fbpx

“Онҳо ба шеъри тоҷикӣ хусусияти миллӣ бахшиданд”. Ёдбуди устод Лоиқу Мӯъмин Қаноат дар “Лучоб”

Ин анъана бояд идома ёбад ва натанҳо дар Душанбе, балки тамоми Тоҷикистон маҳфилҳои ёдбуди устод Лоиқу Мӯъмин Қаноат бошукӯҳ таҷлил шавад.


1
1 point
Оромгоҳи Лучоб дар Душанбе

Маросими ёдбуди устодон Мӯъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ субҳи имрӯз, 20-уми май дар сари турбати эшон дар оромгоҳи “Лучоб” бо иштироки устодону донишҷӯёни факултети журналистика ва филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муҳассилини мактабҳои пойтахт баргузор гардид. Нахуст, дар сари турбати шоир устод Мӯъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ гулу гулдастаҳо гузошта шуд.

“Бояд “Рӯзи шеъри тоҷик” унвон гирад”

Қироншоҳ Шарифзода устоди факултети журналистика дар оғози ҷамъомад аз нақши бузурги ин ду чеҳраи шинохтаи шеъри муосири тоҷик ёдовар шуда, таъкид намуд, ки “онҳо ду сутуни назми муосири тоҷиканд, ки бо шеъри худ ба адабиёти беш аз ҳазорсола рӯҳи тоза бахшиданд”.

 

Устодони факултети журналистикаи донишгоҳи миллии тоиҷкистон

Ба таъкиди Шарифзода ёдбуди ин ду бузургвор натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҳар маконе, ки форсизабонон ба сар мебаранд, ба ҳукми анъана даромадааст. Ӯ аз Ҷумҳурии Узбекистони ҳамсоя мисол оварда гуфт, ки як рӯз пеш дар яке аз мактабҳои он маҳфили бошукӯҳи ёдбуди Лоиқу Қаноат баргузор шудааст.

Дар идома Қироншоҳ Шарифзода дар як рӯз ба дунё омадани ин ду шоири тоҷикро рамзӣ номида, таъкид намуд, ки маҳз ҳамин рӯз бояд “Рӯзи шеъри тоҷик” унвон шавад. Аз таърихи маросими ёдбуди онҳо дар оромгоҳи “Лучоб” ёдовар шуда, гуфт, ки устодону донишҷӯёни факултети журналистика ин анъанаро оғоз карда буданд.

донишҷӯёни тоҷик

“Аз нахустин ташкили ин ҷамъомад ба хотири ёдбуди устод Лоиқ устодону донишҷӯёни факултети журналистика ташаббус нишон дода буданд. Ин дар мо ба ҳукми анъана даромадааст. Пас аз вафоти Устод Муъмин Қаноат мо аз ҳарду ёд мекунем ва фикр мекунам, маҳз ҳамин рӯз “Рӯзи шеъри тоҷик” бояд унвон шавад”.

Шарифзода гуфт, ин анъана бояд идома ёбад ва натанҳо дар Душанбе, балки тамоми Тоҷикистон маҳфилҳои ёдбуд бошукӯҳ таҷлил шавад.

донишҷӯёни донишгоҳи миллӣ

“Ашъори устод Лоиқу Мӯъмин Қаноат ҳисси миллию худшиносиро бедор мекард”

Дар идома доктори илмҳои филология, профессор Аламхон Кучаров дар бораи хусусиятҳои назми Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ сухан ронд. Ба таъкиди профессор шеъри онҳо куллан хусусиятҳои нав дошт ва бештар ҳисси миллию худшиносиро бедор мекард.

Устодони факултети филология

“Мӯъмин Қаноат хусусиятҳои миллии адабиёти тоҷикро хеле хуб ифода карда тавонист. Шумо ба ёд биёред шеъри “Ба ҳаводорони забони модарӣ”-ро, “Қанд ҷӯӣ, панд ҷӯӣ, эй ҷаноб… Баҳри ман танҳо забони модарист”, гуфтааст Мӯъмин Қаноат. Дар ҳамон давра фикрҳои нодурусте пайдо шуда буд, ки гӯё забонҳои миллӣ аз байн мераванд. Ана ҳамин шеъри Мӯъмин Қаноат ба муқобили ин ақидаҳо буд…

Ва ҳамин суханро дар бораи устод Лоиқ низ гуфтан мумкин аст. Назм дар аввали солҳои шастум тамоман тағйир ёфт ва дар саргаҳи он Лоиқ меистод. Баъдан Гулназар Келдӣ, Гулрухсор, Ҳақназар Ғоиб ва Бозор Собир онро тақвият бахшиданд. Дар эҷодиёти Турсунзодаву Ҳабиб Юсуфӣ ва шоирони дигар ҳам дар васфи Ватан менавиштанд вале он Ватани умумӣ буд ва маҳз дар эҷодиёти Лоиқ Ватан хусусӣ шуд, яъне он аз ҳисси миллӣ мегуфт.

“Ватан сар мешавад аз гаҳвора

Зи шири поку аз пистони модар.

Ватан сар мешавад аз он тавора,

Ки онро сохтааст дастони модар.”

Бубинед, ки чӣ қадар хусусияти миллӣ дар ин ҷо зоҳир аст…”,- афзуд Аламхон Кучаров.

“Онҳо ҳам шеър ва ҳам ҷаҳонбинии нави мардуми тоҷикро шакл доданд”

Беҳрӯзи Забеҳулло, шоири тоҷик дар бораи хизматҳои устод Мӯъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ дар густариши ҷаҳонбинии нави мардуми тоҷик гуфт.

Шоири тоҷик

“Шодравон устод Мӯъмин Қаноат, устод Лоиқ Шералӣ, устод Бозор Собир ва Гулрухсор – ин чаҳор нафар аркони шеъри навини тоҷик дар нимаи дуввуми асри XX буданд.

Хидмати онҳо ин буд, ки тавонистанд ҳам ба шеър ва ҳам ҷаҳонбинии нави мардуми тоҷик шакл бидиҳанд. Устод Мӯъмин Қаноат достони хамосиро дар шакли нав эҳё кард. Ин мактаби устодро дӯстону шогирдони ӯ Лоиқу Бозору Гулрухсор ва дигарон густариш доданд. Аз ҷумла, устод Лоиқ ба зарфият ва тавоноии шеъри классикии мо сахт бовар дошт. Бинобар ин аввалин коре, ки кард, қолабҳои классикии шеъри моро эҳё намуд”,- таъкид кард ӯ.

Ҳамин тавр, донишҷӯёну хонандагон ҷамъомадро бо қироати ғазалу рубоӣ ва достонҳо аз эҷодиёти ин ду шоири забардаст идома доданд.

Шеърхонии донишҷӯён

Мӯъмин Қаноат

2-юми майи соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз дар хонаводаи кишоварз ба дунё омада, 18-уми майи соли 2018 дар манзилаш дар маҳаллаи Ҳаёти нави шаҳри Душанбе вафот кард.

Қабри устод Мӯъмин Қаноат дар Лучоб
Қабри устод Мӯъмин Қаноат

Ӯ соли 1977 барои достонҳои “Суруши Сталинград” ва “Модарнома” ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравиро дарёфт кардааст. Ин достонҳо сипас чун осори сарфарозшуда ба ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ борҳо мунташир ва ба дигар забонҳо баргардон шудаанд. То кунун беш аз 12 маҷмӯаи ашъораш нашр шудааст.

Достонҳои “Сурӯши Сталинград”, “Тоҷикистон — исми ман”, “Гаҳвораи Сино”, “Масъуднома” ва силсилаи “Созҳои Шероз” ӯро ҳамчун маъруфтарин шоирони порсигӯйи садаи 20 кардаанд. Яке аз тозатарин осораш достони “Масъуднома” аст, ки дар бораи Шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд суруда шудааст.

Лоиқ Шералӣ

20-уми майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омада, 30-юми июни соли 2000-ум бар асари бемории сактаи мағзӣ чашм аз ҷаҳон пӯшидааст.

Қабри Лоиқ Шералӣ дар Оромгоҳи Лучоб
Қабри устод Лоиқ Шералӣ

Аввалин гулчини ашъораш “Сари сабз” соли 1966, бо таҳриру раҳнамоӣ ва фотеҳаи неки Сотим Улуғзода аз чоп баромадааст, ки дар мактубаш ба унвонии нашриёти “Ирфон” овардааст: “Шоири ҷавон хеле боистеъдод ва маҷмӯаи ашъораш пурмазмун аст”.

Баъдан ашъори Лоиқ мунтазам дар авроқи матбуоти даврӣ, маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва китобҳо рӯи чоп омадаанд, ки машҳуртарини онҳо “Хоки Ватан” (1975), “Резаборон” (1976), “Марди роҳ” (1979), “Офтобборон” (1988), “Дасти дуои модар”, “Фарёди бефарёдрас” (1997, 2003) ва ғ. мебошанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend