fbpx

Дар ВМКБ то ҳол шабакаи интернетро барқарор накарданд

Мухтасари хабарҳои рӯз, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Хорӯғ. Акс аз «Номус ва Инсоф»

Дар ВМКБ то ҳол шабакаи интернетро барқарор накарданд

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то ҳол шабакаи интернет дастнорас аст, гарчанде мақомот пас аз тавофуқ дар гуфтушунидҳо, ваъда доданд, ки алоқаро барқарор мекунанд

“Баъди гуфтушунид ба мо ваъда доданд, ки алоқаи интернетро барқарор мекунанд, аммо як рӯз гузашту то ҳол интернет нест. Дирӯз ваъда доданд, ки имрӯз, 30 ноябр то соати 13:00 алоқа барқарор мешавад, аммо ин муддат ҳам гузашта, интернет нест. То ҳол касе чизеро шарҳ надодааст”, – мегӯяд манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, онҳо нигаронанд, ки агар мақомот банди маъмулии қарордодро оид ба барқарор кардани интернет иҷро накунанд, пас шояд бандҳои дигар низ риоя нашаванд.

Сухангӯйи ҳукумати ВМКБ Ғолиб Ниятбеков ҳам соати 15.00 рӯзи 30-юми ноябр таъйид кард, ки то кунун дар вилоят интернет нест.

Дар Хадамоти алоқа вазъро шарҳ надоданд. Муовини аввали роҳбари Хадамот Илҳомҷон Атоев дар гуфтугӯи телефонӣ аз шарҳи ин масъала худдорӣ кард.

Ёдрас мекунем, ки гирдиҳамоиҳо дар Хоруғ 25 ноябр пас аз кушта шудани сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков оғоз гардиданд. Сокинони шаҳр дар куштори ӯ мақомоти ҳифзи тартиботро гунаҳкор дониста, ҷасади ӯро бо талаби тафтиши ҳодисаи марги ӯ ба майдони асосии Хоруғ оварданд.

Рӯзи 29 ноябр пас аз созишнома байни мақомот ва эътирозгарон гирдиҳамоии чоррӯза ба поён расид. Дар гуфтушунидҳо тасмим гирифта шуд, ки комиссияи иборат аз 44 фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис дода шавад, ки онҳо ҷараёни тафтишотро пайгирӣ хоҳанд кард.

Вазорати тандурустӣ аз вуруди навъи нави коронавирус огоҳ мекунад

Мақомоти Тоҷикистон аз ҳоло барои ҷилавгирӣ аз вуруди навъи нави коронавируси “омикрон” ба кишвар чораҳо меандешанд.

Эҳтимоли паҳншавии навъи нави коронавирус дар Тоҷикистон, ки ахиран дар Африқои Ҷанубӣ кашф шудааст, вуҷуд дорад, дар ин бора сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров гуфт.

Ба гуфтаи вай, мақомоти Тоҷикистон аз ҳоло барои ҷилавгирӣ аз вуруди навъи нави коронавируси “омикрон” ба кишвар чораҳо меандешанд.

“Дар сарҳад назорат бурда мешавад. Гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз ҷониби шаҳрвандон, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ дар нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, риояи қатъии масофаи иҷтимоӣ то ду метр ва албатта, эмгузаронӣ низ зарур аст”, – гуфт намояндаи Вазорати тандурустӣ.

Мутахассис ҳамчунин гуфт, тибқи маълумоти ахир, дар як ҳафта мизони кашфи штамми нави омикрон аз 1 дарсад то 30 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ӯ аз сокинон даъват кард, ки дар эмгузаронии зидди коронавирус фаъолона ширкат варзанд.

“Эҳтимол дорад, ки одамон ба ин беморӣ гирифтор шаванд, аммо вақте тан эм бошад, шиддати беморӣ пастар аст”, – афзуд Ҷаъфаров.

Русия дар Тоҷикистон бо маблағи 150 млн доллар мактабҳои русӣ месозад

Миёни Тоҷикистону Русия созишнома дар бораи ташкил намудани мактабҳои русии муштарак дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзодаи Тоҷикистон ба имзо расидааст.

Манбаъ гуфт, имзои созишнома дар доираи сафари кории муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук ба Тоҷикистон, имрӯз, 30 ноябр аз ҷониби вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва муовини якуми вазири маорифи Россия Александр Бугаев ба имзо расид.

Хабаргузории русии ТАСС бо такя ба Алексей Оверчук хабар додааст, ки маблағи ҷудошуда барои бунёди ин мактабҳо $150 млн мебошад.

Ба ғайр аз ин, байни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия дар мавриди ҷалби омӯзгорони рус дар мактабҳои Тоҷикистон созишнома ба имзо расидааст.

Зикр гардид, ки соли панҷум аст вазорати маорифи Тоҷикистон бо вазорати маорифи Русия лоиҳаи «Омӯзгорони рус дар хориҷа»-ро амалӣ намуда истодаанд.

Президент ба Қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022” имзо гузошт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022” имзо гузошт.

Гуфта мешавад, ки дар буҷаи давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ бартарӣ дода шуда, ба ин бахшҳо қариб нисфи маблағ равона шудааст.

“Чунин бартарӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз моҳияти иҷтимоии сиёсати президент сарчашма гирифта, ба ҳифзи ҳамаҷонибаи иҷтимоии халқи кишвар ва беҳдошти зиндагии онҳо равона шудааст”, – омадааст дар хабарнома.

Ҳаҷми буҷаи давлатии кишвар барои соли 2022 – 33 миллиард сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамин тавр, дар буҷаи соли 2022 ҳам хусусияти иҷтимоии он нигоҳ дошта шуда, 14,7 млрд сомонӣ ҷудо шудааст, ки 43,8 дарсад буҷаро дар бар мегирад.

Аз ин ҳисоб барои маблағгузории соҳаи маориф 6,3 млрд, тандурустӣ 2,9 млрд, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 4,3 млрд ва фарҳангу варзиш 1,2 млрд сомонӣ бояд масраф шавад.

8 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия зиндонӣ шуданд

Додгоҳи вилояти Маскав 8 шаҳрванди Тоҷикистонро барои даст доштан дар ҳолатҳои роҳзанӣ ба муҳлати аз 8,5 сол то 16 сол равонаи зиндон кардааст.

Ба иттилои манбаъ, дар мурофиаи додгоҳӣ муайян шудааст, ки шаш узви ин гуруҳи мусаллаҳ ба роҳзанӣ машғул шуда, ба хонаҳои соҳибкорон дар ҳудуди шаҳр ва вилояти Маскав ҳамла мекардаанд.

Таъкид шудааст, ки дар ҳамлаҳо аз силоҳи оташфишон, газӣ ва ҷароҳатрасон истифода кардаанд.

Дар маҷмуъ зарари расондаи ин гуруҳ, ки ашёи гаронарзишу маблағҳоро мерабудаанд, 11,5 миллион рубл арзёбӣ шудааст.

Зикр гардидаст, ки бо назардошти мавқеи айбдоркунандаи давлатӣ, додгоҳ муттаҳамонро гунаҳкор дониста, барои аз 8 солу 6 моҳ то 16 соли зиндон маҳкум намудаст. Таъкид шудааст, ки ин муҳлатро маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳии низомаш сангин паси сар хоҳанд кард. Феълан ин қарор ҳанӯз ҳукми қонунӣ нагирифтааст, илова намуд додситонии Маскав.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend