fbpx

Аз дафтари ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ таҷҳизоти кориро ғорат кардаанд

Мухтасари хабарҳои рӯз.


1
1 point
Бинои ҲХДТ дар ноҳияи Панҷро ғорат карданд
Бинои ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ. Акс аз маркази матбуот ва таҳлили дастгоҳи КИМ ҲХДТ

Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон поин рафт

Қурби расмии рубли русӣ, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқаррар мекунад, аз 30 март то имрӯз, 6 апрел 3,2% – аз 0,1415 сомонӣ то 0,1370 сомонӣ поин рафт.

сомони российский рубль Фото Спутник Таджикистан

Агар ҳафтаи гузашта бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба 1 ҳазор рубли русӣ 141 сомонӣ дода бошанд, имрӯз ин рақам аз 135 то 137 сомонӣ расидааст. Қурби аз ҳама баланд дар Бонки Эсхата – 137,5 сомонӣ барои 1 ҳазор рубли русӣ мебошад.

курс валют в Эсхате
Қурби асъор дар сомонаи Бонки “Эсхата”

Моҳи декабри соли гузашта низ нишондоди рубл дар Тоҷикистон хеле тағйир ёфт. Баъдан дар давоми як моҳ (аз 9 декабр то 9 январ) пули русӣ нисбат ба пули миллӣ 11,3% поин рафт.

Дар Тоҷикистон доллар ва рубли русӣ бештар таъсиргузоранд.

Қурби евро бошад, дар давоми ҳафта мустаҳкам шуда, аз 11,84 то 11,96 сомонӣ боло рафт.

Қурби расмии доллари ИМА нисбат ба сомонӣ бетағйир боқӣ монда, 10,91 сомониро ташкил медиҳад. Қурби баландтарин барои доллари ИМА рӯзи 6 апрел дар Ташкилоти амонатии қарзии «Ҳумо» мебошад. Имрӯз дар “Ҳумо” як долларро ба 10,92 сомонӣ фурӯхтан мумкин аст.

То 90 дарсади интиқоли пули муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия бо рубли русӣ сурат мегирад.

Поин рафтани қурби рубл дар Тоҷикистон дар пасманзари болоравии қурби доллар дар Русия рух дод. Қурби доллар дар биржаи Маскав барои нахустин бор дар як сол аз 80 рубл ва евро тақрибан аз 87,5 рубл гузашт, хабар медиҳад Meduza.

Аз дафтари ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ таҷҳизоти кориро ғорат кардаанд

Сомонаи “Farazh.tj” менависад, ки дафтари Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ)-ро дар ноҳияи Панҷ ғорат кардаанд. Дуздон телевизор, ноутбук, 2 компютеру мониторро бо худ бурдаанд.

Дуздӣ дар бинои ҲХД Тоҷикистон
Акси марбута аз интернет

Дар ин бора Каримҷон Файзизода, роҳбари ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳодиса шаби 15 – уми марти соли равон рух додааст. Вале бо гузашти қариб як моҳ ҷинояткорон дастгир нашудаанд.

Каримҷон Файзизода гуфтааст, таҷҳизоти кории дуздидашуда ҳудуди 4 ҳазор сомонӣ арзиш доштанд.

“Ман фавран тариқи мактуб ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, баъдан шахсан ба Кумитаи иҷроияи ҳизби вилоят телефонӣ хабар додам. Ташхисгарони соҳа изи дасти дуздонро гирифтаанд. Аммо бо гузашти қариб як моҳ ҷиноят ошкор карда нашудааст. Ба идораи нави ҳизб моҳи сентябри соли гузашта кӯчидем. Бино дурбинҳои назоратӣ надошт”,- гуфтааст раиси ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.

Масъулини мақомоти қудратии ноҳия ва вилоят ҳодисаи мазкурро шарҳ надодаанд.

Аз ҷумла, Офоқ Қодириён, сухангӯи РВКД дар вилояти Хатлон аз ҳолати дуздӣ изҳори бехабарӣ карда, гуфтааст, “дар ин бора ба ӯ маълумот нарасидааст”. Баҳром Шокирзода, сардори шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳия низ ҳодисаро шарҳ надодааст.

Ин сомона менависад, ки ин ҳодисаи аввал дар ҳудуди вилоят нест. Қаблан, дуздон ашё ва таҷҳизот аз идораҳои ҲХДТ дар навоҳии Ҷайҳун, Шаҳритус ва Кушониёни вилояти Хатлонро ба яғмо бурда буданд.

“Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус Ҳомидҳон Шаропов дуздии аз бинои ҳизбро дар ноҳия, дар тобистони соли гузашта тасдиқ карда гуфт, милиса аз рӯи сабти дурбинҳои назоратии бино дуздро муайян ва дастгир карда, таҷҳизоти дуздидашуда ба онҳо баргардонида шудаанд”, – навиштааст манбаъ.

Ҳодисаи дуздии дафтари ҲХДТ, ки ба гуфтаи масъулинаш, беш аз ним миллион аъзо дорад, ҳодисаи нодир аст. ҲХДТ ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон аст, ки соли 1994 ташкил ёфта, аз соли 1998 ин тараф Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон роҳбари он мебошад.

Дар задухӯрд дар масҷиди Ал-Ақсо қариб 100 фаластинӣ ҷароҳат бардоштаанд

Дирӯз, 5-уми апрел, бар асари задухӯрд бо пулиси Исроил дар масҷиди Ал-Ақсои Байтулмуқаддас ҳудуди 100 фаластинӣ захмӣ шуданд. Дар натиҷаи ин рейд беш аз 400 нафар боздошт шуданд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба шабакаи телевизионии Al Mayadeen хабар медиҳад.

Задухӯрд дар Фаластин

Қаблан хабаргузории WAFA бо такя ба манобеъи худ хабар дода буд, ки нерӯҳои исроилӣ шоми сешанбе бо истифода аз норинҷакҳои садонок, гази ашковар, тирҳои резинӣ ва калтакҳо вориди масҷид шудаанд.

“Ба гуфтаи Ҳилоли Аҳмари Фаластин, пулис аз расидани пизишкон ба ҷойи ҳодиса монеъ шудааст”, – афзудааст манбаъ.

Дафтари матбуоти артиши Исроил субҳи чаҳоршанбе аз партоби нӯҳ мушак аз навори Ғазза ба Исроил хабар дод, ки яке аз онҳо ба корхонае дар шаҳри Сдерот бархӯрдааст.

Вазоратхои корхои хориҷии Миср, Урдун ва Арабистони Саудӣ амали Исроилро қатъиян маҳкум кардаанд, хабар медиҳад хабаргузории Reuters.

Бояд гуфт, ки масҷиди Ал-Ақсо дар шаҳри Байтулмуқаддас барои мусалмонон макони муқаддас дониста шуда, барои ворид шудан ба он ва намоз гузоштан дар он пайваста аз ҷониби нурӯҳои қудратии Исроил бо ҳар баҳона монеаҳо эҷод мегардад. Ин ҳама монеагузориҳо тазоҳуроту задухӯрдро ба миён меорад, ки дар пай захмиву ҳатто баъзан кушта низ доранд.

Вазирони хориҷаи Эрону Арабистон баъди 7 сол мулоқот кардаанд

Ҳусейн Амирабдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷаи Эрон имрӯз, 6 – уми апрел, бо Файсал бин Фарҳон Оли Сауд, ҳамтои Арабистони худ дар Пекин дидор ва гуфтугӯ карданд.

Мулоқоти Эрону Арабистон
Акс аз ИРНА

Вазирони хориҷаи Эрон ва Арабистон бо иштироки вазири хориҷаи Чин барои густариши равобит ва ҳамкории дуҷониба баёнияи муштарак имзо карданд, менависад хабаргузории ИРНА.

Гуфта мешавад, тибқи ин баёния ба зудӣ сафоратхонаҳо боз шуда, хатсайрҳои ҳавоӣ барқарор хоҳанд гардид.

Теҳрон ва Риёз пас аз чанд соли қатъи равобит ба мувофиқа расиданд, ки бар асоси созиши бузурге, ки моҳи гузашта бо миёнҷигарии Чин сурат гирифт, ба ихтилофоти дипломатии худ хотима диҳанд.

Ихтилофи дар робитаҳои Теҳрон ва Риёз соли 2016, дар пайи ҳамла ба сафорат ва консулгариҳои Арабистони Саудӣ дар Эрон қатъ гардид. Он замон ҳамлаваронро қатли Нимр ал-Нимр, як рӯҳонии шиамазҳаби Арабистони Саудӣ ба хашм оварда буд.

Толибон фаъолияти занон дар идораи СММ-ро манъ кардаанд

Толибон* кори занон дар намояндагии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар вилояти Нангарҳорро манъ карданд. Ин монеаи нави Толибон вокуниши шадиди СММ ва коршикании намояндагони созмонро ба бор овардааст.

Манъи кор ба занон дар идораи СММ
Акс аз сомонаи Спутник Ӯзбекистон

Хабаргузории TOLOnews менависад, ки маъмурони муваққати ҳукумати Афғонистон фаъолияти занонеро, ки дар ниҳодҳои СММ кор мекунанд, мамнӯъ кардаанд.

Толибон ин ҳолатро ба мавҷуд будани бархе мушкилот танҳо дар вилояти Нангарҳор рабт додаанд. Ба гуфтаи онҳо кормандони Созмони Милали Муттаҳид дар вилоятҳои дигар ба кори худ бо риояи меъёрҳои шариат идома медиҳанд.

СММ аз кормандони худ дар Афғонистон хостааст, ки ба далели амниятӣ 48 соат ба кор ҳозир нашаванд. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи сешанбе бо такя ба манобеъи ин созмон хабар дод.

Бояд гуфт, ки ин аввалин маҳдудияти Толибон барои занон дар Афғонистон нест. Намояндагони ин гуруҳ қаблан таҳсили духтарон дар макотиб ва донишгоҳ, кор дар созмонҳои ғайридавлатӣ, ташриф ба боғу тарабхонаҳоро низ манъ карда буданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend