fbpx

Рустам Ашӯров, гумонбари одамрабоӣ даргузашт

Ӯ пас аз захмӣ шуданаш дигар ба ҳуш наомада буд.


0
Ҳалокати шаҳрванди Тоҷикистон дар Молдова аз захми тир
Акс аз "Радиои Озодӣ"

Рустам Ашӯров, шаҳрванди Тоҷикистон, ки рӯзи 30-юми июн дар фурудгоҳи Кишинёв ду афсарро ҳадафи тир қарор дода буд, аз захмҳои ҳангоми боздошт бардоштааш даргузашт. Хабаргузории ТАСС бо истинод ба Бозрасии генералии полиси ВКД Молдова дар ин бора хабар медиҳад.

“Айбдоршаванда ба куштори ду нафар дар фурудгоҳи Кишинёв даргузашт”,- омадааст дар Telegram-канали ин ниҳод.

Ба иттилои манбаъҳо Ашӯров баъди ярадор шудан дигар ба ҳуш наомадааст.

Зимни як нишасти матбуотӣ Виорел Чернаутану сардори Бозрасии генералии полиси Молдова қаблан гуфта буд, ки Ашӯров аз музокира бо афсарони нерӯҳои вижае, ки ба фурудгоҳ омада буданд, худдорӣ карда, ҳангоми боздошт даҳ захми тир гирифтааст. Дар беморхона беҳуш, вале таҳти ҳимояи полис қарор доштааст.

Дар ҷараёни ҷарроҳӣ як қисми шуши Рустам Ашӯров гирифта шудааст.

Виорел Чернеутеану зимни брифинг изҳор дошт, ки Рустам Ашӯров 7 сол дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кор кардааст.

“Муайян карда шуд, ки Ашӯров собиқ афсари милисаи Тоҷикистон буда, 7 сол дар сохторҳои ВКД кор кардааст, вале бо сабаби рафтори ношоиста аз кор озод шудааст. Ӯ узви ягон гурӯҳи террористӣ набуд, вале қаблан барои ғоратгарӣ маҳкум шудааст”,- гуфт Чернаутеану.

Ӯ тасдиқ кард, ки ҷониби Молдова дар якҷоягӣ бо намояндагони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон аз рӯи далели ҳамла ба кормандони сохторҳои қудратӣ дар фурудгоҳи Кишинёв кор мебарад.

“Мехоҳам таъкид намоям, ки инҳо кормандони ВКД ҳастанд, на мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ – мубориза бо терроризм ё ҷиноятҳои созмонёфта. Мо ин қазияро якҷоя тафтиш карда истодаем”, – афзуд Чернаутеану.

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта Ашӯров дар фурудгоҳи Кишинёв барои иҷозаи вуруд наёфтанаш ба ин кишвар тирпаронӣ кард. Ӯ як марзбон ва як афсари хадамоти амниятии фурудгоҳро куштааст.

Майя Санду президенти Молдова рӯзи 4-уми июлро ба хотири гиромидошти хотираи афсарони ҳалокшуда рӯзи мотами миллӣ эълон кард.

Инчунин, бо фармони ӯ онҳо баъди маргашон бо медалҳо қадрдонӣ шуданд.

Дар ҳамин ҳол, Прокуратураи генералии Тоҷикистон рӯзи шанбеи 1-уми июл хабар дод, ки Рустам Ашӯров дар рабудани Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” низ гумонбар дониста мешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend