fbpx

Милисаҳое, ки духтари 13-соларо таҷовуз карданд, аз 7 то 9 сол ҳукми зиндон гирифтанд

Мухтасари хабарҳои рӯз.


-11
-11 points
Ҷазо барои ҳаракатҳои бадахлоқона дар Тоҷикистон сахттар шуд
Акс аз сомонаи 365dm.com

Мақомот 60 муҳоҷири ихроҷшударо аз Русия бармегардонад

То 11 – уми апрел беш аз 60 муҳоҷири ихроҷшудаи тоҷик аз Екатеринбурги Русия бо ҳавопаймо ба ватан баргардонида мешаванд. Дар ин бора мақомоти ду кишвар дар ин вилоят ба мувофиқа расидаанд. Дар чанд рӯзи ахир тақрибан 25 муҳоҷир ба Тоҷикистон фиристода шудаанд.

Муҳоҷири тоҷик дар Русия
Акси марбута аз интернет

Муҳоҷирони тоҷик беш аз як моҳ аст дар Маркази нигаҳдории муваққатии хориҷиёни шаҳри Екатеринбург нигаҳдорӣ мешаванд. Дар байни онҳо занон ҳам ҳастанд. Консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург ҳамроҳ бо чанд соҳибкори тоҷик шоми 4-уми апрел ба муҳоҷирон ифтор додаанд ва бо онҳо суҳбат кардаанд.

Ёқубҷон Умаров, муовини аввали раиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург гуфт, дар моҳи Рамазон қариб ҳар рӯз бо кӯмаки шахсони хайрхоҳ ба даҳҳо муҳоҷир аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осмиёи Марказӣ маводи ғизоӣ мебаранд.

Аксари муҳоҷирони тоҷике, ки ба ватан ихроҷ мешаванд, ба нақзи қонунҳои будубоши Русия муттаҳам мешаванд.

Сафири Арабистони Саудӣ ба ҷавони тоҷик барои меҳмондорӣ раводиди Ҳаҷ туҳфа кард

Валид бин Абдурраҳмон ал-Решайдон, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ба ҷавони тоҷик ва ҳамсараш раводиди Ҳаҷи умра тақдим кардааст. Чанде пеш ин оилаи ҷавон сафир ва ҳамроҳони ӯро барои ифтор ба хонаашон даъват карда буд. Дар ин бора дафтари матбуоти Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сафири Арабистон ба ҷавони тоҷик раводиди Ҳаҷ дод
Акс аз Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон

Асадулло Садриддинов, сокини ноҳияи Айнӣ буда, сафир, яке аз роҳбарони сандуқҳои кумакҳои хайрияи ба номи малик Салмон ва ҳайати ҳамроҳони онҳоро ба хонаи худ, барои ифтор (хӯроки шом) даъват кардааст. Сафир ва ҳамроҳони ӯ он рӯз аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, баъди тақсими кумакҳо ба манотиқи аз заминларза зарардида бармегаштанд.

“Меҳмонон ин даъватро пазируфта, дар хонаи Асадулло рӯзаашонро кушодаанд. Меҳмоннавозии ин ҷавон ончунон ба меҳмонон аз Арабистони Саудӣ хуш омад, ки сафири Арабистони Саудӣ иброз дошт, ки омодааст барои рафтани ӯ ба Ҳаҷҷи умра мусоидат кунад”, – гуфт манбаъ.

Раҳбари сандуқи кумакҳои хайрияи ба номи малик Салмон омодагии худро барои пардохти харҷи сафари Ҳаҷҷи умраи Асадулло ва ҳамсараш баён доштааст.

Ёдовар мешавем, ки бо гузашти як ҳафта аз заминларзаи харобиовар дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки хонаву иншооти зиёд зарар диданд, сафири Арабистони Саудӣ кумаки давлаташро якҷо бо ҳайати Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон ба аҳолии зарардидаи ноҳия дастрас карда буданд.

Гуфта мешавад, ки кумаки давлати Арабистони Саудӣ аз се мошин, аз ҷумла бухорӣ (печ), болопушӣ пашмӣ (одеяло) ва ангишт иборат мебошад.

Милисаҳое, ки духтари 13-соларо таҷовуз карданд, аз 7 то 9 сол ҳукми зиндон гирифтанд

Дар Қирғизистон, ба қазияи пурсарусадои таҷовузи як ноболиғ аз сӯйи милисаҳо нуқта гузошта шуд. Суди олии Қирғизистон ду корманди собиқи Вазорати корҳои дохиларо ба 7,5 ва 9 соли зиндон маҳкум кард.

Таҷовузи духтари ноболиғ
Акси марбута аз avatars.mds

Онҳо бо таҳдид, як духтари 13 соларо таҷовуз кардаанд. Посбони бозор 10 сол ҳукм гирифт.

Ҷомеаи Қирғизистон ва волидони ноболиғ, ки интизори эълони ҷазои сахт ба милисаҳо буданд, аз ин ҳукм дар ҳайратанд.

Вакилони дифоъ на камтар аз 15 соли зиндон талаб карданд, вале додрасҳо ин ҳамаро ба назар нагирифтанд.

Қазияи таҷовузи духтари 13 сола аз сӯйи милисаҳо моҳи августи соли 2022 ҷомеаи Қирғизистонро таккон дод. Наврасро гӯё бо иттиҳоми дуздии гӯшӣ ё наушник дар бозори Дордой боздошт карданд.

Дар таҷовузи духтари ноболиғ посбони 40 солаи бозор, нозири милиса оид ба кор бо ноболиғон ва ду корманди Вазорати корҳои дохила даст доранд. Аз моҳи август то моҳи феврали соли 2022 номбурдагон бо таҳдиди ба зиндон андохтан, духтарчаро аз даст ба даст дода, бо ӯ ҳамхоба шудаанд.

Ба нақли падар корманди милиса духтарро аз мактаб гирифта, дар ҷойҳои беодам таҷовуз мекардааст. Баъди чанде ӯ ба духтар гуфтааст, ба кори дигар мегузарад ва парвандаро ба як милисаи ҳамкораш месупорад. Ба духтари ноболиғ таъкид кардааст, ки ҳар вақте милисаи нав ба ӯ занг зад, ба наздаш барояд.

Волидон аз ин ҳодиса тасодуфан, вақте хабар ёфтанд, ки духтарча як рӯз ба хона дер омад ва пайёми шубҳанокеро дар телефони ӯ диданд. Ба нақли волидон ӯ аввал намехост ҳодисаи ба сараш омадаро нақл кунад. “Ӯ ҳатто мехост, худкушӣ кунад, гиря мекард, намехост чизе бигӯяд. Ӯ мегуфт, “онҳо маро мекушанд, шуморо мекушанд”,- гуфт, падари духтари таҷовузшуда.

Додгоҳ бо таваҷҷӯҳ ба он, ки айбдоршавандаҳо кӯдакони ноболиғ доранд, ба онҳо ҷазои сабук додааст. Ҳомиёни ҳуқуқ исрор доранд, ки дар ҷиноятҳои махсусан вазнин, набояд сабукиҳо ба назар гирифта шавад.

Марги ду нафар бар асари садама дар Варзоб

Садамаи нақлиётӣ дар ҳудуди ноҳияи Варзоб боиси марги 2 нафар шуд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Садама дар Тоҷикистон

Гуфта мешавад, ин ҳодиса 6 апрел рӯзона дар километри 65-уми роҳи мошингарди Душанбе – Варзоб рух додааст.

«Автомашинаи сабукрави тамғаи «Opel Zafira» зери идораи сокини 36-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми ҳаракат аз Хуҷанд ба самти Душанбе бо сабабҳои номаълум ба ҷарии 600-метра чаппа шудааст”, – зикр мекунанд дар Кумита.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи садама 2 мусофири мошин аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааанд. Ронанда ва боз 1 мусофири дигарро бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхонаи ноҳия бурдаанд.

Бо назардошти вазъи обуҳаво, Кумита аз ронандагон дархост мекунад, ки барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш, реҷаи суръатро дар роҳҳо, бахусус роҳҳои минтақаи кӯҳистон риоя намоянд.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, шабонарӯзи наздик дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳии Ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби ВМКБ хатари фаромадани селҳо боқӣ мемонад.

Якчанд тоҷикистонӣ дар Москва барои ташкили гурӯҳ ва лату кӯби роҳгузарон дастгир шудаанд

Дар Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар Маскав парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи далели авбошии бо истифода аз зӯроварӣ содиршуда аз ҷониби гурӯҳи муташаккил нисбат ба ҷавонон тафтиш мешавад. Дар ин бора дар шабакаи Telegram-и раёсат хабар дода мешавад.

Мард бо дастони баста

Дар доираи чорабиниҳои тафтишотӣ шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, боздоштшудагон дар давраи солҳои 2022-2023 дар ҳайти гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ “бе сабаб ҷавононро мушту лагадкӯбӣ мекардаанд”. Ҳамзамон онҳо ин ҳолатҳоро дар видео наворбардорӣ карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр нашр мекардаанд.

“Дар ҷараёни тафтишот ошкор шуд, ки гурӯҳ аз зодагони Тоҷикистон иборат буда, қисмате аз онҳо ғайриқонунӣ дар Русия ба сифати муҳоҷирон қарор доштаанд. Айни замон 5 нафари соли таваллудашон 2002, 2004, 2006 ва 2007, инчунин саркардаи ин гурӯҳ боздошт шудаанд”, – зикр мешавад дар хабар.

Ба ҳамаи гумонбаршудагон дар 4 ҳолат аз рӯи аломатҳои қисми 2, моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия (Авбошӣ) айбнома пешниҳод шудааст.

“Нисбат ба ҳамаи айбдоршавандагон чораи пешгирӣ дар шакли таҳти ҳабс қарор доштан амалӣ шудааст”, – гуфта мешавад дар хабар.

Дар ин қисми модда ҷазои ҷарима дар ҳаҷми аз 500 то 1 млн рубл ё дар ҳаҷми маош ё дигар даромади маҳкумшуда дар давраи аз 3 то 4 сол, ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 5 сол, ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 7 сол пешбинӣ шудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-11
-11 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
2
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend