Қирғизистон номи як шаҳрашро дар марз бо Тоҷикистон иваз мекунад
Кумитаи қонунгузории конститутсионии порлумони Қирғизистон рӯзи 16-уми март лоиҳаро дар бораи тағйири номи шаҳри Исфанаи ин кишвар ба Раззоқов қабул кард.
Сардори Оҷонси хидмати давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар Қирғизистон Элчибек Ҷантаев гуфт, ҳадафи лоиҳа абадӣ гардонидани хотираи ходими давлатӣ Исҳоқ Раззоқов аст.
Ӯ пешниҳод кард, ки лоиҳаи қонун ҷонибдорӣ шавад ва вакилон низ аз он пуштибонӣ карданд.
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) дар охири соли 2021 гуфта буд, ки шаҳри Исфанаи ҳаммарз бо Тоҷикистон ба ифтихори котиби аввали ҳизби коммунисти он кишвар Исҳоқ Раззоқов ба шаҳри Раззоқов табдили ном мекунад.
Дар Душанбе метро месозанд, аммо кадом сол ҳоло маълум нест
Интизор меравад, кишвари Куриёи Ҷанубӣ дар Душанбе метро бунёд кунад. Дар ин бора, 14 март ёддошти тафоҳум миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати Роҳи оҳани миллии Куриё ба имзо расид, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол, маълум нест, ки сохтмони метро дар Душанбе кай оғоз мешавад.
Гуфта мешавад, ки ёддошти тафоҳумро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва директори иҷроияи ширкати Роҳи оҳани миллии Корея Ким Ҳангёнг ба имзо расониданд.
Зимни имзои созишнома, Азим Иброҳим гуфтааст, ки баимзорасонии тафоҳумномаи мазкур барои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда, имкон медиҳад, ки ҳамкории дуҷонибаи ниҳодҳоямонро қавӣ намоем.
– Ёддошти тафоҳум имконияти ҷалби ширкати Роҳи оҳани миллии Кореяро барои татбиқи дигар лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи нақлиёт, ки аҳамияти минтақавӣ доранд, васеъ менамояд», — афзудааст Азим Иброҳим.
Сафорати Амрико гуфт, аз набудани интернет дар Бадахшон нигарон аст
Сафорати Амрико дар Душанбе аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки дастрасии пурраи мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба интернет таъмин кунад.
Сокинони шаҳри Хоруғ ва атрофи он аз моҳи ноябри соли 2021 то ин дам аз Интернет маҳруманд. Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон моҳи январи имсол дар бораи сабабҳои набудани интернет дар минтақа посухи рӯшан надоданд.
Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе рӯзи 16-уми март дар эъломияе гуфт, аз маҳдудияти интернет дар ВМКБ “нигарон аст”.
“Ин амал имкони дастрасии сокинони вилоятро ба иттилоот, пеш бурдани тиҷорат ва озодии баён таҳти таъсир қарор додааст. Аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунем, ки ба озодии бунёдӣ эҳтиром бигузорад,” – гуфта шудааст дар эъломия.
Дар ин эъломия, ки ба муносибати Рӯзи озодии иттиллот дар Амрико нашр шуд, ҳамчунин омадааст, “ҳар як инсон ҳуқуқи озодии ақида ва баён дорад. Ин ҳуқуқ шомили озодии доштани ақида, бидуни дахолат, ҷустуҷӯ, дарёфту интишори иттилооту ақида аз тариқи расонаҳо… аст”.
Як духтари мактабхон дар Бохтар баъди “маршировка” даргузаштааст
Шаҳноза Сафарова, як хонандаи мактаби рақами 15 – шаҳри Бохтар, ки ба омодагӣ ба чорабиниҳои наврӯзи имсола ё “маршировка” ҷалб шуда буд, баъди як рӯзи шикоят аз бемории шушу таби баланд дар беморхона даргузаштааст. Дар ин бора Радиои “Озодӣ” хабар медиҳад.
Дирӯз, 15-уми март як манбаи “Азия – Плюс” низ аз марги як хонандаи синиф 10-и мактаб баъди ширкат дар “маршировка” дар шаҳри Бохтар хабар дода буд.
“Озодӣ” аз қавли наздикони Шаҳноза Сафарова навиштааст, ки ӯ мушкили шуш дошт ва рӯзи 14-уми март аз таби баланд шикоят карда, 15-уми март дар бемористон ҷон дод.
– Беаҳамиятӣ кардем. Ҳамон рӯз дар мактаб аҳволаш бад шудааст. Ба бемористон бурдем. Табибон 10-12 соат кӯшиш карданд, вале наҷот дода натавонистанд. Шушҳояш об гирифта будаанд, – гуфтааст Ҳайдаралӣ Сафаров, амаки Шаҳноза Сафарова.
Мансаби нави Ёдгор Файзов: мушовири Бунёди Оқохон барои Осиёи Марказӣ
Ёдгор Файзов, раиси собиқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки моҳи 5-уми ноябри соли гузашта аз мақоми раиси ин вилоят барканор шуда буд, мансаби нав гирифтааст. Бино ба иттилои дарёфтии “Азия-Плюс” Ёдгор Файзов дар Бунёди Оқохон (AKF) мушовир таъин шудааст.
Ба иттилои манбаъи “Азия-Плюс” Ёдгор Файзов, тақрибан ду моҳ пештар мушовири Бунёди Оқохон барои Осиёи Марказӣ таъин шудааст.
“Аз рӯйи вазифа Ёдгор Файзов бояд дар дафтари марказии Бунёд дар Женева бошад, аммо дар ҳоли ҳозир ӯ кору вазифаашро аз Душанбе пеш мебарад”,-гуфт манбаи мо.
Сафири нави Тоҷикистон ба маликаи Бритониё маҷозӣ эътимоднома супурд
Рухшона Эмомалӣ, духтари президент Эмомалӣ Раҳмон, ба ҳайси сафири нави Тоҷикистон дар Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ ба малика Елизаветаи II эътимоднома супурдааст.
Ӯ дар ин маросим бо шавҳараш, Шамсулло Соҳибов, роҳбари ширкати “Фароз”, иштирок кард. Маросим 15-уми март ба таври маҷозӣ баргузор шуд.
Маликаи 95-солаи Бритониё, Елизаветаи II, дар қароргоҳи худ дар Қасри Виндзор буд ва маросимро тавассути видео дид. Вай дар охири моҳи феврали имсол ба коронавирус мубтало шудааст.
Рухшона Эмомалӣ 15-уми декабри соли 2021 сафири Тоҷикистон дар Бритониё таъин шуд. Дар манобеи боз дар мавриди ӯ иттилои маҳдуде дастрас аст.