интизор аст. Аслан, нафаре ҳастам, ки барои имрӯз зиндагӣ кунам. Албатта, ниятҳои зиёд дорам. Барои амалӣ кардани лоиҳаҳои зиёд ҳаракат мекунам. Корҳоям чӣ натиҷа медиҳад, вақт нишон хоҳад дод”,- гуфт ӯ.

Файзуллохон Обидов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
7
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
2
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend