fbpx

Ягона иштирокчӣ аз Осиё. Oogway comics Тоҷикистонро дар озмуни NASA муаррифӣ мекунад

Аз байни 5000 даста, танҳо 37 даста ба даври ниманиҳоӣ гузаштанд, аз ҷумла Oogway comics аз Тоҷикистон .


0

Гуруҳи комикссозони Oogway аз Тоҷикистон байни 5000 даста аз тамоми қаламрави дунё ба даври ниманиҳоии озмуни бонуфузи NASA Space Apps Challenge 2021 роҳ ёфтанд. Онҳо ягона дастае мебошанд, ки ИДМ-ро дар ин озмун муаррифӣ мекунанд.

Оиди фаъолияти ин гурӯҳ ба Your.tj муассиси он Тимур Шарипов нақл кард.

Гуруҳи комиксии Oogway дар озмуни бонуфузи “Space Apps Challenge 2021”,ки он аз ҷониби NASA ташкилоти бузурги кайҳонӣ дар ИМА гузаронида мешавад, бо лоиҳаи “Миссия Люси” иштирок намуданд ва ба даври ниманиҳоии он роҳхат гирифтанд.

Тимур Шарипов ин дастоварди гуруҳро муваффақияти бузург меҳисобад ва умедвор аст, ки дастааш ғолиби озмун мегардад.

“Мо дар озмуни минтақавии NASA иштирок кардем ва лентаи комиксҳои “Миссия Люси”-ро таҳия намудем. Лоиҳаи мо дар байни дастаҳои дигари ИДМ бо таърихи ҷолиб ва сюжети илҳомбахш фарқ дошт. Онро мо ҳамагӣ дар ду рӯз омода карда будем”‑ бо боварӣ мегӯяд Тимур.

Лоиҳа аз ҳадафи Миссияи Люси NASA, ки рӯзи 16-уми октябри соли 2021 ба кайҳон парвоз кард, нақл мекунад. Ин моҳвора ба мадори сайёраи Муштарӣ парвоз кард, то астероидҳои Трояниро кашф кунад, ки NASA онро “Люси” ном ниҳод.

Натиҷаи озмун 10‑уми декабр эълон хоҳанд шуд, ки 10 даста имконияти ғолибиятро дорад ва Тимур низ умедвора ҳаст, ки дастааш ғолиб меояд.

Қаҳрамони мо аз кӯдакӣ ба эҷод шавқ дошта, тамошои филмҳои тасвирӣ ва комиксҳои хориҷиро дӯст медошт. Ӯ аз он афсӯс мехӯрд, ки дар Тоҷикистон касе комикс эҷод намекунад. Бинобар ин 2 сол қабл тасмим гирифт, то як гурӯҳи нашриявиро ташкил кунад, ки танҳо бо комиксҳо аз мушкилоти одамон қисса кунад.

“Ин камбудро ман аз хурдӣ мушоҳида карда будам. Ба худ мегуфтам, ки мо низ таъриху фарҳанги бой дорем, аммо чаро касе комикс эҷод намекунад.

Аз ин рӯ соли 2019 вақте имконият пайдо шуд ва ман барои ташкили чунин як гурӯҳи комикссозон, барои дарёфти грант дархост додам.

Хушбахтона, аз интихоб гузаштам, иштирокчӣ шудам ва барои татбиқи лоиҳа грант гирифтам. Аз ҳамон вақт инҷониб бо ёрии комиксҳо аз мушкилоти ҷомеа мегӯем” ‑мегуяд ӯ.

Аз таърихи номугзории Oogway comics

Тимур соли 2020 тавонист гуруҳи комиксии худро бо номи Oogway comics ташкил намояд. Таърихчаи чунин номгузорӣ намудани лоиҳаашро ӯ чунин қайд намуд.

“Oogway – аз калимаи чинӣ гирифта шуда, маънояш сангпушт аст. Боре як рафиқам маро “сангпушт” хонд, зеро дар тан либоси сабз ва борхалтае доштам, ки ба зиреҳ монанд буд. Баъдан лоиҳаро чунин номгузорӣ кардам. Аз ранги бунафш истифода намудам, чунки он ба чашм писанд меояд, гардиши рагҳоро беҳтар мегардонад ва инсонро рӯҳбаланд мекунад”- мегӯяд Тимур.

То имрӯз гуруҳи комиксозони Oogway comics 3 лоиҳа ва 6 комикс сохтаааст. Се лоиҳаи мазкур, ки яке аз онҳо қаҳрамонии “Кӯдакони Митан” мебошад, аз се қисмат иборат аст. Он аввалин лоиҳаи ҳаҷвии гуруҳ мебошад, ки аз тарафи Тимур тасвир гардидааст.

Қаҳрамонони он мактаббачагони дорои қувваи фавқулода мебошанд, ки мардуми шаҳрро аз ҷинояткорону қаллобон наҷот медиҳанд.

Лоиҳаи дуввуми онҳо қиссаи ҷодугарии “Спиритус” ном гирифтааст, ки аз ду қисмат иборат аст.

“Хонанда пайдо кардан хеле душвор буд

Дар Тоҷикистон фарҳанги комиксҳо ташаккул наёфтааст ва барои мардум ин гуна асарҳо чизи нав мебошанд. Аз ин рӯ барои эҷодкорон ин яке мушкилоти асосӣ ба ҳисоб мерафт.

Тимур ва дастааш барои муаррифии худ ва ҷалб намудани хонандагон ба эҷодиёташон марҳилаҳои сангинро паси сар намуданд. Онҳо талош доранд, то фарҳанги ҳаҷвро дар қаламрави Тоҷикистон рушд диҳанд.

“Дар аввал хонанда пайдо кардан хеле душвор буд, зеро ин навъи эҷод барои мардум чизи нав буд. Мушкилот дар он буд, ки одамон аз фарҳанги ҳаҷвӣ дур буданд, намедонистанд, ки чӣ гуна муносибат кунанд.

Комиксҳо, сарфи назар аз он ки бештар чопӣ мебошанд ва таблиғи асарҳои чопӣ мушкилиҳои худро дорад. Бинобар ин, аз сабаби барои мардум дастрас ва қулай будани интерент, тасмим гирифтем, то сомонаи худро кушоем ва дар Play Market замимаи мобилии онро роҳандозӣ намоем,- мегӯяд Тимур.

Бо ин васила, онҳо дар муддати хеле кам худро ба мардум муаррифӣ намуда хонандагони ҳамешагии худро пайдо намуданд. Онҳо натанҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ хонандагони худро доранд.

“Барои эҷоди як комикс 2 моҳ вақт лозим аст”

Қаҳрамони мо мегӯяд, барои ҳар як эҷодгари комиксҳо мушоҳидакор будан хеле муҳим аст. Дар баробари ин, истеъдоди зебоиофарӣ барои рангину ҷолиб гардидани асар кӯмак менамояд.

“Ба хотири мустақилона эҷод кардани як комикс вақт ва кӯшиши зиёд лозим аст. Аввалан, ба шумо лозим аст, ки сужаеро таҳия кунед, сипас скрипти онро ранг кунед. Пас аз он, дар робита ба мавзӯи тасвиршуда ҳикоячаи хурдеро бояд эҷод намоем. Баъдан рассом ба кашидани эскизҳо, ва рангкунӣ мепардозад. Пас аз анҷоми кори дизайнерӣ, тарроҳи макет ҳубобҳои матнро илова мекунад, ки баъдан тарҳи ҳосилшударо чоп мекунад ва муқоваашро ҷолибу рангин менамоянд”, – мегӯяд Тимур.

Дастаи Тимур аз 9 нафар иборат аст: Малика Очилова, Бахтовар Неъматов, Наврӯз Мирзораҳимов, Баҳодур Ишонхоҷаев, Шероз Ҷӯраев, Амирхон Исомадинов, Муҳаррам Буранова ва Манижа Саркорбобоева.

Тимур Шарипов мегӯяд, ки барои эҷод, таҳия ва нашри як комикс 2 моҳ вақт лозим аст. Комиксҳое, ки эҷод мекунанд, ба ҳаёти ҷавонон наздиканд ва яке аз роҳҳои бартарафнамоии мушкилоти онҳо мебошанд.

“Мо бештар дар байни ҷавонон мегардем бо ҳайти ҳаррузаи онҳо ошно мешавем, мушкилоти онҳоро дарк мекунем, байни мактаббачагон тадқиқотҳо мегузаронем,вазъияти имрӯзаи ҷавонону наврасонро мушоҳида мекунем,ки барои мо мавзӯъ ва идея медиҳанд.

Мо аз табиати зиндаи мардум илҳом мегирем, ки ин моро боз ҳам бо мухлисонамон наздиктар менамояд ”‑ нақл кард Тимур.

Темур ва дастааш тасмим доранд, то студияи калон ва мағозаи худро боз намоянд. Мехоҳанд нашри комиксҳоро зиёд намуда ба берун аз Тоҷикистон низ дастрас бикунанд.

Тимур хатмкардаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва ҳамчунин Донишгоҳи Кемёни Корея мебошад. Ӯ дизайнер, рассоми комиксҳо, графиксоз ва видеомейкер мебошад.

Ба ҷуз аз фаъолият дар лоиҳаи Oogway, ӯ дар Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ ба ҳайси PR‑менеҷер, дар ширкати Алиф дизайнери графикӣ ва ҳамчунин дар лоиҳаи Zabon.tj фаъолият мекунад.

Шаҳноз Ализода


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend