fbpx

Тоҷикистон имсол бо маблағи зиёда аз 100 млн доллар барқ фурӯхтааст

Мухтасари хабарҳои рӯз


0
Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқро афзоиш додааст

Сӯхтор дар яке аз мактабҳои шаҳри Исфара

Субҳи 8-уми декабр, дар мактаби №51-и ҷамоати деҳоти Кулканди шаҳри Исфара сӯхтор рух дод, ки дар натиҷа, қисме аз мактаб сӯхта хароб гашт. Дар ин бора ба “Азия плюс” аз Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД дар вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Ҳодиса пеш аз оғози дарсҳо рух додааст ва касе зарар надидааст.
То бегоҳии имрӯз, 8-уми декабр, зарари аз сӯхтор расида пурра бартараф шудааст.

Ба иттилои манбаъ ҳодиса пеш аз оғози дарсҳо рух додааст ва касе зарар надидааст.

“Ҳоло сабаби сӯхтор ва зарари аз он расида таҳқиқ карда мешавад”, – гуфтааст манбаъ.

Дилором Атобоева, директори мактаби мазкур зимни суҳбат таъкид намудааст, ки “соати 5:22 посбони мактаб занг зада аз сар зани сухтор хабар додааст”.

“Дар мактаб 440 нафар хонанда таҳсил мекунанд. Ба онҳо 35 нафар омӯзгор дарс медиҳанд ва 10 нафар ҳайати хоҷагидорӣ мебошанд”, – иттилоъ дод манбаъ.

Муноҷот Увайсова, роҳбари созмони хонандагони мактаби мазкур гуфт, ки “дар пайи сӯхтор ду тарафи долони мактаб сӯхтааст”.

Дар ҳоле, ки мақомот аз таҳқиқи сабаби сӯхтор ва зарари аз он расида иттилоъ медиҳанд, Муноҷон Увайсова зикр мекунад, ки “хатмкардаҳои ин муассиса, муҳоҷирон ва сокинони ҷамоат  сарҷамъона масолеҳи сохтмонӣ датрас карда, алакай ба бартарафкуниии зарар пардохтаанд”.

“То бегоҳии имрӯз, 8-уми декабр, зарари аз сӯхтор расида пурра бартараф шуда, аз пагоҳ дарс мисли рӯзҳои муқаррарӣ ба роҳ монда мешавад”.

Гуфтан ба маврид аст, ки давоми 8-рӯзи моҳи декабр ин 9-умин ҳодисаи сӯхтор дар вилояти Суғд ба ҳисб меравад. Панҷ рӯз қабл, дар шаҳри Истаравшан нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ оташ гирифта буд.

Тоҷикистон имсол бо маблағи зиёда аз 100 млн доллар барқ фурӯхтааст

Аз моҳи январ то октябри соли ҷорӣ Тоҷикистон ба хориҷи кишвар бо арзиши 101 млн доллар нерӯи барқ интиқол додааст. Дар ин бора Агентии омор хабар додааст.

Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (91,3 млн доллар) 10,7% зиёдтар аст.

Даромад аз ҳисоби содироти неруи барқ дар моҳи октябри соли равон дар муқоиса бо моҳи гузашта 13 баробар – аз 17,1 млн то 1,3 млн доллар кам шудааст.

Дар моҳҳои январ-октябри соли 2022 ҳиссаи барқ дар ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ 5,7%-ро ташкил додааст.

Мутобиқи қарордодҳои имзошуда, неруи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ва дар давраи баҳору тобистон (май-август) – ба Ӯзбекистон интиқол меёбад.

Тибқи қарордод бо ширкати Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)-и Афғонистон барои соли 2022, дар мавсими тобистон ба истеъмолгарони ин кишвар шабонарӯзӣ то 400 МВт барқ интиқол ёфта, дар мавсими тирамоҳу зимистон (сентябр-апрел) ҳаҷми он 10 баробар – то 40 МВт кам карда мешавад.

Мувофиқи қарордҳои имзошуда соли 2022 Тоҷикистон ба Афғонистон 1,5 млрд кВт/соат барқ интиқол медиҳад. Барои ҳар 1 киловатт/соат Афғонистон 4,67 сент маблағ пардохт мекунад.

Аввали моҳи августи соли ҷорӣ раиси ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки DABS аз истифодаи барқ 28 млн доллар ба ширкат қарздор аст. Сабаби пайдо шудани қарзро ӯ бо мушкили интиқоли пул аз суратҳисобҳои DABS дар бонкҳои Афғонистон шарҳ дод.

Дар ҳамин ҳол, сокинони деҳоти Тоҷикитсон аз аввали даҳаи охири моҳи сентябр ба маҳдудияти интиқоли неруи барқ дучор мешаванд.

Нимаи моҳи октябр ШСХК “Барқи тоҷик” дар муроҷиати худ ба истеъмолгарон маҳдудияти истифодаи барқро камбуди захираҳои об дар робита ба камобӣ, инчунин баргузории корҳои таъмиру навсозӣ маънидод кард.

Мавқеи шиносномаи Тоҷикистон дар рейтинги ҷаҳонӣ 18 зина боло рафт

Дар Шохис (индекс)-и навшудаи шиносномаҳои ҷаҳон дар соли 2022 мавқеи Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта якчанд зина беҳтар шуд. Ин маълумот дар сомонаи расмии таснифбанди кишварҳои Passport Index қобили дарёфт аст.

Шиносномаи тоҷикӣ бо Ветнам ва Камбоҷа қарор дорад.
Шаҳрвандони Тоҷикистон ба 26 кишвар бе раводид, ба 43 давлат – бо раводид замони расидан ва 129 кишвар – бо гирифтани раводид сафар карда метавонанд.

Агар дар соли 2021 шиносномаи Тоҷикистон дар зинаи 90-уми шохис қарор гирифта буд, пас имсол он то мақоми 72-юм боло рафта, ҳамроҳ бо Ветнам ва Камбоҷа қарор дорад.

Мавқеи кишвар дар радабандӣ тибқи шумори кишварҳое, ки шаҳрвандони кишвар ба онҳо бидуни пешакӣ анҷом додани расмиёти гирифтани раводид (бе раводид (виза) ё бо раводид замони расидан) сафар карда метавонанд, муайян карда мешавад.

Ба ин тариқ, шаҳрвандони Тоҷикистон ба 26 кишвар бе раводид, ба 43 давлат – бо раводид замони расидан ва 129 кишвар – бо гирифтани раводид сафар карда метавонанд.

Ӯзбекистон дар зинаи каме болотар – 69-ум қарор дорад. Барои шаҳрвандони ин кишвар реҷаи бидуни раводид дар 28 кишвар амал мекунад. Қирғизистон ҳам дар ҳамин мавқеъ қарор дошта, бо 27 кишвар реҷаи равуои бе раводид дорад.

Қазоқистон дар мавқеи 56-ум ҷой гирифта, бо 38 кишвар реҷаи равуои бе раводид дорад. Туркманистон дар мақоми 79-ум қарор гирифта, шаҳрвандонаш бе раводид ба ҳамагӣ 16 кишвар рафта метавонанд.

Русия зинаи 38-умро касб карда, лекин дар муқоиса бо соли гузашта акнун бо шиносномаи Русия бе раводид на аз 118 кишвар, балки танҳо аз 78 кишвар боздид кардан имкон дорад.

Зинаи аввалро дар рейтинг Амороти Муттаҳидаи Араб ишғол намудааст, ки шаҳрвандонаш бе раводид ба 121 кишвари дунё сафар карда метавонанд. Дар зинаи охири рейтинг Афғонистон ҷойгир шудаст. Шаҳрвандони ин кишвар бе раводид ҳамагӣ ба 5 кишвар сафар карда метавонанд, ҳарчанд соли гузашта шумори чунин кишварҳо 26-то буд.

Индекси шиносномаҳои Henley & Partners рейтинги байнулмилалии кишварҳо оид ба сатҳи озодии равуо мебошад, ки онҳо ба шаҳрвандони худ пешниҳод кардаанд. Дар он қоидаҳои марбут ба раводид дар зиёда аз 200 кишвар ва қаламравҳо ба риштаи таҳлил кашида шуда, давлатҳо мувофиқи имкони сафари бе раводид ба дигар давлатҳо раддабандӣ мешаванд.

Индекси шиносномаҳо аввалин дар таърих рейтинги байнулмилалиест, ки муносибатҳои байнулмилалӣ ва мақоми кишварҳоро дар арсаи ҷаҳонӣ таҷассум месозад. Аз соли 2018 Шохиси шиносномаҳо ҳар семоҳа нав мешавад, то ки дар бораи тағйирот дар реҷаи кишварҳои бе раводид маълумот пешниҳод гардад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend