fbpx

Ҳалокати се кӯдак зери обанбори яхбаста дар Хатлон

Яхи зери пойи чаҳор кӯдак ба вазнашон тоб наоварда шикастааст ва яке аз онҳо зинда мондааст.


-1
-1 points
Кӯдак дар болои обанбори яхбаста
Акс аз интернет.

Дар вилояти Хатлон се кӯдак зери оби яхбаста монда ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода иттилоъ додааст.

Бино ба баёнияи расмии ин ниҳод, ки рӯзи 22 – юми январ нашр шудааст, ки фоҷиа шоми 21 – уми январ дар деҳаи Ғаробдараи ҷамоати Балхоби ноҳияи Муминобод рух додааст.

Ба гуфтаи кумита се писар, ду нафарашон 5 ва яке 4 – сола ҳангоми яхмолак дар болои обанбори деҳа зери ях фурӯ рафта, аз сармо ҷон додааанд.

Ба иттилои расонаҳо яхи зери пойи чаҳор кӯдак ба вазнашон тоб наоварда шикастааст ва яке аз ин тифлон зинда мондааст. Худойдоди Бахтиёри 7 – сола айни замон дар шифохона будааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода гуфт, ки сокинони деҳа тани беҷони кӯдаконро аз об берун карда ва барои ташхис ба мақомоти интизомӣ супурдаанд.

Ду рӯз пештар аз ин фоҷиа дар ноҳияи Ҳисор айни ҳодиса рух додааст. Ба гуфтаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода рӯзи 19 – уми январ ҳангоми гузаштан аз дарёи яхбастаи Хонақоҳ, як хоҳар ва бародари 16 ва 7 – сола, сокинони деҳаи Гаҷак шаҳри Ҳисор зери ях фурӯ рафтанд. Бародарро сокинон наҷот додаанд, вале ҷасади духтари наврасро дертар пайдо карданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз волидон хостааст, кӯдакони худро дар ин рӯзҳои сард беназорат нагузоранд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend