fbpx

Ёдгор Файзов мушовири Бунёди Оғохон дар Осиёи Марказӣ таъин шуд

Аз ин пеш Ёдгор Файзов вазифаи директори Фонди Оғохон дар Тоҷикистонро дошт.


0
Акс аз сомонаи vecherka.tj

Ёдгор Файзов, раиси пешини Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки 5 ноябри соли гузашта аз мақомаш барканор шуда буд, мушовири Бунёди Оғохон (AKF) дар Осиёи Марказӣ таъин шуд.

Тибқи маълумотҳои дарёфтӣ ӯро ба ин вазифа ду моҳ қабл таъин карда буданд. Аз рӯйи вазифа Ёдгор Файзов бояд дар дафтари марказии Бунёд дар Женева бошад, аммо айни ҳол ӯ кору вазифаашро аз Душанбе пеш бурда истодааст.

Аввалҳои моҳи ноябри соли 2021 Ёдгор Файзов аз мақоми раиси ВМКБ пас аз се соли фаъолият  барканор шуд, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон сару садоҳои зиёдеро ба бор овард.  Файзов бо амалҳои барои ҷомеаи Тоҷикистон ғайримаъмул ва суханрониҳои бепардаву барои мардум ва расонаҳо дастрас буданаш, хеле маъруф шуд. Ӯ дар мусоҳибаҳои зиёде бо расонаҳо  ва ҳузури шахсияш дар даргириҳову гирдиҳамоиҳо ба яке аз мансабдорони мардумгаро ва қобили эътимод табдил ёфт.

Ҳамин тавр ӯбо озод шудан аз вазифаи раиси вилоят  16-уми декабри соли 2021  аз узвият ва муовинати раиси Маҷлиси милл-палатаи болоии порлумони Тоҷикистон ҳам барканор шуд.

Аз ин пеш Ёдгор Файзов вазифаи директори Фонди Оғохон дар Тоҷикистонро дошт. Акнун ӯ бар ин фонд мансаби баландтареро сазовор шудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
8
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend