11 ҳазор нафар баъди гузаштан аз имтиҳони дохилшавӣ ба донишгоҳ нарафтаанд. Чаро?

Мухтасари хабарҳои рӯз.


Донишҷӯёни тоҷик

Бастани ақди никоҳи қалбакӣ дар Русия сабаби афзоиши пошхӯрии оилаҳо дар Тоҷикистон шудааст

Дар Тоҷикистон давоми соли гузашта 13 ҳазор ҳолати бекор шудани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки 162 ҳолат зиёдтар нисбат ба соли 2021 аст.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, Ҳилолбӣ Қурбонзода дар нишасти мутбуотӣ гуфт, сабабҳои ҷудошавии оилаҳо гуногунанд, аз ҷумла мушкилоти маишиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, нофаҳмиву ихтилофҳо дар оила ва дигар сабабҳо.

“Сабаби дигари азҳампошии оилаҳо нияти шаҳрвандии Русияро гирифтани шавҳарон мебошад. Яъне мардон расман ақди никоҳи худро бо занҳояшон бекор мекунанд, то ки дар Русия ақди никоҳи қалбакӣ банданд.

Дар ҳамин ҳол, зиндагиашонро бо ҳамсарашон дар Тоҷикистон тибқи никоҳи мусулмонӣ идома медиҳанд, – шарҳ дод раиси Кумита. – Ин никоҳҳои қалбакӣ омори расман бекоршавии ақди никоҳҳоро зиёд мекунанд”.

Ҳилолбӣ Қурбонзода, аз ҷумла хабар дод, ки Кумита дар ин бора аз вилояти Хатлон, водии Рашт ва ВМКБ маълумоти дахлдор ҷамъоварӣ кардааст.

“Тавре ки маълум шуд, соли гузашта дар вилояти Хатлон бо мақсади гирифтани шаҳрвандии Русия 804 оила, дар Рашт – 103 ҷуфт ва ноҳияи Ванҷ – 31 ҷуфт ақди никоҳашонро бекор кардаанд”, – изҳор дошт роҳбари Кумита.

ВКД Русия тасмим гирифтааст, ки ду роҳи аслии қонунӣ кардани мақоми муҳоҷиронро дар кишвар тавассути қонугузории федералӣ рафъ кунад.

11 ҳазор нафар баъди гузаштан аз имтиҳони дохилшавӣ ба донишгоҳ нарафтаанд. Чаро?

Соли гузашта ба донишгоҳҳои Тоҷикистон тақрибан 60 ҳазор кас дохил шудаанд. Зиёда аз 11 ҳазор нафари онҳо ба дарс ҳозир нашудаанд.

Акс: Your.tj

Маркази миллии тестӣ напардохтани пули шартномаро сабаб овард. Ба ақидаи дигар қонуни хидмат дар артишро ин ҳолро ба миён овардааст.

Муовини мудири Маркази миллии тестӣ 6 – уми феврал гуфт, ба масъулони донишгоҳу донишкадаҳо дастур шудааст, ки ҳаққи таҳсилро кам кунанд ё аз меъёри ҳозирааш боло набаранд.

Ба гуфтаи Абдулвосит Шодиниё, як пурсиши онҳо чунин натиҷа дод: “53,6 дарсад ҷавоби манфӣ доданд. 39,9 дарсад ҷавоби мусбат. Барои қисме аз довталабон имкони пардохти маблағ сабаб шудааст. Қисме аз онҳо новобаста аз доштани чунин имкон ба муассисаҳои таълимӣ ҳозир нашудаанд”.

Дар ҳоли ҳозир маблағи таҳсил дар коллеҷу донишкада ва донишгоҳҳои Тоҷикистон, вобаста ба факулта ва ихтисос, аз 2500 сомонӣ то бештар аз 16 ҳазор сомонист. Дар ҳоле ки ҳадди ақалли маош беш аз 600 сомонӣ аст ва аксар аҳолӣ аз камбуди ҷойи кор азият мекашанд.

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар гузашта чанд дафъа аз афзоиши нархи таҳсил дар донишгоҳҳо хабар дод. Намояндагонаш далели боло бурдани маблағи шартномаро ба “дархости масъулони мактабҳои олӣ ва афзоиши нархи маҳсулоту сатҳи таваррум” пайванд додаанд. Донишҷӯёну волидонашон ҳамвора нигаронанд.

Як манбаи Радиои Озодӣ гуфтааст, “ҳар сол маблағи шартнома 200 – 400 сомонӣ зиёд мешавад. Дар “Роҳнамои донишҷӯ” шартномаи соли гузаштаро нишон медиҳем. Донишҷӯ моҳи июл меравад ва мебинад, ки маблағи шартнома нав ва зиёд шудааст, аз ин рӯ, баъзеҳо даст мекашанд”.

Дар умум дар се соли охир нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии Тоҷикистон иҷро намешавад. Таваҷҷуҳ ба маконҳои як замон “серхаридор” кам шудааст.

Намояндагони баъзе аз созмонҳои иҷтимоӣ равандро ба қабул ва иҷрои қонуни нав дар бораи хидмат дар артиш рабт медиҳанд.

Барканории сардухтури таваллудхонаи вилоятии Суғд чӣ сабаб дошт? Шарҳи вазири тандурустӣ

Барканории сардухтури таваллудхонаи вилояти Суғд Нурӣ Дадобоева ба марги шашгоник иртибот надорад. Ӯ ба нафақа баромадааст. Дар ин бора Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 10 феврал дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Вазир ҳамчунин қайд кард, ки се корманди тиб, ки дар таваллуди шашгоник ширкат доштанд, барои “хатоҳои техникӣ” муҷозот шуданд. Аммо вазир шарҳ надод, ки барои кадоме аз онҳо.

Дар робита ба он ки бад будани хидматрасонӣ дар таваллудхона сабаби марги шашгоник шуд, вазири тандурустӣ қайд кард, ки

«Агар хизматрасонӣ бад мебуд, ин тифлон дар як соат мемурданд. Дар таваллудхона кувез (инкубатор) мавҷуд буд ва тифлон бо ҳарорату гармӣ таъмин буданд”.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз сабабҳои марги кӯдакони навзод рушди нокомили узвҳои онҳост.

Шашгоник – ду писар ва 4 духтар рӯзи 11 январ дар шаҳри Хуҷанд дар таваллудхонаи вилоятии Суғд ба дунё омаданд. Пас аз таваллуд вазъи саломатии онҳо муътадил арзёбӣ шуд.

Бо вуҷуди ин, онҳо баъди як рӯз мурданд. Табибон сабаби марги кӯдаконро ба камвазнии онҳо нисбат доданд, ки аз 550 то 700 граммро ташкил медод. Давраи ҳомиладории мода 26 ҳафта (6 моҳ) давом ёфта буд.

Дар Тоҷикистон бори аввал тавлиди шашгоник ба қайд гирифта шуд. Қаблан дар кишвар таваллуди сегоникҳо, чоргоникҳо ва панҷгоникҳо ба қайд гирифта буданд.

Наҷотдиҳандагони КҲФ Тоҷикистон дар Туркия ба корҳои ҷустуҷӯйӣ – наҷотдиҳӣ оғоз карданд

Субҳи барвақт наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ дар шаҳри Қаҳрамонмараши Туркия шурӯъ карданд.

Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

“Дар ҳоли ҳозир 40 наҷотдиҳанда ба таҳқиқ ва бартараф кардани харобаҳои биноҳои тахрибшуда машғуланд. Наҷотдиҳандагони мо дар шароити фоҷеабор, ки ҳар дақиқа гаронбаҳост, бо самаранокии ҳадди аксар кор мекунанд. Наҷотдиҳандагон аз таҷҳизоти вижаи фаннӣ, ки барои ҷустуҷӯи афроди зери харобаҳо монда лозим аст, истифода мебаранд”, — хабар доданд аз КҲФ.

Ба иттилои манбаъ, шаби 9 ба 10 феврал дар шаҳри Ғозиантеп сардори гурӯҳи наҷотдиҳии КҲФ генерал-майор Сулаймон Исозод бо Юсуф Айсу, сардори Ситоди бартарафсозии оқибатҳои фавқулодаи ин шаҳр мулоқот кард.

“Дар вохӯрӣ ҷониби Туркия барои расонидани кӯмак изҳори сипос кард. Дар рафти вохӯрӣ макони кори наҷотдиҳандагони мо – вилояти Қаҳрамонмараш муайян карда шуд”, – гуфтанд аз Кумитаи мазкур.

Теъдоди умумии қурбониёни заминларзаи шадид дар Туркия ва Сурия аз 21 ҳазор нафар гузашт.