Илҳом Мирзокалонови 68-сола қариб ним аср мешавад, ки бо ҳунари коркарди бадеии чӯб машғул аст. Ӯ бештар муҷассамаҳои чӯбӣ ва асарҳои моҳияти фалсафӣ дошта меофарад. Мавсуф барои он ки ин ҳунари қадима аз байн наравад дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан ба ҳунаромӯзон нозукиҳои ин пешаро меомӯзонад. Аллакай даҳҳо шогирди ӯ дар ин самт муваффақ шуда, баҳри рушди ин навъи ҳунар саҳм мегузоранд.
Муаллифи Your.tj Абдуғаффор Шодиев бо усто ҳамсӯҳбат шуда, аз фаъолияти ҳунарӣ ва зиндагии ҷолиби ӯ қисса намуд.
“Мактаб маро ҳунарманд кард!”
Илҳом Мирзокалонов аз хурдӣ ба ҳунари коркарди бадеии чӯб шавқи зиёд дошт. Ба хурд буданаш нигоҳ накарда мизу курсӣ ва сандуқчаҳои гуногуну мунаққаш месохту ба ёру рафиқону пайвандон тӯҳфа мекард. Ҳарчанд чизҳои сохтаашро кандакорӣ карда натавонад ҳам, рӯйи онро гулкори карда бо рангҳои гуногун оро медод. Диққати Илҳоми хурдсолро сутун, дар, пештоқи айвон ва сақфҳои гулкориву кандакоришудаи чойхонаву масҷидҳои таърихии шаҳр ба худ ҷалб мекард.
“Ҳар боре, ки мавзеъҳои таърихиро медидам, маҳсули дасти ҳунармандон маро мафтуни худ мекард. Онҳоро дида ба хона мерафтаму рӯйи қоғазе тасвир мекардам. Ё ҳар гоҳе, ки вақти холӣ меёфтам, дарҳол ба сохтани чизе машғул мешудам. Чизи эҷодкардаамро бошад ба мактаб дар фанни технология мебурдам. Ғайр аз ин ҳар супорише, ки муаллимон медоданд иҷро мекардам.
Дар овони мактабхонии мо ҳар хонандае, ки муассисаро хатм мекард, соҳиби касбе шуданаш ҳатмӣ буд. Аз ин рӯ ба ин фан ҷиддӣ нигоҳ мекарданд. Ҳар чизе, ки омухтам аз мактаб буд. Мактаб маро ҳунарманд кард”,- гуфт Илҳом Мирзокалонов зимни сӯҳбат.
Қаҳрамони мо ғайр аз он ки дар мактаб ба ҳунаромӯзӣ машғул мешуд, дар маҳфилҳои ҳунаромузӣ низ иштирок мекард. Мавсуф баъди хатми муассиса, таҳсилашро дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе идома дод. Дар он ҷо низ аз пешсафон буд. Кӯшиш мекард аз чуби одӣ чизҳои олӣ созад.
Муҷассама аз чӯб
Баъди хатми Коллеҷи технологӣ, Илҳомро ба коргоҳи “Фабрикаи ҳунарҳои бадеӣ” ба кор қабул карданд. Дар он ҷо ҳунармандон ба сохтани сандуқ, гаҳвора, кат, қошуқ (чӯбӣ), дар, мизу курсиҳои кандакоришуда, дар умум ҳар чизе, ки ба ҳунари коркарди бадеии чӯб тааллуқ дошт месохтанд. Ғайр аз ин, коргоҳ барои зиёд кардани навъи ҳунарҳои мардумӣ кормандонашро ба омӯзишҳо сафарбар мекард.
“Соли 1984 аз тарафи коргоҳ маро ба корхонаи РСУ-и шаҳри Душанбе барои омӯзиш фиристоданд. Дар он ҷо як гурӯҳ ҷавонон ба сохтани муҷассамаҳои хурд-хурд машғул буданд. Ман, ки ба ин чизҳо шавқи зиёд доштам ин ҳунарро зуд аз худ кардам. Баъдан дар коргоҳамон ба сохтани муҷассамаи қаҳрамонони афсонаҳои халқӣ ва ривоятҳои мардумӣ машғул шудам. Дар муддати кӯтоҳ якчанд шогирд низ тарбия намудам”-, изҳор дошт ҳамсӯҳбати мо.
Қаҳрамони мо то имрӯз муҷассамаҳои зиёд офаридааст. Маъмултарини онҳо “мӯйсафеди ситорашинос”, “Ҷанги уқоб ва гург”, “Муҷассамаи шери болдор”, “Алибобо ва чил роҳзан”, “Рӯбоҳ ва кулча” мебошад. Яке аз бузургтарин асарҳои офаридаи ин марди ҳунар “Тахти шоҳӣ” буда имрӯзҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад. Ӯ мегӯяд бештари асарҳояш моҳияти фалсафӣ доранд ва касро ба андеша кардан водор месозад.
Илҳом Мирзокалонов ғайр аз муҷассамасозӣ боз асбобҳои мусиқии ҳаҷмаш калон (барои намоиш ё осорхонаҳо), лавҳаҳои кандакоришуда, табақаҳои ороишӣ, мизу курсӣ, гулдон, гул, сандуқча, портрети одамон, шоҳмот, қандил, сутунҳои кандакорӣ, кат, панҷараҳои чӯбии зиннатбахш меофарад.
Ҳамзамон, маҳсули дастони ӯро дар мавзеъҳои таърихӣ ё навбунёд дидан мумкин аст. Усто-Илҳом мегӯяд, ҳар он чизе, ки аз чӯб сохтанаш имкон дорад, омода мекунад, то ин ки барои рушди ҳунари бадеии халқӣ саҳм гузорад.
Тарзи сохтани муҷассамаҳои чӯбӣ
Муҷассамасозӣ аз чӯб яке аз ҳунарҳои қадимаи халқӣ буда, солҳои охир ин навъи ҳунар кам ба назар мерасад. Тибқи ривоёт ва манбаъҳои таърихӣ, аввалҳо устоҳои коркарди бадеии чӯб бештар муҷассамасозӣ мекарданд.
Баъди зуҳури дини Ислом ин чиз кам шуда, ҳунармандон аз нақшҳои геометрӣ ва унсурҳои табиат истифода мебурдагӣ шудаанд. Маҳз дар ҳамин давра ҳунари кандакорӣ, гулпартоӣ дар сутунҳо ва пештоқи айвону сақфҳо рушд кардааст. Дар ин байн муҷассамасозӣ борҳо аз байн рафта аз нав эҳё гардидааст.
Муҷассамаро маъмулан аз чӯбҳои хушки чормағз ва чинор метарошанд. Зеро ин навъи чӯбҳо умри дароз мебинанд ва ба ҳар гуна ҳолат тобоваранд. Қаҳрамони мо мегӯяд, барои нафаре, ки қобилият дорад, навъу намуди чӯб фарқ надорад.
“Нафароне, ки қобилияти хуб дар ин самт доранд, намуди чӯб ба онҳо аҳамият надорад. Вале шахсоне, ки бори аввал муҷассама метарошанд аз чӯбҳои кӯҳна истифода бурданашон беҳтар аст.
Барои сохтани муҷассама, аввал чӯби мувофиқро интихоб карда, эскизи онро дар варақ аз чаҳор тараф тасвир мекунем. Барои осон шудани кор метавон аз пластилин истифода бурд.
Пасон, бо асбобҳои лозима тарошида ба шакл медарорем ва тавассути исканаҳо шакли мехостаамонро метарошем. Ҳангоми сохтани муҷассама ҳунарманд бояд сахт эҳтиёткор бошад. Одитарин хато метавонад ҳусни чизи эҷодмекардаамонро коҳиш диҳад”-, мегӯяд усто Илҳом.
Қаҳрамони мо мегӯяд, барои сохтани муҷассама пеш аз ҳама мусаввир ва эҷодгари хуб будан лозим. Агар ҳунарманд рассоми хуб нест наметавонад фаъолияташро дар сатҳи олӣ ба роҳ монад.
“Ҳунарманд бояд ҳамқадами замон бошад!”
Имрӯзҳо омӯхтани навъҳои ҳунар тавассути шабакаҳои интернетӣ хусусан Ютюб ба ҳукми анъана даромадааст. Аксарият тавассути шабакаҳо ҳам ҳунари худро муаррифӣ ва ҳам ба дигарон меомӯзонанд. Қаҳрамони мо низ нақша дорад дар ояндаи наздик саҳифаи ютюбӣ кушода, тарзи сохтани муҷассамаҳои чӯбиро ба шабака гузорад.
“Якчанд вақт мо бо ин кор машғул шудем. Тарзи муҷассамасозӣ, кандакорӣ, сохтани дарҳои мунаққаш ва панҷараҳои ороишиву армуғонҳои гуногунро ба навор гирифтем. Вале, он дар доираи дарс буд. Мо ин наворҳоро тавассути тахтаи электронӣ ба донишҷӯён нишон. Ин воситаи омӯзиш танҳо дар доираи аудиторияи маҳдуд буд. Аз ин хотир тасмим дорем дар ояндаи наздик саҳифаи ютюбӣ кушода ҳунари коркарди бадеии чӯбро дар саҳифа ҷой диҳем. Ин чиз барои рушд кардани ҳунари бадеӣ кӯмак хоҳад кард”-, таъкид дошт ҳамсӯҳбати мо.