logo Your.tj

Новости

Истории

Подкасты

Афиша

Бизнес

Зани тоҷик ва 6 кӯдакашро ба Тоҷикистон баргардонданд

Бо дастгирии соҳибкорон ба ин зан ва 6 фарзанди ноболиғаш билети ҳавопаймо харидорӣ карда шуда, онҳо аз Русия баргардонида шуданд.

Your tj

19:0410.04.2025

Як модари танҳоро бо шаш фарзанди ноболиғаш аз шаҳри Нижний Новгороди Русия ба Тоҷикистон баргардонидаанд. Дар ин бора намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар дод.

Гуфта мешавад, намояндагӣ ва Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон “Умед” дар ин кор бо расонидани кӯмаки моддӣ ва ҳуқуқӣ саҳм гузоштаанд.

Намояндагӣ ҳуҷҷатҳои модар ва фарзандонашро омода намуда, барои баргардонидани онҳо ба Тоҷикистон муосидат намудааст.

Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон “Умед” бошад, барои зисти муваққатии модар ва фарзандони ноболиғи ӯ шароит фароҳам оварда, онҳоро се моҳ нигоҳубин кардааст.

Бо дастгирии соҳибкорон ба ин зан ва 6 фарзанди ноболиғаш билети ҳавопаймо харидорӣ карда шуда, онҳо ба Тоҷикистон парвоз карданд.

Дар ҳамин ҳол, намояндагӣ шарҳ надодааст, ки ин зан бо шаш фарзандаш кай ба Русия рафтааст ва чӣ гуна бе сарпаноҳ мондааст.

Комментарии (0)

Читайте также

«Это не маркетинговый ход»: зачем владелец BreadCoffee в Душанбе сделал свое кафе pet-friendly

3 дня назад

«Девочки, газуем!»: как Марина из Душанбе учит женщин не бояться руля

3 дня назад

Alif Tech представил Bino - единую систему для застройщиков и управляющих компаний

4 дня назад

От хакатона NASA до собственной компании в США. Как парень из Худжанда строит карьеру разработчика в Нью-Йорке

5 дня назад

Как вернуть городу прохладу: европейский опыт и решения для Центральной Азии

7 дня назад