7 ҳазор квотаи Арабистони Саудӣ барои сафари Ҳаҷ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2023
Барои сафари Ҳаҷ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2023 Арабистони Саудӣ 7 ҳазор квота ҷудо кардааст. Дар ин бора Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, созишнома ҳафтаи гузашта замоне ба имзо расид, ки ҳайати Тоҷикистон таҳти раёсати Сулаймон Давлатзода, раиси ин кумита дар Арабистони Саудӣ қарор дошт.
Сухангӯи Кумитаи дин гуфт, харҷи сафари Ҳаҷ баъди дарёфти феҳристи зиёраткунандагон аз шаҳру навоҳии кишвар маълум хоҳад шуд.
Гуфта шуд, ки имсол Арабистони Саудӣ маҳдудиятҳоро оид ба маросими Ҳаҷ бекор карда, мутаносибан шумори квотаҳо барои зойирини кишварҳои гуногун боз ба сатҳи то пандемия бозгардонида шуд.
Дар пасманзари пандемия, мақомоти Арабистони Сайдӣ дар солҳои 2020 ва 2021 танҳо теъдоди маҳдуди зоирин ва дар соли 2022 1 миллион нафарро иҷозат доданд то ба зиёрати Ҳаҷ раванд. Дар ҳамин ҳол, дар соли 2022 танҳо афроди аз 18 то 65 сола, бо эмгузаронии пурра аз коронавирус, бидуни бемории музмин метавонанд ба Ҳаҷ сафар кунанд.
“Дар сурати авҷи дубораи бемории коронавирус, эҳтимоли ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо мавҷуд аст”, – гуфт Афшини Муқим.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Вазорати умури ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ барои Тоҷикистон дар соли 2022 беш аз 3,5 ҳазор квота ҷудо карда буд. Нархи сафари Ҳаҷ барои ҳар як зоирин соли гузашта беш аз 60 ҳазор сомониро ташкил медод.
Тибқи маълумоти тахминӣ, мавсими ҳаҷҷи имсола 19-уми июн оғоз мешавад. Рӯзи дақиқи оғози моҳи шарифи Рамазон ва давраи ҳаҷро Шӯрои уламои Тоҷикистон эълон хоҳад кард.
Беш аз 1,3 млн сомонӣ андози блогерони тоҷик ба буҷаи давлат дар соли 2022
60 блогери тоҷик ба андозаи 1 млн 359 ҳазору 700 сомонӣ андозро давоми соли 2022 ба буҷаи давлат пардохт кардаанд. Дар ин бора рӯзномаи “Садои мардум” бо такя ба Кумитаи андози Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ блогерон дар ин давра 29,7 млн.сомонӣ даромад ба даст оварда, 59 корманди кироя ҳам ҷалб кардаанд, ки дар натиҷа ба ҳар як корманд 929 сомонӣ маош пардохт кардаанд.
Ин ниҳод гуфтааст, блогерон дар муқоиса ба даромадашон андози кам месупоранд ва назорати шаффофияти кори онҳо мушкил аст.
“Вале ин амал на дар ҳама ҳолат қулай аст. Масалан, мешавад ҳолате, ки блогер пули рекламаро аз фармоишгар нақд мегирад ва мақомот наметавонад тамоми “пост” – ҳову “сториз” – ҳои ӯро назорату ҳисоб кунад. Аз ин рӯ, дар баробари корҳои фаҳмондадиҳии кумита хуб мешавад, агар иловатан барои дилгармии блогерон имтиёз пешбинӣ гардад”,- омадааст дар мақола.
Кумитаи андоз гуфтааст, то ин муддат ба 80 блогер барои сабти ном огоҳӣ додааст.
“То якуми январи соли ҷорӣ дар мақомоти андоз 60 субъекти соҳибкорӣ, ки тавассути шабакаҳои интернет ба блогерӣ машғул мебошанд, ба қайди давлатӣ гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 адад зиёд мебошад”,- иттилоъ додаанд аз кумита.
Гуфта мешавад, ки ҳар як блогер дар умум 7 фоиз андоз месупоранд ва ҳар семоҳа даромадашонро ба кумита пешниҳод мекунанд.
“Масалан, агар блогер дар се моҳ 10 ҳазор сомонӣ даромад дошта бошад, 700 сомонӣ андоз месупорад”, – гуфтаанд масъулини Кумитаи андози Тоҷикистон.
Шурӯъ аз соли 2020 сабти номи блогерҳо дар мақомоти андози Тоҷикистон оғоз шуд. Он замон ба Кодекси андоз тағйиру иловаҳо ворид гардид.
Мақомот гуфта буданд, ки ин талаботи замон аст, чунки ин соҳа босуръат дар ҳоли рушд буда, дар кишварҳои рушдёфта гардиши пул дар ин бахш хеле зиёд аст.
Марги узви сеюми як оила аз дуди ангишт дар ноҳияи Хуросон
Дар ноҳияи Хуросон шумораи нафарони аз дуди ангишт ҳалокшуда ба се нафар расид. Зани дар бемористон бистарӣ шуда низ ҳалок шуд. Ҳамаи фавтидагон аъзои як оила аз деҳаи Гулрез мебошанд.
Ҳодисаи фоҷеабор рӯзи 18 январ дар оилаи Шамсулло Маҳмадов рух дод.
Бар асари дар оташдони хона сӯзонидани ангишт барои гармӣ сарвари хонадон Шамсулло ва писари 5-солаи ӯ ҳалок шуданд. Ҳамсар ва як фарзанди дигари ин хонавода дар бемористон бистарӣ шуда, вазъияташон вазнин арзёбӣ мешуд.
Тавре ки Радиои Озодӣ хабар медиҳад, ҳамсари Шамсулло Маҳмадов низ дар бемористон ҳалок шудааст.
Ба иттилои манбаъҳо, табибон дар талоши онанд, ки ҳаёти кӯдаки дуюмро наҷот диҳанд. Вазъи ӯ ҳоло ҳам вазнин аст.
Ҳамасола бо фарорасии мавсими сармо сокинони деҳоти Тоҷикистон хонаҳои худро бо ангишт гарм мекунанд. Риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифода аз ин сӯзишворӣ бисёр вақт бо фоҷеа меанҷомад.
Дар ҳолати заҳролуд шудан аз дуди ангишт дар аввал сарчашмаи дудбароиро хомӯш кардан лозим аст. Сипас тирезаҳоро кушода, мошини ёрии таъҷилиро даъват кардан зарур мебошад.
Дафни боз як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз зиндони Русия ба ҷанги Украина рафта буд
Боз як шаҳрванди Тоҷикистон, сокини ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ) – ро, ки ба қавли наздиконаш дар Русия зиндонӣ буд, аммо дар ҷанги Украина кушта шудааст ба хок супоридаанд.
Шамсиддин Қодиров 47 – соларо рӯзи 19 – уми январ дар зодгоҳаш, ҷамоати Панҷи ноҳияи Ҷайҳун гӯрондаанд.
Радиои Озодӣ ба қавли пайвандонаш менависад, ӯ ду сол пеш бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир 14 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд.
Раҳмиддин Қодиров, бародари марҳум гуфтааст, ӯ дар шаҳри Волгогради Русия адои ҷазо мекард ва моҳи майи соли 2022 ба ҷанги Украина бурда шудааст.
Вале маълум нест, ки ин кор маҷбурӣ сурат гирифтааст ё ихтиёрӣ.
“Аввал ба писараш гуфтааст, ки ба ҷанг меравад. Мо хабардор шудем. Хоҳиш кардем, ки наравад, гӯш накард. Гуфт, шаш моҳ меҷангад ва агар зинда монад, озод хоҳад шуд, вале кушта шуд”, – гуфтааст ӯ.
Ба гуфтаи манбаъ, Шамсиддин Қодиров рӯзи 20 – уми ноябри соли 2022 ҳалок шуда, ҷасадашро пас аз ду моҳ аз Русия ба Тоҷикистон фиристоданд. Дар санадҳо сабаби расмии маргашро “зарба ба пой” номидаанд.
“Тани бародарам дуруст буд, аммо аз зону поёни пойҳояш набуд,” – илова кард Раҳмиддин Қодиров.
Дар ду моҳи охир хабари марги камаш чаҳор шаҳрванди зиндонии Тоҷикистон дар Русия дар ҷанги Украина тасдиқ шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон аз зиндон ба ҷанг рафтани шаҳрвандони ин кишварро тасдиқ ё рад накардаанд.
Бар асоси омори ду сол пеш дар боздоштгоҳу зиндонҳои Русия тақрибан 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро нигоҳ медоранд.