fbpx

Ҳатто даҳшати ҷанг натавонист ӯро аз хаткашонӣ боздорад. Зиндагии як зани хаткашони тоҷик

Ӯ аз синни 18 солагӣ дар идораи почтаи ноҳияи Рӯдакӣ ба кор оғоз кард ва то имрӯз аз ин даргоҳ пой накандааст.


0

Майрам Шомаҳмадова беш аз 40 сол боз дар Муассисаи алоқаи Почтаи ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳайси хаткашон кор мекунад. Ҳар рӯзи ӯ ба расонидани рӯзномаву мактубҳо ба идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо сипарӣ мешавад. Ҳатто даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ низ натавонист ӯро аз кораш боздорад.  Ӯ ба мо аз зиндагии одии худ ва мушкилоти хаткашонӣ қисса кард.

Майрам Шомаҳмадоваро аз кори хаткашонӣ шавҳару фарзандон ва рӯзҳои даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ натавонист боздорад. Ӯ аз синни 18 солагӣ дар идораи почтаи ноҳияи Рӯдакӣ ба кор оғоз кард ва то имрӯз аз ин даргоҳ пой накандааст.

Орзуи нотамом

Холаи Майрмаро ба ин кор янгаҳояш, ки хаткашон буданд, роҳнамоӣ карданд. Ӯ бисёр мехост, ки пас аз хатми мактаб таҳсилро дар донишгоҳ идома диҳад, аммо аз сабаби норасоиҳои оилавӣ ин орзуяш амалӣ нашуд.

“Орзу доштам, ки баъди хатми мактаб ба донишгоҳ дохил шавам, аммо он вақт на ҳама волидайн барои хондани духтарон иҷозат медоданд. Шароити зиндагиамон ҳам душвор буд. Падарам нафақахӯр буданд ва ҳамагӣ 30 сӯм нафақа мегирифтанд. Аз ин рӯ ба ман иҷозати таҳсил надоданд”, – ёд меорад, холаи Майрам.

Пас аз хатми мактаби миёна ҳаёти қаҳрамони мо бо почтаву хаткашонӣ пайваст шуд.

“Зани ту хаткашон аст…”

Баъди як соли корӣ дар почта холаи Майрамро ба шавҳар медиҳанд. Мутаасифона, шавҳараш дар аввал зидди кори ӯ мебарояд, аммо баъдан иҷозат медиҳад, то холаи Майрам корашро идома диҳад.

“Пас аз хонадоршавӣ шавҳарам нагузошт, ки ман дигар хаткашонӣ кунам. Зеро намехост хешону ҳамсояҳо бигӯянд, ки зани ту хаткашон аст.

Вале ин ҳама ба зудӣ гузашт, фикр мекунам ин ақидаҳои содалавҳона аз ҷавониашон буд ва хушбахтона, ки гузашт. Бо мурури вақт, он кас фаҳмиданд, ки бо ин касб ман танҳо ба мардум хизмат мерасонам ва дигар барои фаъолиятам монеа эҷод накарданд”, – ба хотир меорад, қаҳрамони мо.

Холаи Майрам ба донишгоҳ дохил шуда натавониста бошад ҳам, баъди чанд соли оиладориаш ба Омӯзишгоҳи педагогии ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) ҳуҷҷат супорида, аз рӯи ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ дар шуъбаи ғоибона таҳсил намуд. Ӯ ҳам кор мекарду, ҳам таҳсил ва ҳам фарзандонро ба воя мерасонд. Соли донишҷӯ шуданаш ӯ алакай соҳиби чор фарзанд буд.

“Аз тиру туфанг ҳам наметарсидам”

Майрам Шомаҳмадова метавонем бигӯем, ки тамоми умри худро ба ин касб бахшидааст. Ҳатто дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ низ боре фикри аз кори худ даст кашиданро накардааст. Аз даҳшати ҷанг ва тиру туфанг мардум аз хонаҳояшон берун намешуданд. Вале қаҳрамони мо ҳар субҳ сӯйи коргоҳ мешитофт, то мактубу нафақаҳои мардумро сари вақт расонад.

Дар он солҳои бесарусомонӣ рӯзе холаи Майрам ҳангоми хаткашонӣ зери тирборон монд ва наздик буд, ки захмин шавад ё ба ҳалокат бирасад.

“Дар давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ, рӯзе ҳангоми тақсим кардани нафақаи пиронсолон ногаҳон дар кӯча аз ду тараф тирборон шуд. Он вақтҳо мо нафақаи ҳар нафарро ба хонааш бурда медодем. Ман дар миёни кӯча ба куҷо рафтанамро намедонистам.

Оҳиста ба як тарафи кӯча омада, дар кунҷаке нишастам ва баъд аз ором шудани тирпарронӣ боз ба корамро идома додам.

Баъд аз шунидани ин ҳодиса роҳбарамон маро хеле сарзаниш карда буд, ки бояд ҳамаро партофта ба хона мегурехтам. Аммо ман натавонистам, чун мардум интизори нафақа буданд, оилаҳое буданд, ки нони хӯрдан надоштанд ва омадани маро интизор буданд”, – нақл мекунад, қаҳрамони мо.

Сахтарин рӯзҳои умр

Дар ҳамон рӯзҳои даҳшатбор ҳатто бародари холаи Майрам аз тири ногаҳони шаҳид шуд. Ӯро мебоист дар хона азодорӣ кунад, вале пас аз се рӯз ӯ дар даромадгоҳи почта рост буд.

“Ҳамсояҳо мегуфтанд, ки барои бародарам азодорӣ намекунам. Аммо онҳо намефаҳмиданд, ки ман барои каме аз ғами бародарам дур шудан ба кор баромадаам. Намехостам бовар кунам, ки бародари ба ҷон баробарам дигар нест. Он рӯзҳо сахтарин рӯзҳои умрам буданд”- бо андӯҳ нақл мекунад, холаи Майрам.

Инак 40 сол мешавад, ки қаҳрамони мо хатакашонӣ мекунад. Бо вуҷуди он, ки фарзандонаш калон шудаанду доим аз ӯ хоҳиш мекунанд, ки дигар кор накунад, холаи Майрам, наметавонад. Ӯ мегӯяд, ки то вақте қувваташ мерасад кор мекунад.

Ҳама фарзандон соҳибмаълумот

Чун холаи Майрам натавонист маълумоти олӣ бигирад, бо шавҳараш, ки савдогар аст, кушиш карданд, ки ҳама фарзандонашонро соҳибмаълумот кунанд.

“Шукр мекунам, ки ҳамаи фарзандонам соҳиби маълумот ҳастанд. Танҳо духтарчаи хурдиам дар мактаб мехонад, ки умед дорам ӯ низ дар оянда таҳсилашро дар донишгоҳ давом медиҳад. Ман дар донишгоҳ таҳсил карда натавонистам, бигзор онҳо хонанд ва ояндаи худро созанд”, – мегӯяд, холаи Майрам.

Аҳли хонавода ва фарзандони холаи Майрам аз модари худ ифтихор мекунанд ва пайваста мекӯшанд ба кори ӯ кумакрасон бошанд. Ҳангоми беморӣ ё хастаҳолии модар мактуб ва рӯзномаҳоро ба ҷойҳои зарӯрӣ бурда мерасонанд.

“Фарзандонам ҳамеша ба кори ман ёрӣ мерасонанд. Баъзан бегоҳиҳо хастагии маро дида, писарам мактубҳоро бо дучарха бурда ба ҷойҳои лозимӣ мерасонад. Агар мабодо бемор шавам, фарзандонам мегӯянд, ки оча хезед, ба шумо беморӣ намезебад. Хезед газетаҳоро тақсим кунед. Ман бошам аз ин нерӯ мегирам. Гарчанде ки онҳо мехоҳанд ман корро бас кунам, лекин маро бе ҷувздони пур аз рӯзномаву мактуб тасаввур карда наметавонанд”,- мегӯяд, Майрам Шомаҳмадова.

Холаи Майрам афсӯс мехӯрад, ки дигар одамон ба якдигар нома наменависанд, солҳои пеш чӣ тавре ӯ нақл мекунад, на телефони мобилӣ буду на интерент мардум ба воситаи нома бо ҳам муошират мекарданд ва ӯ даста даста номаҳоро ба соҳибонашон мерасонид.

Ҷовидон Раҳмоналиев


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
4
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend