Зарари боронгариҳо дар Душанбе: обу селоба ба ҳавливу роҳраву таҳхона даромадааст
Дар пайи боронгариҳои шадиди рӯзҳои 21-22 май ба бархе кӯча, ҳавливу роҳрав ва таҳхонаи манзилҳои сокинони Душанбе зери об монда, ба роҳҳои автомобилгард баромадани об ҳаракати нақлиётро мушкил кардааст.
Бар асари боронҳои шадид ва резиши жола об ба як қатор ҳавливу роҳрав ва таҳхонаҳои манзилҳои истиқоматии шаҳрвандони ноҳияи Фирдавсӣ ворид шудааст.
Ин ниҳод, аз ҷумла, аз кўчаҳои Крупская – 2, Фирдавсӣ (бинои 61) Сомон (хонаҳои № 370, 371 ва 369) ном бурдааст, ки оби борон ба таҳхонаи сокинон ворид шуда, зарар расондааст.
КҲФ гуфтааст, ки бо даъвати сокинон ҳолатҳои фавқулодаи баамаломада, пурра бартараф гардидандаст.
Ин ниҳод ҳамчунин гуфтааст, ки дар натиҷаи бориши зиёди борон сатҳи оби канали Чоряккорон ва ҷӯйборҳои шафати роҳ баланд гардида, оби онҳо ба роҳҳои автомобилгард ва зери Эстокада (маҳаллаи 82) ворид гардида, ба ҳаракати мошинҳо монеъ шудаанд.
КҲФ аз ҷумла, аз баланд шудани сатҳи оби канали Чоряккорон ва ҷуйборҳои бетонии шафати роҳҳои автомобилгард дар кўчаи Н.Махсум ёдовар гардидааст, ки дар натиҷа, “об аз канал берун шуда, дар рўбарўӣ Мактаби байналмилалии президентӣ (канори кўчаи Калелин) ба роҳи автомобилгард ҷорӣ шуда, инчунин, дар кўчаи Н.Махсум ҷуйборҳои бетонии шафати роҳҳои автомобилгард лабрез шуда, обҳои онҳо ба зери Эстокадаи маҳалли 82 ворид гардида, ба равуои мошинҳо монеъ шуд”.
Ин ниҳод гуфтааст, ки ҳолатҳои баамаломада аз ҷониби Раёсати истифодабарии роҳҳои ҳукумати ноҳияи Сино бартараф карда шуданд.
– Ҳамзамон дар пайи аз об лабрез шудани ҷӯйборҳо дар кӯчаҳои Турсунзода, Шоҳтемур, Назаров, Карамов, Меҳнат, хиёбони Рӯдакӣ, Шевченко ва Раҳимов хабар расид, ки паёмадҳои он бартараф карда шуд, – менависад ин ниҳод.
КҲФ мегӯяд, дар боронҳои шадид ва селҳои парешону жола талафоти ҷониву хисороти дигар ба қайд гирифта нашудааст.
Хисороти боришоти ду рӯзи охир дар Душанбе дар ҳолест, ки дар вилояти Суғд низ бар пайи боришоти бошиддати борони рӯзи якшанбеи 22-уми май даҳҳо километр роҳҳо вайрон шудааст. Инчунин дар ин рӯз дар қаторкӯҳи водии Зарафшон ва ноҳияи Шаҳристон барф борида, ба боғу киштзорҳо зарар расонидааст. Мақомот мегӯяд, ҳоло коммиссияи вижаи бартарафcозии офати табиӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, хисороти расидаро ҳисоб карда истодаанд.
Марги 6 нафар бар асари ҳолатҳои фавқулода дар Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз марги дастикам 6 нафар бар асари ҳодисаҳои гуногуни чанд рӯзи охир хабар медиҳад.
Ба иттилои ин ниҳод, онҳо ду писарбачаи 13 ва 14 – сола, сокинони деҳаи Савдаи ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав мебошанд, ки рӯзи 20-уми майи соли равон дар ноҳияи Шаҳринав дар оби канали Ҳисор ғарқ шуданд.
– Муддати ду рӯзи охир корҳои ҷустуҷӯи ҷасади ноболиғон идома дошт. Рӯзи 22-уми май ҷасади яке аз онҳо пайдо ва ба волидонаш супурда шуд. Ҷустуҷӯи ҷасади ноболиғи дигар идома дорад. Сабаби марги онҳо беназоратии волидон ва риоя нашудани қоидаҳои шиноварӣ унвон шудааст, – иттилоъ медиҳад КҲФ.
Ин ниҳод ҳамчунин, аз садамаи як мошини сабукрави тамғаи “Опел Астра” дар шаҳраки Сарводаи ноҳияи Айнӣ хабар додааст, ки боиси ба ҳалокат расидани ду сокини 18- солаи деҳаи Хушекат ва маҷруҳ гардидани як сокини 24-солаи деҳаи Рарзи ноҳияи Айнӣ гардидааст.
КҲФ гуфтааст, мошин ба дарёи Фон сарозер шуд.
– Ронанда ба зудӣ худро аз мошин берун ҳаво медиҳад ва бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ мешавад. Вале ду мософири он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд, – навиштааст КҲФ.
Ин ниҳод зикр намудааст, ки корҳои ҷустуҷӯии наҷотдиҳандагон бахши КҲФ дар водии Зарафшон дар мавриди дарёфти ҷасади ҳалокшудагон натиҷа надодааст.
КҲФ афзудааст, ки ҳарчанд сабаби садама маълум нест, вале “ба эҳтимоли зиёд баланд будани суръати ҳаракат ва аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда яке аз сабабҳои ин фоҷеа бошад”.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳоги фавқулода сабабҳои ҳалокати як ҷавони 18-солаи сокини деҳаи Шоҳони ноҳияи Деваштич дар рӯди Сирро таҳқиқ менамояд.
Ин ҷавон рӯзи 20-уми майи соли равон дар рӯди Сир ғарқ шуда, ҷасади ӯ тоза пайдо гардидаааст.
Сабаби ғарқи об шудани ин ҷавони 18-сола маълум нест.
– Ғаввосони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот ҷасади марҳумро соати 17:35 дақиқа пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. Ҷараёни ҳодиса аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор таҳқиқ мешавад, – навиштааст КҲФ.
Ин ниҳод ҳамчунин, аз ғарқ шудани як сокини 29-солаи деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим хабар додааст, ки ба хотири наҷоти ҳамсари 25-солааш, ки бар асари муноқишаи оилавӣ худро ба дарёи Панҷ андохта буд, ба ҳалокат расидааст.
– Мард вақте ҳамсари ғарқи обашро мебинад, худро ба оби пурхурӯши рӯд ҳаво медиҳад ва ҳамсари даст ба худкушизадаро наҷот медиҳад, вале худ ба об ғарқ мешавад, – хабар додааст КҲФ.
Ин оилаи ҷавон соҳиби 3 фарзанд буда, сабаби муноқиша маълум нест.
Ба иттилои ин ниҳод, ҷасади марҳумро сокинони деҳаи Вранг аз дарёи Панҷ пайдо кардаву ба хешовандонаш супурданд.
Ҳалокати чанд нафар бар асари ҳаводиси гуногун дар чанд рӯзи охир дар ҳолест, ки дар пайи бориши шадади борон ва жола дар ду рӯзи охир дар вилояти Суғд даҳҳо километр роҳҳо вайрон шуда, дар натиҷаи боридани барф дар қаторкӯҳи водии Зарафшон ва ноҳияи Шаҳристон боғу киштзорҳо зарар дидаанд.
Қурби рубл дар Тоҷикистон ба ҳадди навбатии рекордӣ боло рафт
Болоравии қурби рубли Русия дар Тоҷикистон идома дошта, боз ба нишондиҳандаи рекордӣ расид. Дар ҳамин ҳол, қурби доллари амрикоӣ нисбат ба сомонӣ поин меравад.
Мувофиқи қурби муқаррарнамудаи Бонки милии Тоҷикистон барои имрӯз 23 май, 1000 рубл ба 172 сомонӣ баробар аст ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта он 166 сомонӣ буд. Ба ин тариқ, қурби расмии рубл нисбат ба сомонӣ тайи рӯзҳои истироҳат қариб 4% зиёд шуд.
Ин такрори болоравии рекордии қурби рубл нисбати сомонӣ аз охири моҳи феврали соли равон, пас аз оғози даргириҳои ҳарбӣ байни Русия ва Украина аст. Қурби ба ин наздик 11 апрел – 171,5 барои 1 ҳазор рубл сабт шуда буд.
Ҳамчунин қобили зикр аст, ки қурби доллар ва евро дар лавҳаи Бонки миллӣ ноустувор аст. Барои имрӯз 1 доллар ба 12,10 сомонӣ ва 1 евро ба 12.78 сомонӣ баробар аст. Ҳафтаи гузашта 1 доллар 12,45 сомонӣ ва 1 евро – 13,13 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқаррар шуда, барои баҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохти андоз, инчунин ҳисоббаробарӣ кардани пардохтҳои гумрукӣ ва дигар ҳисобҳо истифода мешавад.
Як шаҳрванди Чинро барои ҳалокати як сокини ноҳияи Айнӣ як сол ҷазо доданду шартан озод карданд
Додгоҳи нохияи Айнии вилояти Суғд, якшаҳрванд Чин, сардори қитъаи техникаи бехатарии ҶДММ “Куҳҳои тиллои Тоҷикистону Хитой”-ро барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии корҳои кӯҳӣ ва ба ҳалокат расидан як корманди коргоҳ як сол ҷазо дода, вале шартан аз адои ҷазо озод кардааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 13 майи 2022 шаҳрванди Чин Гав Ан Фу, бар асоси қисми 2-и моддаи 190 КҶ Чумхурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои ба муҳлати 1 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сукунат таъин карда шуда, аммо бар асоси моддаи 71-и КҶ шартан татбиқ накардани ҷазо ба муҳлати 1 сол муҳлати санҷишӣ мукаррар карда шудааст.
Аз шаҳрванди ҳалокушади Тоҷикистог Ҷамшед Ҳасанови 38-сола ном бурда мешавад, ки сокини деҳаи Марзичи ноҳияи Айнӣ будааст ва дар ин коргоҳ ба сифати нақбкан кор мекардааст.
Ӯ 8 апрел ҳангоми насб намудани қубурҳои обгузару ҳаводиҳанда дар қитъаи зеризаминии №5-и кони Работ (уфуқи 1733) зери ҷинсҳои кӯҳии ғалтида аз шифти нақд монда, аз гармии ҷинсҳои кӯҳӣ дар ҷои ҳодиса сӯхта, ба ҳалокат расидааст.
Мувофиқи хулосаи комиссияи тафтиши ҳодисаи нохуши ҳолати марговари Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон аз 14.04.2022, сардори қитъаи техникаи бехатарии корхонаи “Кӯҳҳои тиллои Тоҷикистону Хитой” Гав Ан Фуро муҷрим дониста мешавад, ки кормандони нақбкан дар нақби ҳарораташ баланд дастури корӣ додааст.
Баъди ин ҳодиса, Додситонии ноҳияи Айнӣ алайҳи Гав Ан Фу, бар асоси моддаи 190 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда буд.