Муин Самадӣ табиби 39-солаест, ки 28 сол пеш бо аҳли оилааш аз Афғонистон ба Тоҷикистон гуреза шудааст. Ӯ дар ҳамин ҷо мактабро хатм карда, дар Донишгоҳи Тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино соҳиби маълумоти олӣ гаштааст. Муин ҳоло дар яке аз клиникаҳои хусусии пойтахт ба ҳайси уролог фаъолият мекунад.
Дар суҳбат бо Your.tj ӯ дар бораи мушкилиҳое, ки муҳоҷирони Афғонистон дар Тоҷикистон рӯ ба рӯ мешаванд, зиндагӣ ва фаъолияти онҳо нақл кард.
Гурез аз ноамниҳо ва истиқболи гарми мардуми Тоҷикистон
Муин дар вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба дунё омад. Ҷангу ноамнӣ ва таҳдиди гурӯҳҳои силоҳбадаст сабаб шуд, ки қаҳрамони мо соли 1995 бо аҳли оила ватанашро тарк карда, ҳамчун гуреза ба Тоҷикистон ояд.
Дар Тоҷикистон муносибати инсондӯстона ва ғамхоронаи мардум новобаста ба вазъияти он замон ноамни кишвар ба гурезагон умед мебахшид, ба хотир овард Муин.
“Мардуми Тоҷикистон пеш аз ҳама ҳаммиллату, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги мо мебошанд. Аз замони нахустин бор ба ин кишвар омадан муносибати гарми марудамро эҳсос кардам”,- гуфт ӯ.
Муин он замон ҳамагӣ 11 сол дошт ва қабл аз ба Тоҷикистон гуреза шудан аҳли оилаи ӯ аз як вилоят ба дигар вилояти Афғонистон мисли ҳазорон нафар овора буданд. Ин буд, ки кӯдакон аз дарсу таълими мактаб дур монда буданд.
Ёде аз замони мактабхонӣ дар Тоҷикистон
Қаҳрамони мо ба яке аз мактабҳои пойтахт дохил шуда, ба таҳсилаш идома дод. Ӯ мегӯяд, омӯхтани алифбои кириллиасоси тоҷикӣ дар аввал барояш мушкил буд. Вале онро дар муддати кӯтоҳ азхуд кард.
Ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ гоҳ бо ҳамсолони тоҷикистониаш нофаҳмие рух надодааст ва худро байни онҳо бегона ҳис намекард.
“Аз замони мактабхонӣ хотираҳои зиёд дорам. Ёд дорам, ки ҳангоми хатми мактаб ба даст овардани номаи камолро ҷашн гирифта будем. Он рӯз то шаб бо ҳамсинфон якҷо будем ва ба тамошои шаҳри Душанбе қадамзанон баромадем. Суҳбатҳои гарму шӯхиву бозиҳо доштем ва ҳеҷ намехостем хайрухуш кунем”,- ёд овард қаҳрамони мо.
Муин Самадӣ аз хурдӣ мехост дар оянда дипломат шавад. Барои ҳамин ба омӯхтани забонҳои дигар ҷиддӣ машғул мешуд. Ӯ забонҳои англисӣ ва русиро азхуд кард.
Таҳсил дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон
Вале баъд аз хатми мактаби миёна бо пешниҳоди як дӯсти падараш ва маслиҳати падар Муинро ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино месупорад.
“Ман тамоман ба ин омода набудам. Интихобам касби духтурӣ набуд ва медонистам, ки барои дохил шудан ба Донишгоҳи тиббӣ бояд аз даврони мактаб омодагӣ гирифт, ки ман онро надоштам. Дӯсти падарам гуфт: -“Тиб чӣ мушкилӣ дорад – аз нохуни пой то мӯйи сарро омӯхтан?”.
Вале ман ҳоло дарк мекунам, ки бо ин қадар пешравии технологияҳои тиббӣ, то ҳанӯз ҳатто сабаби сафед шудани мӯйи сарро маълум карда натавонистаанд. Бо вуҷуди ин қадар таҳсилу таҷриба, фикр мекунам ҳанӯз аз тиб чизе наомӯхтаем”,- афзуд Муин Самадӣ.
Қаҳрамони мо соли 2004 ба таври шартномавӣ ба факултети кори табобатии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, онро соли 2010 хатм намуд. Аз соли 2010 то 2012 дар МҶК “Урология” аз рӯи тахассус таҳсил намуда, соҳиби дараҷаи духтури бемориҳои гурда – уролог гардидааст.
Таҳсил дар макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қаҳрамони мо писанд омад. Ӯ мехоҳад дигар ҷавонони афғонистонӣ низ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсили илм намоянд.
“Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро барои бисёр дӯстонам тавсия дода будам. Мехоҳам ҳамватанонам омада, дар ин ҷо таҳсил намоянд. Аммо ҳоло ки равобити байни кишварҳоямон ба куллӣ қатъ гардидааст, мутаассифона шаҳрвандони Афғонистонро қабул намекунанд”,- афзуд қаҳрамони мо.
Аз орзуи сарпаноҳи шахсӣ то мушкилоти асосии гурезагон дар Тоҷикистон
Муин соли 2013 бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон издивоҷ карда, соҳиби се фарзанд шуд. Ҳоло бо волидон ва зану фарзандонаш зиндагӣ мекунад. Вале то ҳанӯз натавонистааст соҳиби сарпаноҳ шавад.
“Соҳиби хонаи шахсӣ нестам. Ягона кӯшишу талошам ҳамин аст, ки бо пули ҳалол ба фарзандонам як сарпаноҳ омода кунам, то дар оянда мушкилӣ накашанд”,- гуфт қаҳрамони мо.
Муин аз мушкилоти асосии гурезагон нақл кард, ки ба гуфти ӯ яке аз асоситаринаш сари ҳар чанд вақт иваз кардани манзили иҷора мебошад.
“Муҳоҷирин мушкилии зиёд доранд, ба хусус дар кишварҳое, ки сатҳи иқтисодии заиф доранд. Аз муҳимтарин мушкилии мо бесарнавиштӣ аст, ки яъне надоштани шаҳрвандии Тоҷикистон. Ба ин сабаб ман наметавонам ба дигар кишварҳо барои таҷрибаомӯзӣ ва ё ҷустуҷӯи шароити беҳтари корӣ сафар кунам. Ба ин сабаб ман аз баъзе навовариҳои соҳаи тибби муосиру технологияи ҳозиразамон бехабар мемонам”,- шарҳ дод табиб.
Гурезагонро дар муассисаҳои давлатӣ ба кор қабул намекунанд?
Ҳатто гуреза будани Муин барои кор дар беморхонаҳои давлатӣ монеаҳо эҷод карда буд. Ӯ маҷбур шуд муддате аз касбияти худ дур, дар як ширкати дорусозӣ кор кунад. Баъдан роҳ пеш гирифт ба сӯйи беморхонаҳои хусусӣ.
“Ба беморхонаи Қарияи боло – МҶК “Урология” ва Ёрии таъҷилӣ барои кор муроҷиат кардам. Аз сабаби хориҷӣ (гуреза) буданам, маро ба кор қабул накарданд. Тақрибан як сол берун аз самти фаъолиятам, дар як ширкати формасевтӣ кор кардам. Сипас дар клиникаи шахсии Маркази тиббии “Клиникаи Нусратуллоев” корро шуруъ кардам. Дар баробари ин дар як клиникаи ҳиндуҳо бо номи “Веданта” ба муддати се сол баъди нисфирӯзиҳо кор кардам”,- нақл кард Муин.
Қаҳрамони мо ҳанӯз ҳам дар Маркази тиббии “Клиникаи Нусратуллоев” дар шаҳри Душанбе ба ҳайси уролог ва мутахассиси ултрасадо фаъолият дорад.
Ӯ бо табобати амрози узвҳои гурдаҳо, ҳолибҳо, масона, ғадуди простата ва узвҳои ҷинси мардона машғул аст.
“Ин касб ба ман обрӯ, иззат ва хушбахтӣ мебахшад. Махсусан, вақте сабаби муолиҷаи беморон мегардӣ, худро хушбахт эҳсос мекунӣ. Мақсади асосии касбомӯзӣ хизмат ба халқ бо нияти пок бояд бошад. Раҳонидани бемор аз дарду ранҷ ин беҳтарин хизмат аст. Ин ҷавҳари хос бояд дар вуҷуд ҳар як табиб бошад”,- таъкид кард қаҳрамони мо.
Хоҳиши Муин Самадӣ
Ба гуфта ӯ, дар назди духтур миллату нажод, забон, фарҳанг, тамаддун, синну сол, вазъи иҷтимоии бемор ва дигару дигар омилҳо аҳамият надоранд.
Ин аст, ки қаҳрамони мо ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон пешниҳод дорад, то ба мутахассонини ботаҷрибае, ки дар солҳои охир аз Афғонистон гуреза шудаанд, иҷозаи фаъолият дар муассисаҳои тиббӣ бидиҳад.
“Аз Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш дорам, ки мутахассисонро дастгирӣ кунанд. Ман мехоҳам дар конгрессҳо ва конфронсҳои илмӣ иштирок кунам. Аммо аз сабаби вазъи иқтисодию молӣ ва судур накардани визаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда наметавонам. Ҳамчунин, бисёр мехостам, мутахассони ботаҷрибае, ки дар солҳои охир аз Афғонистон гуреза шудаанд, иҷозати фаъолият бигиранд. Мутаасифона онҳо бекоранд”,- иброз дошт Муин.
“Замоне мехоҳам ба Ватан баргардам, аммо…”
Ӯ орзу дорад замоне ватанаш – Афғонистонро тинҷу осуда дарёбад ва ба зиндагии осоиштаи он баргардад.
“Аммо рӯз ба рӯз аз сулҳу нишот дар Ватан ноумед мешавем. Ҳолати имрӯзаи Афғонистон ба ҳама аён аст. Ман Тоҷикистонро ватани дуюми худ меҳисобам. Дар ин ҷо ҳамсару фарзандон ва ёру дӯстони ман ҳастанд. Шукр, ки ақаллан фарзандонам шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд”,- афзуд табиб.
Барои шаҳрвандии Тоҷикистонро гирифтан чанд сол лозим?
Аксари гурезагони Афғонистон, ки ба Тоҷикистон ворид мешаванд, кӯшиш мекунанд худро ба кишвари сеюм бирасонанд. Онҳо асосан ба кишварҳои аврупоӣ ва Амрико мераванд.
Муин мегӯяд, сабаби асосӣ мушкилии бекорӣ ва дарёфт накардани шаҳрвандӣ.
“Муҳоҷирони Афғонистон чанд соле дар Тоҷикистон зиндагӣ кунанд ҳам, наметавонанд шаҳрвандии онро ба даст оранд. Масалан, ман 28 сол аст, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунам. Дар ин ҷо калон шудам, таҳсил кардам ва соҳиб зану фарзанд ҳастам, вале то ҳол наметавонам шаҳрвандиро ба даст орам”,- шарҳ дод Муин Самадӣ.
Ӯ умед дорад, замоне ба ин орзуяш низ мерасад. Нақшаи бузурге, ки дар пеши худ мақсад гузоштааст, амалӣ мешавад. Муин мехоҳад дар Тоҷикистон клиникаи урологӣ боз намояд, ки ба ниёзмандон ройгон хизмат расонад.
“Мехоҳам як маркази тиббии муҷаҳҳаз бо фарогирии тамоми бахшҳои соҳаи урология таъсис диҳам. Дар он аз одитарин протседураҳо то трансплантатсия гурда гузаронида тавонем. Мехоҳам ин марказ барои ниёзмандон комилан ройгон бошад”,- гуфт дар охир аз орзуҳои худ Муин Самадӣ.