fbpx

Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон: “Визаи Ҳаҷ ройгон аст”

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-3
-3 points

“Толибон” ба марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон 10 ҳазор сарбоз сафарбар мекунад

Ҳаракати “Толибон” ба минтақаҳои ҳамсарҳад бо Тоҷикистону Ӯзбекистон 10 ҳазор сарбози муҷаҳҳаз бо силоҳ ва техникаи муосирро сафарбар мекунад, изҳор доштааст рӯзи душанбе сардори ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи толибон Қорӣ Фасеҳуддин Фитрат.

“Артиши 10-ҳазор нафараи муҷаҳҳаз бо муосиртарин техникаи низоми НАТО ва ИМА, ки дар минтақаҳои шимол ва шимолу шарқи кишвар мустақар аст, алайҳи ҳама гуна амалиёти ҳарбӣ муқовимат кардаву тадбир меандешад”, – гуфтааст Фитрат дар Твиттер.

“Дар фурсати наздиктарин ҳавопаймоҳо омода шуда, ин неруи пурқувватро дастгирӣ хоҳанд кард”, – илова намудааст намояндаи “Толибон”.

Вилояти Балхи шимоли Афғонистон бо Ӯзбекистон ва вилоятҳои Кундузу Тахор ва Бадахшони шимолу шарқи ин кишвар – бо Тоҷикистон ҳаммарзанд.

Қаблан дабири кулли СПАД Станислав Зас изҳор дошта буд, ки дар қаламрави давлатҳои ҳамсоя ягон хатари ошкори густариши низомии Толибон аз Афғонистон вуҷуд надорад.

“Аз ҷумла дар Тоҷикистон, аммо дар баробари ин, таҳдидҳои дигар аз ин қаламравҳо, аз қабили терроризм ва қочоқи маводи мухаддир рӯзмарра боқӣ мемонад”, – зикр кардааст вай дар конфронси маҳфили муколамавии “Валдай”.

Зас изҳор намудааст, ки дар шароити буҳрони иҷтимоиву иқтисодӣ ва фалокати башардӯстона дар Афғонистон, рӯзмарра будани ин таҳдидҳо меафзояд, зеро дар он ҷо фаъолияти гуруҳҳои ҷиноятпеша, ташкилотҳои террористӣ ва савдои маводи нашъаовар ҳамчун яке аз манбаъҳои зинда мондани одамон тақвият меёбад.

“Албатта, мо инро дар назар дорем ва ният дорем, ки минбаъд низ ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ва таъмини амнияти марзҳои ҷанубии худ таваҷҷуҳи хоса зоҳир кунем”, – илова намудааст Станислав Зас.

“Барқи тоҷик”: Афғонистон пули барқро саривақт пардохт накард

Соли гузашта Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя беш аз 2,4 миллиард киловат соат барқ фурӯхтааст, ки назар ба як соли пеш 911,6 млн. кВт. бештар аст. Аммо ба гуфтаи ширкати “Барқи тоҷик”, ҳаҷми пуле, ки аз ҳисоби фурӯши барқ ба хориҷ ба даст омад, назар ба як соли пеш 20 миллион доллар камтар аст.

Сабаби ин камомад ба гуфтаи мақомоти тоҷик ин аст, ки ширкати “Брешно”-и Афғонистон саривақти пули барқи Тоҷикистонро пардохт накард. Масъулини ин ширкати афғонистонӣ пештар гуфта буданд, дубора ба қудрат расидани Толибон ва мушкил дар кори бонкҳо, дасти онҳоро дар пардохти пули барқи Тоҷикистон кутоҳ кардааст.

Масъулини ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи 14-уми феврал гуфтанд, бахши калони нерӯи барқи Тоҷикистон ё 1,2 миллиард киловат ба Афғонистон содир шудааст. Маблағи барқи содиршуда ба Афғонистон ба гуфтаи мақомоти тоҷик, 635,9 миллион сомонӣ (56,2 млн. доллар) аст.

Вале ба гуфтаи масъулини “Барқи тоҷик” ширкати “Брешно”-и Афғонистон саривақт маблағи барқро пардохт накард. “Сабаби асосии коҳиш ёфтани воридоти маблағи барқи содиротшуда, ин вазъи сиёсии Афғонистон ва вобаста ба ин сари вақт пардохт нашудани маблағи барқи интиқолшуда аз ҷониби ширкати “Брешна”-и Афғонистон мебошад”,-гуфтааст манбаъ.

Муҳаммадумар Асозода, раиси навтаъини ширкат, рӯзи 31-уми январ дар Душанбе гуфт, “Брешно” ин моҳ 2 миллион доллар додааст ва моҳи феврал “масъалаи пурра пардохтани қарзро” баррасӣ мекунанд. Ҷаноби Асозода, қарзи умумии ширкати “Брешно”-ро 33 миллион доллар гуфта буд.

Пештар масъулини ширкати “Брешно” гуфта буданд, бо сабаби мушкил дар кори бонкҳои Афғонистон, ки моҳи август ба миён омад, натавонистанд сари вақт маблағи барқро ба Тоҷикистон пардохт кунанд. Ин ширкати афғонистонӣ пештар ваъда дода буд, ки аз ҳисоби фурӯши амволи мақомдорони ҳукумати пешин, пули барқро ба Тоҷикистон пардохт мекунанд.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои асосии таъминкунандаи барқ ба Афғонистон аст. Баъди ба сари қудрат омадани Толибон дар моҳи августи соли гузашта, интиқоли барқ ба Афғонистон қатъ нашуд, ҳарчанд Душанбе аз мунтақидони ҳокимони нави Афғонистон аст.

Моҳи декабри соли гузашта миёни “Барқи Тоҷик”-и Тоҷикистон ва “Брешно”-и Афғонистон қарордоди содироти барқ дар соли 2022 имзо шуд. Бисёриҳо мақомотро танқид карданд. Аммо Далери Ҷумъа, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, рӯзи 31-уми январ, ҳангоми нишасти матбуотӣ гуфт, интиқоли барқ ба Афғонистон “хусусияти иҷтимоӣ дорад”.

Ин дафъа аҳолии Чоркӯҳ ва Самарқандак. Боз як вохӯрии сокинони Тоҷикистону Қирғизистон дар марз

Сокинони деҳаҳои наздимарзии Исфараи Тоҷикистон ва Самарқандаки Қирғизистон боз дар марз бо ҳам дидору гуфтушунид карданд. Пас аз даргириҳои хунини рӯзи 27-уми январ ин мулоқоти дуюми пирони тоҷику қирғиз аст, ки ахиран пешниҳоди ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, боз кардани роҳи байни Шӯроб ва Самарқандакро барои рафту омади мардум дар миён гузоштаанд.

Дар ин бора раиси ҷамоати Чоркӯҳи Исфара Шукурхон Насриев хабар дод. Вай гуфт, мулоқоти сокинони наздимарзӣ охири ҳафтаи гузашта дар маҳаллаи Фирдавсии ин ҷамоат барпо шуд.

Дар ин мулоқот, ки аз ду ҷониб беш аз 100 нафар ширкат кардаанд пирону ҷавонон, раисони маҳаллаҳои Навобод, Себзор, Фирдавсӣ, Гузари ҷамоати Чоркӯҳ бо ҳамсояҳои қирғизи худ аз деҳаҳои Самарқандак, Паски-Ариқи вилояти Бодканд дидор кардаанд. Дар мулоқот даҳҳо нафар кормандони пулиси ду ҷониб низ иштирок кардаанд.

“Тарафҳо пешниҳод карданд, ки бозии футбол, волейбол ташкил шавад. Аз ҷониби мо пешниҳод шуд, ки роҳи байни Шӯроби Исфара ва Самарқандаки Қирғизистон кушода шавад. Бо ин роҳ мардум рафту омад мекунанд, ҳоло натиҷаи ин пешниҳод маълум нест, ки чӣ мешавад. Эҳтимол боз як вохӯрии дигар ташкил шавад, баъд маълум мешавад. Умед дорем, ки ин мулоқотҳо ягон натиҷаи хуб медиҳад”.

Ҳафтае пеш нахустин мулоқоти пирони наздимарзӣ бо даъвати сокинони ҷониби Қирғизистон ташкил шуд ва даҳҳо нафар аз деҳаҳои Сомониён, Хоҷаи Аълои Исфара ва Оқтатир, Оқсой, Самарқандаки вилояти Бодканд дар наздикии “роҳи 275-метрӣ” бо ҳам суҳбат карданд.

Расонаҳои қирғизӣ низ молоқоти сокинони наздимарзиро аз оғоз пайгириву инъикос мекунад. Хабаргузории 24.kg такя ба иттилои Раёсати корҳои дохилаи вилояти Бодканд аз ҷараёни мулоқоти ахир навиштааст, ки “дар вохӯрӣ пиронсолон ба баргузории чорабиниҳои муштараки варзишӣ ба мувофиқа расиданд”.

Ҳарчанд дар ду мулоқоти пиронсолони наздимарзӣ ба гуфтаи масъулини тоҷик ҳеч қарордод ё санади рамзие имзо нашуд, вале зоҳиран мушоҳида мешаванд, ки мардумро талқин мекунанд ба ҳам дӯст шаванд ва равобити ҳамсоядориро барқарор кунанд.

Сафорати Арабистони Саудӣ: “Визаи  Ҳаҷ ройгон аст”

Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гуфтааст, ки дарёфти визои ҳаҷҷи умра дар Тоҷикистон ройгон аст ва иттилоъ дар бораи 500 доллар арзиш доштани ин виза ҳақиқат надорад.

Ин изҳоротро сафорати Саудӣ рӯзи 11-уми феврал кардааст, ки нусхае аз он дар ихтиёри “Азия-Плюс” қарор гирифт.

Ин изҳороти сафорат бар пайи як матлаби Радиои “Озодӣ” сурат гирифтааст, ки дар ин матлаб корманди яке аз ширкатҳое, ки зоиринро ба умра мебаранд, гуфтааст, ки $500 доллар аз пуле, ки зоирин месупоранд барои гирифтани виза ва боҷи давлатии Саудӣ масраф мешавад.

Дар изҳороти сафорати Саудӣ гуфта мешавад, ки “торномаи радиои “Озодӣ” рӯзи 5-6 феврал… маводеро таҳти унвони “Монополия ва монеаҳои сафари ҳаҷҷи умра дар Тоҷикистон” нашр карданд, ки дар он зикр шудааст, ки  ҳангоми сафари ҳаҷҷи умра  ҳар нафар 500 доллар барои дарёфти раводид  ва боҷи Арабистони Саудӣ пардохт мекунанд”.

– Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати тавзеҳи мавзуъ, изҳор менамояд, ки раводиди Ҳаҷҷи умра аз Сафорат содир мешавад  ва он чи дар хабар омадааст ҳеч асосе надорад. Хусусан роқеъ ба он, ки гӯё Шоҳигарӣ барои додани раводиди ҳаҷ ва умра маблағе меситонида бошад, -омадаат дар ин изҳорот.

Сафорат дар ин изҳорот таъкид мекунад, ки раводиди ҳаҷ ва умра барои ҳоҷиёну зоирини Маккаи мукаррама ройгон аст ва раводиди ҳаҷҷи умраро аз сафорат ширкатҳои мутахассис, ки аз Кумитаи дини Тоҷикистон иҷозатнома доранд, бе ягон пардохт  мегиранд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-3
-3 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend