fbpx

Таҳқиқи марги сарбоз. Афсар “ба муносибати хунукназарона” муттаҳам аст

Мухтасари хабарҳои рӯз.


1
1 point
Сарбозе, ки дар хизмати ҳарбӣ фавтид
Аз аз "Радиои Озодӣ": Лутфуллои Давлатмаҳмад

Аз расонаҳо: Боздошти раиси ноҳияи Рашт бо пора

Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, Раҳимҷон Набизода (Муқимӣ) ва Холмуҳаммад Ортиқов ба “тақсими ғайриқонунии замин” ва “гирифтани ришва” гумонзад ҳастанд. Боздошти онҳо нисфирӯзии 22-юми январ сурат гирифтааст.

Занҷирро ба дасти ҷинояткор маҳкам мекунанд
Акс аз сомонаи boets-shop.ru

Як манбаи боварбахши Радиои Озодӣ дар Оҷонси мубориза бо фасод рӯзи 23-юми январ гуфт, раиси ноҳия ва раҳбари дастгоҳи ҳукумати Рашт “дар ҷойи кор ва дар ҳузури шоҳидон” боздошт шудаанд.

“Шикоят расид, ки раиси ноҳия замин фурӯхта, дар маркази ноҳия чанд ҷойро ғайриқонунӣ ба соҳибкорон додааст. Далели тақсими ғайриқонунии замин тасдиқ шуда буд, вале раисро ҳангоми гирифтани беш аз 10 ҳазор доллар боздошт карданд. Ришваро раҳбари дастгоҳ гирифта, ҳангоми ба раиси ноҳия додан дастгир шудааст,” – афзуд манбаи Радиои Озодӣ.

Хабари боздошти раиси ноҳияи Рашт ва як зердасташро Саъдулло Худоёров, як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аз ноҳияи Рашт, рӯзи 23-юми январ дар Фейсбук гузошт.

Масъулони Оҷонси зиддифасод, ҳукумати ноҳияи Рашт ва идораҳои дигари давлатии Тоҷикистон хабарро тасдиқ ё рад накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи дигари Радиои Озодӣ дар минтақа иддао кард, ки Раҳимҷон Набизода (Муқимӣ) ба сабаби масунияташ ҳамчун узви Маҷлиси Миллӣ раҳо шуда, нисбат ба раиси дастгоҳ ба гумони “қаллобӣ” парванда кушодаанд.

“Дар ҳоли ҳозир раиси дастгоҳи ҳукумати Рашт дар боздошт аст ва санҷиш нисбат ба ӯ идома дорад,” – афзуд ҳамсуҳбати мо ба шарти фош нашудани номаш.

Кӯшишҳо барои гирифтани шарҳи мақомот то ин лаҳза бенатиҷа буд. Ба ин сабаб маълум нест, раиси ноҳияи Рашт ва зердасташ дар боздошт ҳастанд ё яке аз онҳо.

Раҳимҷон Набизода (Муқимӣ) 61 – сола аст. Дар гузашта сардори Идораи молия ва муовини аввали раиси ҳукумати Рашт буд. Аз соли 2019 раёсати ҳукумати ноҳияро ба дӯш дорад.

Холмаҳмад Ортиқов 64 – сола аст. Аз соли 2017 дар мансаби раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Рашт кор мекунад. Дар гузашта мудири маорифи минтақа буд.

Рӯйдодҳои монанд ба ин дар баъзе аз ноҳияҳои дигар рӯй додаанд, аммо боздоштшудаҳо баъдан озод гашта, мавзӯи парванда аз фасоду ришва ба сӯистифода аз мансаб тағйир ёфтааст. Дар баъзе аз мавридҳо танҳо зердастон ҷазо дидаанд.

Соли 2020 Баҳром Иноятзода, шаҳрдори собиқи Кӯлоб ба иттиҳоми фасодкорӣ боздошт ва ба 12 сол зиндон маҳкум шуд. Худи ӯ ва пайвандонаш иттиҳомро рад карданд.

Маъмурони Оҷонси зидди фасодро дар Тоҷикистон ҳамвора барои дастгир накардани мансабдорони баландпоя танқид мекунанд. Ин ниҳод бештар дар бораи боздошти омӯзгорону пизишкон ва кормандони зинаҳои поини вазорату кумитаҳои давлатӣ гузориш медиҳад.

Таҳқиқи марги сарбоз. Афсар “ба муносибати хунукназарона” муттаҳам аст

Як афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон вобаста ба марги сарбоз Лутфуллои Давлатмаҳмад ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Нисбати майор З. Муродов тибқи қисми яки моддаи 392 – и Кодекси ҷиноӣ “ба муносибати хунукназарона” парванда боз шудааст.

Қадамзании низомӣ
Акс аз сомонаи polit74.ru

Ӯ сабабгори марги сарбози қисми сарҳадбонии ноҳияи Панҷ дониста шудааст. Парвандаро Суди ҳарбии минтақаи Кӯлоб боз кардааст. Ба афсар то панҷ сол зиндон таҳдид мекунад.

Ба Радиои Озодӣ аз Суди ҳарбии минтақаи Кӯлоб 23 –юми январ гуфтаанд, таҳқиқи воқеа идома дорад ва афсари қисми ҳарбӣ дар беаҳамиятӣ ба вазъи сарбоз гумонбари асосӣ аст. Ба гуфтаи онҳо, зоҳиран ин бетаваҷҷуҳӣ сабаби марги сарбоз гаштааст.

Лутфуллои Давлатмаҳмади 26 – сола, сокини деҳаи Шоҳбикаи ноҳияи Восеъ, тирамоҳи соли 2022 ба хидмати ҳарбӣ даъват шуд. Наздиконаш мегӯянд, ягон беморӣ надошт, аммо мақомот гуфтаанд, аз илтиҳоби шуш ҷон дод.

Мақомот мегӯянд, марзбони ҷавонро, ки ҳарорати баданаш баланд буд, аз ноҳияи Панҷ барои муолиҷа ба Фархор фиристоданд ва дар он ҷо даргузашт.

Санҷиши тиббиву додгоҳӣ илтиҳоби шуш ё пневмонияро сабаби марг номида. Парвандаи ҷиноӣ “муносибат ё ғамхории нокофии”-и афсарро нисбат ба саломатии сарбоз дар маркази диққат қарор додааст.

Наздикони сарбоз ҳанӯз ба ин фарзияи мақомот вокуниш накардаанд, вале пештар гуфта буданд, ки дар ҷасади Лутфуллои Давлатмаҳмад ягон нишонаи зӯроварӣ ё шиканҷаро надиданд.

Алиаҳмад Бердиев, бародари Лутфулло, рӯзи 12 – уми декабри соли 2022 ба Радиои Озодӣ гуфт, бародараш беморӣ надошт ва дар остонаи Соли нав барои як рухсатии кӯтоҳ ба хона омада буд. Бори охир сарбоз бо наздиконаш рӯзи 25 – уми декабри соли гузашта тамоси телефонӣ доштааст.

Имкон дорад, дар ҷараёни тафтиш самтгирии парванда тағйир ёбад, ҳарчанд маълум аст, ки парванда зидди майор Муродов дар робита ба марги сарбоз таъсири муайяне ба муносибати фармондеҳон бо фарзандони мардум хоҳад дошт.

Бино бар гузориши ҳукумати Тоҷикстон ба Созмони Милал, дар 3 сол (2019-2021) зиёда аз 100 сарбози нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, аксаран дар ҳолатҳои мармуз, ба ҳалокат расидаанд. Сабаби марги аксари онҳо риоят нашудани оинномаи низомӣ, бадрафторӣ бо сарбозони навомада ва суистифодаи афсарон аз мақомашон номбар шудааст.

Ба гуфтаи намояндагони ҳукумат, бо вуҷуди талошҳо барои решакан кардани бадрафторӣ дар қисмҳои низомӣ зуҳуроти мазкур ва пинҳон кардани он аз тарафи афсарон ҳамчунон вуҷуд дорад.

Дар муддати се сол 639 мақоми расмӣ ва фармондеҳи тоҷик барои пинҳон доштани ҷиноятҳо дар қисмҳои низомӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд ва ё танбеҳ гирифтаанд. Чизе, ки ҳомиёни ҳуқуқ намоишӣ ва таъсирашро камтар медонанд.

Боздошти сармуҳосиби бахши фарҳанги Кӯлоб бо гумони тасарруфи қариб 210 ҳазор сомонӣ

Сармуҳосиби бахши фарҳанги ҳукумати шаҳри Кӯлоб, Шарипов Абдулҳамид Олимович, ки дар як вақт тариқи шартнома дар мактаби №34 – и ин шаҳр низ фаъолият доштааст, бо гумони тасарруфи 209 ҳазору 880 сомонӣ боздошт гардидааст.

Тасарруфи ғайриқонунии маблағ
Акс аз сомонаи Агентии мубориза бо коррупсия

Дар ин бораи сомонаи расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иттилоъ медиҳад.

“Ӯ дар давоми фаъолияташ бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр дар якчанд ҳолат бо роҳи сохтакорӣ маблағи умумии 209880 сомониро ҳамчун музди меҳнат ба суратҳисоби корти пластикиаш интиқол додааст.

Сипас Шарипов А.О. маблағи зикршударо нақдӣ намуда, онро ба тасарруфи худ даровардааст. Дар натиҷа бо ин амали ғайриқонуниаш ба давлат ба миқдори махсусан калон зарари молиявӣ расонидааст”, – навиштааст ин ниҳод.

Дар робита ба ҳолати мазкур нисбати Шарипов Абдулҳамид бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” (ҷарима аз 124 ҳазор то 183 ҳазор сомонӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 10 то 15 сол) ва 323 (ҷарима аз 17 ҳазор то 25 ҳазор сомонӣ ё аз 1 то 2 сол корҳои ислоҳи ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтишот ба суд ирсол гардидааст.

Дар Роштқалъа як нафар дар пайроҳаи яхбаста лағжида фавтид

Дар натиҷаи боришот ва сардиҳои рӯзҳои охир чандин ҳолати фавқуллода ва хисороти ҷонӣ ба қайд гирифта шудааст.

Сардӣ дар кӯҳҳо

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад, ки як рӯз пеш дар ВМКБ як нафар ҳангоми ҳезумчинӣ ба ҳалокат расидааст.

“Шоми 23 – юми январ сокини 36 – солаи деҳаи Бидизи Болои ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ҳангоми ҳезумчинӣ дар кӯҳистон дар пайроҳаи яхбандӣ лағжида, сараш ба ях бархӯрдааст. Вай бар асари ҷароҳати бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, – хабар медиҳад ин ниҳод.

Субҳи рӯзи 23 – юми январ низ дар ҳудуди деҳаи Висиви ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рӯшони ВМКБ сангрезӣ ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, бар асари офати табиӣ се хонаи истиқоматии ин деҳа осеб дидаанд.

“Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ҳаҷми хисороти расидаро Комиссияи минтақавии ҳолатҳои фавҷулода муайян мекунад”, – хабар медиҳад КҲФ.

Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки бо дарназардошти сатҳи баланди фаромадани сел ва резиши сангҳо чораҳои бехатариро риоя намуда, аз чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳиву доманакӯҳӣ, сайру гашт, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд.

КҲФ инчунин ҳушдор медиҳад, ки роҳҳо низ бар асари ҳодисаҳои табиӣ хатарноканд.

Оғози нишастҳои матбуотӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон санаи оғози баргузории нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо аз рӯи натиҷаҳои соли 2022 муайян шуд.

Нишастҳои матбуотӣ дар Тоҷикистон

Аввалин нишастҳои матбуотӣ рӯзи 30 январ баргузор мешаванд ва охиринаш 17 феврал дар назар аст.

Тибқи феҳристи тасвибшуда, рӯзи 30 январ вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, фарҳанг ва Хадамоти алоқаи кишвар бо хабарнигорон мулоқот баргузор мекунанд.

Рӯзи охир, 17 феврал, нишастҳои ҷамъбастии матбуотии вазоратҳои молия, корҳои хориҷӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия баргузор мешаванд.

Шахсони масъули вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои дар шаҳри Душанбе фаъолияткунанда бояд вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-52-23, 888-08-34-04 ҳамоҳанг созанд.

Бори аввал бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо, инчунин дастрасии расонаҳо ба манбаъҳои расмии иттилоот 4 – уми марти соли 2005 фармони президенти Тоҷикистон дар бораи баргузории нишастҳои матбуотии семоҳа содир шуд.

Моҳи сентябри соли 2011 ба ин фармон тағйирот ворид шуд, ки тибқи он роҳбарони вазорату идораҳои кишвар бояд дар шаш моҳ як маротиба бо намояндагони ВАО мулоқот кунанд.

Дар фармон қайд карда мешавад, ки дар мавридҳои зарурӣ роҳбарони вазорату идораҳои кишвар дар давоми як моҳ якчанд маротиба нишастҳои матбуотӣ гузаронда метавонанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend