Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 17:0410.04.2025
Як модари танҳоро бо шаш фарзанди ноболиғаш аз шаҳри Нижний Новгороди Русия ба Тоҷикистон баргардонидаанд. Дар ин бора намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар дод.
Гуфта мешавад, намояндагӣ ва Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон “Умед” дар ин кор бо расонидани кӯмаки моддӣ ва ҳуқуқӣ саҳм гузоштаанд.
Намояндагӣ ҳуҷҷатҳои модар ва фарзандонашро омода намуда, барои баргардонидани онҳо ба Тоҷикистон муосидат намудааст.
Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон “Умед” бошад, барои зисти муваққатии модар ва фарзандони ноболиғи ӯ шароит фароҳам оварда, онҳоро се моҳ нигоҳубин кардааст.
Бо дастгирии соҳибкорон ба ин зан ва 6 фарзанди ноболиғаш билети ҳавопаймо харидорӣ карда шуда, онҳо ба Тоҷикистон парвоз карданд.
Дар ҳамин ҳол, намояндагӣ шарҳ надодааст, ки ин зан бо шаш фарзандаш кай ба Русия рафтааст ва чӣ гуна бе сарпаноҳ мондааст.
Читайте также
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
2 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
6 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
9 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
9 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
10 дня назад